Бояд ғами рӯду чашмасоронро хӯрд

Инсоният бо вуҷуди дастовардҳои бузурги илму техника, боз ҳам ба неруи табиат, ба лутфу эҳсони Модар–Замин ниёзманд аст. Ҷойи таассуф аст, ки як гурӯҳ одамон ҳамин ниёзи рӯҳонӣ ва ҷисмониро надида гирифтанд…

Ҳамаи одамони соҳибкамол медонанд, ки бе об зиндагонӣ нест. Ва сарчашмаи ҳама гуна шодобию сафо ва таровату покӣ об аст.

Азбаски захираи оби софу ширин ҳамагӣ аз даҳ се ҳиссаи тамоми обҳои кураи заминро ташкил медиҳад, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ояндаи хештан биандешад. Ҷойи ифтихор ва қаноатмандӣ аст, ки дар роҳи тарғиби сарфакорона истифода бурдани об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосӣ аст.

Ҳанӯз соли 2003 СММ пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта буд ва соли 2003-юм дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Соли оби тоза” эълон гашт. Ин ташаббуси нек ва судманд то имрӯз идома дорад. Алҳол мо дар марҳилаи сеюми ин амалиёти байналмилалӣ қарор дорем. Амалиёти умумиҷаҳонии “Об- барои рушди устувор” бомаром идома дорад.

Хонандагони азиз, вақте, ки ҳар як инсони солимақл аз арзиш ва қадру қимати об меандешад, бояд ҳифзи сарчашмаҳои ин обро фаромӯш накунад. Ва роҳи наҷоти башарият ҳам дар раҳоӣ ёфтан аз буҳрони норасоии оби нӯшокӣ эҳтиёт кардани сарчашмаҳо аст. Ҳамагон хуб медонанд, ки яке аз он сарчашмаҳои оби софу ширин пирях аст. Мутаассифона, бо таъсири дудҳои ғализи корхонаҳои калони саноатӣ ва газҳои гуногун, инчунин, гармшавии иқлим пиряхҳои солхӯрдаи бузург ба обшавӣ сар кардаанд. Ин ҳолати ногувор ҳар як инсони соҳибқиёс ва дурандешро ба андеша водор мекунад.

Бояд пеши роҳи ин ҳолати ногувор ва таҳлукаангезу марговар гирифта шавад. Дар ин масъалаи муҳим ҳам Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ҷолиб ва саривақтие карданд. Моҳи марти соли 2021 он кас дар Маҷлиси пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷомеаи ҷаҳониро аз босуръат обшавии пиряхҳо огоҳ карда, дар ин боб андешидани чораҳои саривақтиро зарур донистанд. Ин пешниҳоди судманро Маҷлиси умумии СММ 14- декабри соли 2022 якдилона пазируфта, соли 2025- ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард.

Масъалаи пешгирӣ кардани обшавии пиряхҳо мушкилоти рақами якуми башарият аст. Зеро муҳимтарин сарчашмаи обу дарёҳо ин пиряхҳо ва барф аст. Мо тоҷикистониён бояд дар ин роҳ дар сафи пеши дӯстдорони табиат қарор дошта бошем, зеро дар давоми се даҳсолаи гузашта аз 14 ҳазор пиряхи дар ҳудуди ҷумҳурӣ мавҷуд буда ҳазортояш об шудааст. Мо бояд пеши роҳи ин раванди харобгарро бигирем. Ва дар ҳама ҷо обро сарфакорона истифода барем.

Муҳимтарин тадбир дар ин роҳ бунёд кардани ҷангалзорҳои нав ва ҳифз кардани марғзору чарогоҳҳо аст. Хавфи асоси аз ҳудуди ҳавзаи хушкшудаи баҳри Арал ба кӯҳистони тоҷик омадани хокҳои намаколуд аст. Пеши ин сели харобгари намакҳои зарарнокро танҳо садҳои сабз, яъне дарахтзорҳои силсилавӣ гирифта метавонанд. Аз ин рӯ, дар шинонидани дарахтҳои соя­дору мевадиҳанда, буттаҳои ороишӣ, санавбару бурс ҳамаи мо масъул ҳастем.

Мо бояд ин ҳикмати Абуали ибни Синоро раҳнамои худ кунем.

Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,

Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.

У.  Акрамзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *