Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ва ёдгории ҳазорсолаҳои тамаддуну фарҳанги ғании сарзамини каёнист. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест.
Наврӯз ҷашнест, ки пояндозаш – гулу сабзаҳо, ҳамовозаш чашмаву рӯдҳо, нағмахонаш андалебон боқӣ ҳама мавҷудоту махлуқот санохони онанд. Бо омад-омади ин Ҷашни фархунда муғҷаву шукуфа, гиёҳу сабза, боғу роғ рӯйпӯши табиат гашта, бориши резаборону хушбӯйии гулҳои нав фазои дашту даманро муаттар месозад. Наврӯз эҳёи табиат фасли гулрезии дасти деҳқон, дилёбиву дилбарии ҷавонон ва дуои хайри пирони рӯзгордида мебошад.
Наврӯз ҷашни мардумӣ ва миллӣ аст, ки ба ҳукми таърих зери нуфузи тамаддуни халқҳои қадими ориёӣ қарор гирифта буд, зеро дар он як силсила рамзу розҳо ва расму суннатҳои ниёгони ориёии мо нигоҳ дошта мешаванд, ки дар тамоми манотиқи кишварамон барои ояндаҳо ба ёдгор мондаанд.
Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «Рӯзи нав» ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки Соли нави хуршедӣ аз он оғоз мегардад.
Оид ба ин фазилати Наврӯз донишманди асри X Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ат-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «Рӯзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии Соли нав аст».
Дар Наврӯзнома»-и Умари Хайём сабаби Наврӯз ном гирифтани ҷашн он будааст, ки – чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он, ки ҳар 365 рӯзу рубъе (аз чаҳор як қисм) аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи Ҳамал боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа битавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ пайравӣ карданд.
Ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии кишвар шукӯҳу шаҳомати хосеро ба худ гирифт ва таҷлили он дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Мардум бо риояи суннатҳо ва русуми Наврӯз ойини бостонии хешро таҷлил намуда, имрӯз ифтихор аз он мекунанд, ки Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз чорабиниҳои наврӯзӣ бо ифтихор гуфта буданд, ки «Мо аз ҷумлаи миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию руҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем, зеро Наврӯз – «Шоҳнома»-и шаҳриёрони миллат, «Ёдгори Зарирон»-и ҷовидона, дарахти ҳамешасабзи «Ассурик», ҷашни Ҷамшед, «Корномаи Ардашер», «Пандномаи Анушервон», «Андарзномаи Бузургмеҳр», «Ганҷи шойгон»-и «Занду Позанд», сарчашмаи мусаффои «Минуи хирад», замзамаи навоҳои борбадии «Наврӯзи Бузург» ва таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳуввияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст».
Наврӯз ҳамеша баёнгари наҷибтарин орзуву омол, ормону умедҳои башар буда, некиву накукорӣ, покиву озодагӣ, тарабу шодӣ, осудагиву ободиро талқин менамояд, мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват мекунад, барои ҳар як фард гармиву равшанӣ ҳадя менамояд.
Наврӯз, ҳамчунин, пайвандгари дӯстиву бародарӣ, нерубахши сулҳу оштист, зудояндаи занги кинаҳову озурдагиҳост.
Аз тантанаҳои наврӯзӣ ҳувайдост, ки Наврӯзи имсола низ дар сатҳи баланди фарҳангӣ, пояндагии Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва сарсабзиву хушу хуррамии Тоҷикистони азизамон ҷашн гирифта мешавад.
С. Фарҳодова
ходими илмии Институти забон
ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
