Пайраве аз хонадони Пайрав

Чанде пеш китобе ба дастам афтод, ки “Духтари Пайрав” ном дорад. Ин китоби ҷолиб ба рӯзгор ва осори шоири маъруфи бачаҳо, Шоири халқиии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ Гулчеҳра Сулаймонӣ бахшида шудааст. Баъди мутолиаи китоб ба суҳбати муаллифи он адиби шинохта Латофат Кенҷаева шитофтам…

– Китоби “Духтари Пайрав” хотираҳои аҷиби шуморо дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд Гулчеҳра Сулаймонӣ дар бар гирифтааст. Аз мутолиа дарёфтам, ки он кас ба Шумо ҳаққи устодӣ доранд. Аз ашъори устод аввалин шеъри аз ёд кардаатонро ёд доред?

– Устод Гулчеҳра Сулаймонӣ шеърҳои зиёде навиштаанду китобҳои зиёдашон ба нашр расидааст. Замоне, ки ман дар мактаби миёна мехондам, бори аввал бо як шеър ин касро дӯст доштам. Ин шеър “Бибиҷон” ном дошт шеър бисёр сода, равон ва шавқовар буд. Он вақт дар синфи чорум мехондам. Вақте тақдир даст доду бо худи устод шинос шудам, он кас таърихи ин шеърро хеле аҷиб нақл карданд. Гуфтанд, ин шеър шеъри духтари ман Наргис. Ҳайрон пурсон шудам. Устод гуфтанд Наргис он вақт хурд буд. Рӯзе аз як туй меомадаму ӯ ба пешвозам баромад ва бо як шавқу завқ хурсандона фарёд кард: “Бибиҷонам меод, дилу ҷонам меояд!”.

Ва ҳамин сухану хурсандии ӯ боиси тавлиди ин шеъри нозанин шуд. Шеър аз худи забони кӯдак ширин аст. Лафзу шева, ҷумлаи кӯдакон худ шеъри тайёр аст.

– Ин китоб иборат аз хотирот ва мусоҳибаҳои Шумо бо устод аст. Аввалин мусоҳибаатон бо эшон чӣ гуна сурат гирифт?

– Он замон дар маҷаллаи “Истиқбол” кор мекардам. Боре устод гуфта буданд, ки дар бораи падарашон Пайрав Сулаймонӣ хотираҳои зиёде доранд. Хоҳарашон Лола Сулаймонӣ низ нақлҳои аҷибе доштанд. Ҳамон вақт хостам бо устод суҳбате ороям. Лек эшон як хислати аҷибе доштанд, ки мусоҳиба оростан бо рӯзноманигоронро намеписандиданд ва ҳамеша ҷавоби рад медоданд. Аммо ин суҳбати ман ғайриинтизор буд. Рӯзи мавлудам буд. Он кас ба табрики ман омаданд. Бадоҳатан дар бораи падарашон савол медодаму посух мегирифтам. Баъдан, онро ман зери унвони “Дар сарандози адаб” дар маҷаллаи “Истиқбол” ба чоп расонидам. Ин суҳбати хубу хонданӣ ба устод низ писанд омад.

– Бисёре намедонанд, ки нависандаи маҳбуби бачаҳо Акобир Шарифӣ ҳамсари устод Гулчеҳра Сулаймонӣ буданд. Он касро Шумо хуб мешинохтед?

– Акобир Шарифӣ ҳамсари устод Гулчеҳра Су­лаймонӣ ҳам шоир ва ҳам нависандаи бисёр шинохта буданд. Зеро ҳам ҳикояву қисса ва ҳам шеърҳояшон зиёд ба чоп мерасиду кӯдакон дӯсташон медоштанд. “Амаки милиса” машҳуртарин ҳикояи нависанда мебошад, ки насли калонсон ин ҳикояро хондаву дар ёд доранд. Вақте ки ду эҷодкор дар як оила зиндагӣ мекунанд ҳамсару ҳамрозу ҳаммаром ҳастанд.

Аммо барои зиндагии якҷояи ду адиб мушкилиҳое низ буда метавонад. Вале Гулчеҳра Сулаймонӣ он қадар сабуру ботаҳаммул буданд, ҳама нозҳо ва ин­ҷиқиҳои ҳамсарро мебардоштанд. Дар кори эҷод як сӯ, дар оиладорӣ, дар тарбияи фарзанд ҳам масъулияту бурдборӣ зоҳир мекарданд. Ҳамин таҳаммулашон буд, ки оилаи онҳо оилаи тифоқ ва намунаи ибрат буд.

Ҳарду анқариб дар як фасл таваллуд шудаанд. Аксар вақт рӯзи мавлуди Гулчеҳраапа ва Акобир Шарифиро дар Иттифоқи нависандагон якҷоя ҷашн мегирифтанд.

– Кадом хислатҳои устод ба Шумо писанд ва омӯзанда буданд?

– Устод Гулчеҳра Сулаймониро аксар чун шахсияти бисёр нотакрор мешинохтанд. Гарчи зоҳиран ҷиддӣ, лекин дар ботин зане, модаре, устодеро ба ҳадди он кас меҳрубон дилсӯз, ҳақиқатҷӯву роҳнамои ҷавонон надида будам.

Аз беҳтарин хислати хуби устод, мавриди нишасту суҳбатҳо камгапию андешамандии он кас буд. Аммо ҳар як ҳарфи он кас ҳатман ба нишон мерасид. Яъне сухани беҳуда намегуфтанд. Шояд аз ин ҷиҳат баъзеҳо гумон доштанд, ки он кас назарбаланду ҳавобаланд ҳастанд. Аммо порсотарин инсон буданд, устод. Заҳматкашу дар кори тарбияи фарзанд, дар эҷод сахтгир. Дар ҳамсоядорӣ бебаҳо, дар дӯстӣ вафодор буданд. Ба мисол дӯстии он кас бо ҳамсари нависандаи боистеъдоду маҳбубтарини мо Пӯлод Толис, Инна Рустамова қиссаҳои зиёде дорад. Ман ба ҷавонони имрӯз мехоҳам аз номи устод пандеро ёдовар шавам, ки мегуфтанд аз хондан, аз такроран хондан ҳеҷ вақт ибо накунед. Хоса барои эҷод пайваста омӯхтан ва омӯхтан мебояд. Ҳамчунин Гулчеҳраапа дар одамшиносӣ баҳо надоштанд. Ба ҳар як инсон баҳои муносиб зоҳирпарастӣ, зебу ороишот барояшон бегона буд. Хоксорӣ, фурӯтанияшонро дар ягон нафаре надидаам.

– Устод Гулчеҳра Сулаймонӣ дар оила ҳам шоир буданд ё…?

– Мисли устод дар оила зани покизакору, ҳамсари меҳрубон, модари ғамхору бибии дилсӯз кам дидаам. Дар пухту паз ва хона нигаҳдорӣ, дар тарбияи фарзанд, посдории аз анъанаҳои бобоӣ ва аҷдодӣ, (аз Бухорои қадим буданд) ҳамтояшон набуд. Дар кори эҷод чӣ тавре ҷиддӣ дар оила низ масъулият, принсипҳои худро доштанд. Ду духтари нозанинашон Наргису Шаҳло ва писари хубашон Сулаймон, имрӯз аз рассомон ва қаламкашони баобрӯянд. Набераашон Озар низ чандин китобҳоро наққошӣ кардааст.

– Устод аз падари бузургвори худ, Пайрав Сулаймонӣ қисса мекарданд?

– Ҳар як сафарҳи эҷодӣ, ки аксар бо ҳам мерафтем , ё дар мулоқоту бо хонандагон албатта аз падар ёддоште ёд меоварданд. Падари он кас падари хеле меҳрубону дилсӯз будаанд. Гулчеҳраапа қисса мекарданд, ки ҳар гоҳе падар аз кор меомаданд, моро рӯйи зону менишонданду бо суханҳои хуб дӯсторӣ менамуданд. Ҳар шаб ҳатман барои мо қисса ва афсонаҳои хубу ҷолиб нақл мекарданд.

– Дар як шумораи маҷаллаи “Машъал” чашмам ба мақолаи устод “Духтар, ки 12-сола шуд” афтод. Ба ёдатон ҳаст?

– Бале. Ин мақола таваҷҷуҳи хонандагони зиёдро ҷалб намуд. Аз тамоми гӯшаву канори кишварамон ҳатто берун аз он, мактубҳои зиёде гирифта будем.

Дар ин мақола яке аз оинҳои беҳтарини аҷдодии моро тафсир мекунад. Бо навишти он кас дар Бухоро анъанае ҳаст, ки духтар 12-сола шуд, ӯро ба мардум пешниҳод муаррифӣ мекунанд. Ба монанди туй як рӯзи хурсандӣ баргузор мешавад. Маҳс барои ҳамон духтараке, ки 12-сола шудааст. Ҳама хешу ақрабо, ҳамсояҳо дар ин маърака иштирок карда духтарро месанҷанд. Яъне то ин муддат падару модар ба духтари худ бояд ҳама чизро омӯзанд. Пухтупаз, поккорӣ, либосдӯзӣ, дониш, китобхонӣ, маҳс бо ҳаминҳо санҷида мешуд. Агар, ки дар натиҷа духтарак аз санҷиш гузашт ӯ дар ҳамон маҳалла машҳур мешуд.

– Аз Гулчеҳра Сулаймонӣ чӣ омӯхтед ?

– Устод шахсияти бузурге буданд. Бузургонро бо ду-се сухан тавсиф кардан душвор аст. Вақте чунин як инсони бузург вориди зиндагии Шумо мешавад ин хушбахтии тамом ва давлати бебаҳост. Ва на ба ҳар кас даст медиҳад, ки бо ин гуна бузургон ҳамнишин, ҳамсӯҳбат, ҳамкор бошад. Аз лаҳзаҳои аввали шиносоӣ то интиҳо аз устоди азиз сипосгузорам, ки тақдир маро бо ин бонуи бомаърифату бодониш, инсони дилсӯз, шоири зебосухан, фарди хайрхоҳу некдил рӯ ба рӯ кард. Он чӣ аз устод омӯхтам, баҳо надорад. Мактаби устод дарси зиёди одамият, самимият, меҳру вафодорӣ, ҳақбиниву ростгӯӣ, ахлоқи покизаву ҳамида дошт.

– Устодро ёд мекунед?

– Бешак. Ҳар гоҳ ба хобам меоянд. Дар ҷашнвораҳо, дар ҳалқаи дӯстон, дар нишастҳои маросимӣ аз хис­латҳои нек, симои гарми ба Индира Ганди монанд буданашон ёд мекунему мегӯем. Аммо дар танҳоӣ он касро сахт ёд мекунам, гӯё, ки модарам дар ёд меояд, модаре, ки надидааму дӯсташ медорам. Чароғи ёдашон дар дилам фурӯзон аст.

– Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Суҳбаторо

Меҳроҷ Назаров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *