ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА АҲЛИ ФАРҲАНГУ ҲУНАРИ ТОҶИКИСТОН БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА «РӮЗИ ФАРҲАНГ»

Тоҷикистон, Ватани Наврӯз аст!

Наврӯзи фархундапай ва ҷаҳонафрӯзро, ки ҷашни ниёгони мо, рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ, саховату накукорист ва бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро мерасад ба Шумо аҳли эҷод ва ҳунар аз номи ҳайати мушовараи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона ва бо камоли эҳтиром табрик менамоям. Ин ҷашни бузурги миллӣ, ки ба шарофати заҳматҳои Пешво ва Раҳнамои миллат, дубора эҳё гардид, ҳамасола дар саросари ҷаҳон, бахусус дар Тоҷикистони азиз, ки Ватани воқеии Наврӯз аст бо истиқболи густурда ва шукӯҳи тоза таҷлил мегардад. 

Наврӯз намоди таҷдиди ҳаёт, рамзи аввалин рӯзи офариниш, уммед, ҳамгироӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи башар буда, ёдгори фарҳанги ғановатманду тамаддуни деринаи марзу буми мост, ки ба тамаддуни ҷаҳон фалсафаи ҳаёт ва ҳастиро эҳдо намудааст

Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои мо, моҳи майи соли 2009 бузургтарин ташкилоти байналмилалии фарҳангӣ, ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил кард ва соли 2010 бо Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд, ки аз нуфузу эътибор ва арзиши ҷаҳонии он далолат менамояд. Аз ин пас ин ҷашни тамаддуни ориёиро на танҳо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, балки саросари ҷаҳон бо ҳисси ифтихор ва шукӯҳи хосса таҷлил менамоянд.

Боиси хурсандӣ ва басо рамзист, ки ҳамсола Тоҷикистони соҳибистиқлол рисолати миллии ҷашни Наврӯз ва истиқболи бошукӯҳи онро бо тантана таҷлил намуда, пайваста собит менамояд, ки миллати тамаддунофари мо ба суннатҳои санияи худ, ки аз дӯстиву рафоқат ва сулҳу ваҳдати инсонӣ сарчашма мегиранд содиқ буда, тарғибгари бузургтарин арзишҳои башарист.

Суханҳои раҳнамои Пешвои муаззами миллат моро пайваста ба он далолат менамояд, ки Соли Нави миллиро бо ниятҳои неку созанда, мағфирату бахшиш пешвоз гирем, замири худ, манзилу маъвои худро аз кинаву кудурат пок созем. Дастҷамъона ба он бикӯшем, ки Ватан – хонаи уммеди худро ободу зебо гардонида, дар радифи кишварҳои пешрафта ва мутараққии ҷаҳон қарор диҳем.

Мавриди зикр аст, ки таҷлили ҷашни Наврӯз, ки ба «Рӯзи фарҳанг» ва «Рӯзи зиёиёни эҷодкор» рост меояд, басо рамзӣ буда, ин санаҳо дар ин айёми зебои сол ба ҳам тавъам омада, ба ин ҷашни муборак маънӣ ва шукӯҳу шаҳомати тоза зам менамоянд.

Таҷрибаи сиёсати фарҳангии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки арзишҳои бунёдии миллиро аз таърих ва фарҳанги хеш бояд ҷуст. Ин аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахуст ба фарҳанг такя менамуданд ва имрӯз низ таваҷҷуҳи вижа ба фарҳанг шеваи фаъолияти доманадори ин шахсияти бузург маҳсуб мегардад.

Аҳли ҳунару санъат пайваста зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, хизматҳои онҳо ҳамеша арҷгузориву қадрдонӣ мешавад.

Дар ин замина, бунёди муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, мақоми давлатӣ ва миллӣ гирифтани як силсила муассисаҳои фарҳангӣ, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, эълон гардидани 20 март ҳамчун «Рӯзи фарҳанг» гувоҳи талошҳову тасмимҳои созандаи Пешвои миллатанд.

Бовар ва эътимоди мо бар он аст, ки бо истиқболи ин ҷашни фархунда ва бостонӣ фаъолияти аҳли фарҳангу ҳунар баҳри таҳкими сулҳу субот, муаррифии фарҳанги маънавии миллӣ ва густариши раванди созандагию бунёдкориҳои кишвар боз ҳам самараҳои тоза оварда, дар ин рӯзҳои фархунда баҳри амалӣ шудани тамоми нияту орзуҳои нек бароятон бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеи нек ва сарбаландию комрониҳо таманно менамоем.

Бо ниятҳои нек ва сидқу арҷгузорӣ Шумо, ва алоқамандони фарҳанги асили миллиро, ки ин ҷашни таърихиро гиромӣ медоранд, бо ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуда, бароятон рӯзгори осуда, файзу баракат, саодату сарбаландӣ таманно дорем.

Нафаси тоза ва ҷонбахши Наврӯз ба Шумо муборак бод!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *