Наврӯз бозтоби наҷобат ва ифтихори миллии тоҷикон

Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ аз тарафи халқҳою кишварҳои зиёд таҷлил мешавад. Ва гузашта аз ин, ҳамчун анъанаи миллии бисёр халқҳои Шарқ қабул шудааст. Ҳатто, як фарди ғайритоҷик ва ғайриэронӣ ё дақиқтараш ғайрифорсизабон, шояд дарк насозад, ки Наврӯз кай, дар куҷо ва аз кадом фарҳанге ба фарҳанги мардуми ӯ ворид шудааст. Яъне, имрӯз Наврӯз чунон дар фарҳанги мардуми дигар, аз ҷумла, халқҳои туркзабон ва арабзабон, русух кардааст, ки матраҳ кардани суоли зикршуда, шояд барояшон маъное надошта бошад ва ё боиси тааҷҷуб гардад.

Моҳи октябри соли 2009 дар Конференсияи генералии XXXV ЮНЕСКО, ҳангоми ба рӯзномаи иҷлосия ворид шудани масъалаи эълон кардани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, нафаре ба ман шӯхиомез гуфт, ки «рӯзи шуморо дигарон гирифтанд». Ман ҳам ба шӯхӣ гуфтам, ки «мо, тоҷикон ва эрониён ҳамеша ба дигарон рӯзу рӯшноӣ додаем ва аз қарори нави ЮНЕСКО хушнудем».

Баъд аз қабули қарори ЮНЕСКО оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз воситаҳои ахбори кишварҳое, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ҳамчун ташаббус ва моли худ эъломияҳое медоданд. Вале аз асли матлаб касе суоле намекард ва воқеият ба он шакле, ки буда, баён намешуд. Ҳатто, баъзе расонаҳои хабарии ҷумҳурии мо низ таҳти таъсири ахбори сомонаҳои интернетии кишварҳои дигар ҳоюҳуе бардоштанд, ки кишвари мо ҳеҷ ташаббус дар ин замина аз худ нишон надодааст. Баъд аз он, дар мусоҳибаҳо дар ин бора равшанӣ андохта шуда, эҳсосоти журналистӣ ба эътидол омад.

Аслан, тарҳи масъала, дар хилоли масоили дигар, ҳангоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ раиси кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура, ки тирамоҳи соли 2002 ба Тоҷикистон аввалин бор омада буд, баён шуда буд. Дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Президент ба ифтихори Коичиро Матсуура зиёфате орост, ки дар он иддаи маҳдуде ширкат доштанд. Эмомалӣ Раҳмон анорҳои хеле калону хушранг ва меваҳои хуштаъми кишварро таъриф карда, ба меҳмон дар бораи анъанаҳои миллии мо, қадим будани фарҳанги кишоварзии тоҷикон, ҷашнҳои миллии аз қадим ба мо меросмонда, бо шавқ нақл кард. Аз ҷумла, дар бораи фарҳанги моддӣ, яъне ёдгориҳои таърихӣ ва мадании тоҷикон, фарҳанги ғайримоддӣ, аз қабили Шашмақом, Наврӯз бо ифтихор ёдовар шуд. Дар ин суҳбат, ҳамчунин, дар бораи таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб мубодилаи афкор сурат гирифта буд.

Коичиро Матсуура, ки худ як марди шарқии фарҳангдӯст ва инсони хеле наҷиб аст, ҳангоми боздид аз Қалъаи Ҳисор ва мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав таассуроти зиёде бардошт ва баъд аз ба меҳмонхона баргаштан ба ёвараш Владимир Кушнеренко ва ман таъкид кард, ки тоҷикон таърихи ғанӣ доранд ва кӯшиш кунед, ки ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддӣ барои шомил кардан ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шаванд.

Аз ҳамон вақт ба баъд, эҳтироми Коичиро Матсуура ба Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд шуда, як риштаи қавии дӯстӣ дар байнашон ба вуҷуд омад. Ва ба туфайли ин дӯстӣ муносибати директори кулли ЮНЕСКО ба банда ҳам хеле самимона ва рафиқона буд. Ӯ ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилиҳо дар мавриди Шашмақом, барқарор кардани ҳуқуқи овози Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, масъалаҳои Саразм, ҷашни Кӯлоб ва ғайра муносибати хеле хайрхоҳона мекард ва ба Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ёрии беғаразона мерасонд.

Дар мавриди Наврӯз ва Шашмақом ҳамчун ёдгории ғайримоддии тоҷикон соли 2003 ҳангоми мулоқоти ҳайати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО (ин ҳайат аз банда ба ҳайси раиси Комиссия, Абдуҷаббор Раҳмонзода он вақт мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриро ба уҳда дошт ва М. Бобоҷонова – котиби масъул иборат буд) бо Коичиро Матсуура дар баробари масъалаҳои дигар аз гуфтаҳои Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримоддӣ дохил кардани Шашмақом ва Наврӯз ёдовар шудем. Зеро дар он ҳангом лоиҳаи «Шашмақом»-ро бе иштирок ва дарназардошти ҷониби Тоҷикистон баъзеҳо мехостанд аз тарафи худ ба Феҳристи ЮНЕСКО дохил кунанд. Мо мероси муштарак будани Шашмақомро таъкид намуда, пеш аз ҳама, ба тоҷикон тааллуқ доштани ин мероси бузурги мусиқиро ба Коичиро Матсуура арз кардем. Бо дахолати ӯ дар ниҳояти амр ин ёдгори мусиқии классикии тоҷикон ва низ ҳамчун мероси мусиқии узбекон қабул гардид.

Оид ба Наврӯз бошад, гуфтугӯҳое бо ҳайати эронӣ ва афғонистонӣ сурат гирифта буд. Соли 2004-ум дар ҷаласае, ки дар Теҳрон баргузор гардид, Комиссияи миллии ЮНЕСКО олими фарҳангшинос Аскаралӣ Раҷабовро ба сафари хидматӣ фиристода буд. Дар он ҷаласа намояндагони кишварҳои гуногунзабони ба Наврӯз алоқаманд, ба натиҷае нарасиданд. Ва соли 2008 ин масъала дар ҳайати васеътар дар Теҳрон бори дигар мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар он фолклоршинос Рӯзи Аҳмадов аз ҷониби Комиссияи миллиии ЮНЕСКО ба сафари хидматӣ фиристода шуда буд. Дар он ҷаласа, ниҳоят ҳайатҳо ба хулосае омаданд, ки Наврӯзро ҳамчун мероси ғайримоддии инсоният аз тарафи чанд давлат – Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Узбекистон ва ғайра ба Иҷлосияи XXXV ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Дар сафаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ба Теҳрон доштанд ва камина узви Шурои экспертӣ оид ба ин масъала будам, дар бораи чорабиниҳои якҷояи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мувофиқа ҳосил шуда буд. Пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо хушнудӣ қабул гардид.

Ин таърихро барои он ёдовар шудам, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати комилҳуқуқ ва ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро дар фарҳанги ҷаҳонӣ гузоштааст ва мегузорад. Бо ташаббуси кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, махсусан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ эълон шудани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост.

Наврӯз анъанаи дерини мардуми ориёист, ки маҳз, ба туфайли бо тору пуди фарҳанги эрониёну тоҷикон сиришта шудани он ҳамчун ҷашни бузурги миллии мо побарҷо мондааст.

Ривоятҳои зиёде ҳаст, ки баъд аз шикасти давлати Сосониён Искандар низоми нави фарҳангию идеологии юнониро хост интишор диҳад ва анъанаҳои муттаҳидкунандаи эронитаборонро барҳам занад. Вале Наврӯз аз он гирдоби хунин ва харобиовар, ки вайронаҳои Тахти Ҷамшед гувоҳи он аст, ҳамчун руҳи боландаи мардуми мо боқӣ монд. Истилогарони араб низ хостанд Наврӯзро ҳамчун ҷузъи фарҳанги зардуштӣ аз миён бардоранд, вале ин кор ба онҳо муяссар нашуд. Тоҷикон ва халқҳои дигари форсизабон Наврӯзро ҳамчун мероси муқаддаси аҷдодии худ ҳифз карданд, барилова, ба халқҳои дигар фарҳанги худ, аз ҷумла, Наврӯзро эҳдо намуданд.

Агар ба Наврӯз аз нигоҳи таърихию фалсафӣ назар афканем, пас маълум мешавад, ки он ҷузъи муҳим­тарини худогоҳии миллӣ, ҷилвадиҳандаи табиати мусолиматомези тоҷикону эрониён мебошад. Дар солҳои 90-уми асри гузашта баъзе нимчамуллоёни мутаассиб Наврӯзро ҳамчун ҷашни зардуштӣ дониста, бо ислом носозгор мешумориданд ва тарафдори аз байн бурдани он мешуданд. Вале хушбахтона, ин кӯшишҳои мутаассибона аз ҷониби халқ дастгирӣ наёфтанд. Наврӯз на танҳо ихтилофе бо ислом надорад, балки бо фарҳанги исломӣ якҷо тафаккури миллиро ғанӣ намуда, ҳамчун синтези фарҳанги тоисломӣ ва исломӣ, ҷузъи муҳимтарини руҳи боландаи миллати мо буруз менамояд.

Истиқлоли давлатӣ ба ғайр аз масоили сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки ҳаллашон пояҳои онро таҳким мебахшанд, эҳтиёҷ ба рушди маънавиёти ҷомеа дорад. Дарки таҳкими пояҳои истиқлол ба воситаи дар шуури мардум ҷойгир шудани арзишҳои маънавие мебошад, ки омили таъмин ва таъмими ваҳдати афроди кишвар ва минтақаҳои гуногуни он маҳсуб меёбад.

Агар аз ҳамин бурҷ назар афканем, пас, Наврӯз на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғанои миллӣ ва омили тақвияти ифтихори миллӣ мебошад.

Дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кард. Басо рамзист, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ё дақиқтар гӯем, ҷаҳонисозӣ, Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки вай моҳиятан ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Он ифодакунандаи орзую омоли ниёгони мо дар бораи аз кинаву кудурат озод кардани дилҳо, ба дӯстию рафоқат ва мардонагию ҷасорат, меҳру муҳаббат даъват намудани мардум мебошад. Бинобар ин, мо – тоҷикистониён ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ, бо шукӯҳи бештар аз ҳар сол таҷлил менамоем. Наврӯзи имсола, яъне Наврӯзи соли 2025, ки дар Хуҷанди бостонӣ  баргузор мегардад, ва дар он ҳайатҳои кишварҳои ҳамсоя ширкат меварзанд, бори дигар аз нияти неку меҳмоннавозии миллати тоҷик ва дар фазои дӯстию бародарӣ ҳамкорӣ кардан, даъват ба инкишофи робитаҳои ҳамаҷониба гувоҳӣ медиҳад.

Кароматулло Олимов,

академик

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *