Зиннати зан аз донишу ҳунар аст

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати соҳибтамаддуни тоҷикро шуҳратёр кард. Имрӯз ҷумҳурии ҷавони моро дар тамоми қитъаи олам ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мустақил хуб мешиносанд.

Равзанаи ошноӣ:

Зарина Назарзода муовини раиси Кумитаи омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1972 дар ноҳияи Бохтар ба дунё омадааст. Соли 1989 пас аз хатми мактаби миёна ба Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат (собиқ Орҷоникидзобод) дохил шуда, онро соли 1991 хатм мекунад. Солҳои 2010-2015 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 2006 ба агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати соҳибтамаддуни тоҷикро шуҳратёр кард. Имрӯз ҷумҳурии ҷавони моро дар тамоми қитъаи олам ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мустақил хуб мешиносанд.

Сабаби асосии сазовори эҳтироми аҳли ҷомеаи ҷа­ҳонӣ қарор гирифтани давлати мо садоқатмандии он ба ғояҳои демократия ва мардум солорӣ аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбариашон ба мавзӯи мақоми Зан-Модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд. Дар Паёми навбати­ашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рӯзи 28 декабри соли 2024) Пешвои миллат ба ин мавзӯъ бори дигар таъкид карданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон иззату эҳтироми Зан-Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад, вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳангро занону бонувон ташкил медиҳад”.

Хушбахтона занону бонувони тоҷик дар ҳамаи со­ҳаҳои ҷомеа фаъолияти самаранок доранд. Нақши онон дар Кумитаи омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам назаррас аст. Мо бо муовини раиси Кумитаи мазкур Зарина Назарзода суҳбате доштем.

–Чун суҳбати мо дар оғози соли нави мелодӣ баргузор мешавад, мехоҳем донем, ки соли 2024 дар саҳифаҳои китоби зиндагонии Шумо чӣ нақше гузошт?

Соли 2024 ба хотири мустаҳкамтар шудани пояҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва баланд шудани маъ­рифати ҳуқуқӣ, дараҷаи худшиносӣ ва масъулиятшиносии сокинони мамлакат бо пешниҳоди Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида буд. Занону бонувони тоҷик ҳам саъй карданд, ки аз ин имкони дастдода истифода бурда, ба ғановатманд гаштани ҷаҳони маънавии худ бикӯшанд. Зеро эҳтиром кардани қонун ин дар чаҳорчӯбаи муқаррароти он амал намудан, Конс­титутсияи Тоҷи­кистонро ҳамчун шаҳодатномаи миллат, ҳамчун дастурамали зиндагонии худ қарор додан, сарчашмаи пешрафту шукуфоии миллату давлат аст. Чунин ба назар мерасад, ки мо садоқати худро ба Ватан- Модар нишон додем ва таҳкурсии мустаҳкаме барои ояндаи дурахшони Миллату Меҳан гузоштем.

– Лутфан, аз устодонатон ёд биоваред?

– Ҳақ бо Шумост. Ҳикмате, ки Шумо ёд овардед, беҳтарин таъкид ба бузургии устод-муаллим аст.

Ман аз сарнавиштам миннатдорам, ки маро бо инсонҳои хайрхоҳ, дилсӯз ва кордон рӯ ба рӯ кард. Агар дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт онҳо дар паҳлӯи ман намебуданд, шояд қисмати ман дигаргуна сурат мегирифт.

Аз ин рӯ ман аз устодонам Нуралишо Сулаймоншоев, Асват Асоев, Қаҳҳор Бойматов, Оля Стодоля, Галина Сатторова ва дигарон аз замин то осмон миннатдорам. Барои ривоҷ ёфтани ҳама гуна касбу кор иртиботи мустаҳкам ва ибратбахш дар байни устодону шогирдон ва наслҳои соҳибтаҷрибаю ҷавон шарт аст.

– Таманнои Шумо барои хонандагони маҷаллаи “Фирӯза”.

– Ифтихори ватандорӣ дошта бошанд, фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикиро эҳтиёт кунанд, зеро маҳз бо гиромидошти асолати миллӣ метавонанд комёб бошанд.

–Барои сӯҳбати самимона ташаккур.

Суҳбаторо

Убайдулло Акрамзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *