Мушкилӣ ва хатари рақами 1-и ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон терроризм мебошад. Террор моҳиятан таърихи куҳан дорад. Ҳатто таърихи он бо пайдоиши ҷамъият баробар аст. Аммо вобаста ба шароит ва ҳолатҳо террор дар шакл ва сатҳҳои гуногун амалӣ карда мешуд. Дар баъзе ҳолатҳо амалиёти террористӣ дар зери шиорҳои роҳ ба сӯи озодию адолат сурат мегирифтанд.
Имрӯз ҳодисаҳои таърихии ба ҳамагон маълуме ҳастанд, ки ҳамчун амали ҷавонмардона сабт шудаанд, вале гурӯҳҳое ҳастанд, ки онҳоро ба ҳаракатҳои террористӣ шабоҳат медиҳанд. Чунин мушкилӣ дар шароити имрӯза чандон кам нагаштааст. Шояд сабаби инро баъзеҳо дар тобиши илмии нокомил ёфтани мафҳуми «террор» ва «терроризм» донанд, вале дар асл чунин нест.
Дар аксарият адабиёти муосири илмӣ амалиёти террористии замонро бо манфиатҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ пайваст медонанд, танҳо дар зери ниқоби масъалаҳои динию мазҳабӣ, миллию сарҳадӣ ва ғайра арзи ҳастӣ мекунанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ду рӯз як маротиба дар ин ва ё он гӯшаю канори дунё амали террористӣ рух медиҳад. Қишрҳои гуногуни ҷомеа шуруъ аз олимону сиёсатмадорон то ба шаҳрвандони одӣ атрофи терроризм ҳадс мезананд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризм ва экстремизм чунин ибрози андеша намуд: «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Терроризм на миллат дорад, на дин ва на ҳудуд. Маҳз, ҳамин нишондиҳанда мубориза бо онро боз ҳам мушкилтар мекунад».
Терроризм ҳамчун реаксияи ҷавобӣ ба ҳалли тӯлонии масъалаҳои сиёсӣ мебошад. Аслан терроризм дар асоси зиёд шудани зиддиятҳои ҷамъиятӣ васеътар ва мураккабтар мегардад.
Терроризм ин зӯроварии сиёсие, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ равона шудааст;
Терроризм – ин куштори мақсадноки инсонҳои бегуноҳ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ;
Терроризм бо мафҳуми инсондӯстӣ зид буда, хусусияти бераҳмӣ дорад ва дар аксар ҳолатҳо зери шиорҳои дурӯғи адолатнокӣ муаррифӣ мешавад.
Терроризми байналхалқӣ – навъи муосир ва даҳшатнокгаштаи терроризм ба шумор меравад. Он солҳои 1960 пайдо гардида, солҳои охири асри ХХ ба авҷи баланд расид. Мақсад ва ҳадафи терроризми мазкур – ин тағйир додани сохтори идораи давлатҳо дар тамоми олам, зарарҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ расонидан, ноором гардонидани ҷомеа мебошад, ки дар натиҷа, ба тағйироти сиёсӣ оварда мерасонад. Хусусияти асосии терроризми байналхалқиро ҷаҳонишавӣ, касбият ва такя ба идеологияи ифротгароӣ ташкил медиҳад.
Б. М. Кенҷазода
директори МТМУ №68-и
н. Исмоили Сомонӣ
