Гурдофариди замон

Зани тоҷик аз азал бо далериву ғаюрии хеш дар баробари мардони шуҷоъ дар ҳифзу ҳимояи Ватан нақш гузоштааст. Имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо идомадиҳандаи роҳи Гурдофариди қаҳрамон зиёд ҳастанд ва барои ободии кишвар дар ҳама соҳаҳо нақш мегузоранд. Аз ҷумла, бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ либоси низомӣ ба бар карда, китф ба китфи ҷавонмардон истода, дар хизмати Ватан ҳастанд ва барои осоиштагии мардум талош меварзанд. Аз ҷумла бонувон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолияти назаррас доранд…

Дар баробари мардон

Ба хотири он ки мо то субҳ ором бихобем, нафароне ҳастанд, ки бедорхобӣ мекашанд. Барои он ки мо дар амният зиндагӣ кунем, гурӯҳе пайваста дар такопӯ мебошанд. Ин нафарон бешак корманди милитсия ҳастанд, ки тартиботи ҷамъиятиро зери назорат доранд ва барои зиндагии осоиштаи мардум мекӯшанд.

Аслан, вақте мо милитсия мегӯем, бештар симои мардон пеши назар меояд, вале имрӯз, занон дар сафи милитсия хеле зиёданд. Занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихор зоҳир менамоянд.

Яке аз онҳо сардори шуъбачаи ноболиғони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Шуҳ­ратзода Омина Шуҳрат мебошад.

Бо либоси низомӣ

Шуҳратзода Омина Шуҳрат аз замоне, ки пой ба мақомоти корҳои дохилӣ гузошт ва ҳамчун корманд пазируфта шуд, бо ноболиғон кор мекунад. Аз соли 2020 то соли 2022 ҳамчун машваратчӣ оид ба самти ноболиғон ва ҷавонон дар дастгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуд. Дар ин баробар ӯ ба таҳсили хеш идома дода, соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси сиёсат ва идораи давлат хатм намудааст.

Шуҳратзода Омина Шуҳрат, соли 2023 дар шуъбаи тафтишоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳим таъин гардида, то соли 2024 кору фаъолият намудааст.

Соли 2024 Академияи идоракунии вазорати корҳои дохилии шаҳри Маскавро бо ихтисоси омӯзиши роҳбарони мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия хатм намуд.

Соли 2024 Шуҳратзода Омина Шуҳрат ба вазифаи сардори шуъбачаи ноболиғони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардида, то инҷониб кору фаъолият намуда истодааст.

Занон дар меҳвари таваҷҷуҳ

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баробарии ген­дерӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фар­ҳангӣ зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ амал мекунад.

Бинобар ин, шароит фароҳам омадааст, ки занон дар ҳама соҳаҳо озод кору фаъолият намоянд. Аз ҷумла, дар мақомоти милитсия. Аз ҷумла масъалаи мақоми зан дар меҳвари «Барномаи ислоҳоти милитсия» низ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ ислоҳоти милитсия аз соли 2013 оғоз ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014–2020 ва 2021–2025» тасдиқ карда шуд.

«Дар раванди ислоҳоти милитсия дар ҳар ду марҳила ба фаъолияти занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия, барои баланд бардоштани нақши зан дар мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароиту фазои мусоиди корӣ барои занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти Ассотсиатсияи шуроҳои занон ва шуроҳои занони мақомоти корҳои дохилӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид», – мегӯяд Шуҳратзода Омина Шуҳрат.

Ба ақидаи ӯ имрӯз барои фаъолияти занон дар ма­қомоти милитсия ҳама шароит муҳайё мебошад.

«Дар мақомоти милитсия вожаи зану мард нест. Ҳама баробаранд ва ҳама барои иҷрои вазифаи хизматӣ масъулият доранд, вале бо вуҷуди ин, ба фаъолияти мо занон диққати махсус дода мешавад», – мегӯяд номбурда.

Садоқат ба Ватан

Шуҳратзода Омина Шуҳрат аз кӯдакӣ дар қалбаш орзу дошт, ки милитсия шавад, либоси хизматӣ ба бар карда бо ҷиноятҳову ноадолатиҳо мубориза барад. Ҳамин орзу буд, ки ӯ имрӯз бо ифтихор либоси низомӣ ба бар кардаву дар хизмати халқу ватани хеш аст.

– Шиори Шумо дар зиндагӣ?

– Хизмат ба халқу Ватан.

– Дар кори Шумо чӣ аз ҳама муҳим аст?

– Садоқат ба Ватан.

– Чӣ орзу доред?

– Осоиштагии ҳамешагии Ватан.

Муваффақият

Шуҳратзода Омина Шуҳрат, ҳангоми кору фаъолият намудан дар вазифаҳои ишғолгардида ҳамчун як зани бонангу номус дар ҳифзу амнияти давлату миллат хидмати содиқона намудааст. Ӯ дар тули фаъолияти корӣ бисёре аз ҷиноятҳо ва ҷинояткоронро ошкор намуда, ба қонун ва адолат супоридааст. Ӯ ҳамчун як духтари меҳрубон ботамкин ва ватандӯст ба зебоӣ ва ҷавониаш нигоҳ накарда, дар баробари мардон баҳри ҳифзи амнияти ҷомеа камар бастааст. Инчунин, ӯ дар чорабиниҳои ҷамъияти сиёсӣ иштирок намудааст.

– Дар вақти кор душворӣ мекашед?

– Кор бе душворӣ намешавад?

– Кадом лаҳзаҳои кор бароятон душворанд?

– Вақте як кӯдак даст ба ҷиноят мезанад, дилам реш мешавад. Ман нафари низомӣ ҳам бошам, зан ҳастам…

– Кадом лаҳзаи кор бароятон фараҳмандӣ меорад?

– Вақте як кӯдакро аз ҷиноят кардан бозмедорем, вақте ноболиғеро ислоҳ мекунем…

– Чаро ноболиғон даст ба ҷиноят мезананд?

– Омилҳо зиёданд, вале бештар аз бетаваҷҷуҳии волидайн аст.

– Ба хонандагони маҷаллаи «Фирӯза» чӣ таманниёт доред?

– Хонандагони маҷаллаи «Фирӯза» бонувон ҳастанд, яъне модарон. Аз фурсат истифода бурда, ба онҳо гуфтанӣ ҳастам, ки кӯдаконашонро беназорат нагузоранд. Дар тарбияи онҳо кӯшиш карда, фарзандони сазовори Ватанро ба воя расонанд.

– Дар остонаи ҷашни Наврӯз қарор дорем. Ин ҷашнро чӣ тавр таҷлил мекунед?

– Ман Наврӯзро бисёр дӯст медорам, зеро он бештар иди бонувон аст. Ман ҳам гарчанде корманди мақомот бошам ва либоси ман либоси хизматӣ бошад ҳам, албатта куртаи нави миллӣ медӯзонам ва онро дар ҷашну маросимҳо ба бар мекунам. Бо вуҷуди серкорӣ, кӯшиш мекунам, ки таомҳои миллӣ пазам ва Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн бигирам.

– Ба хонандагони мо чӣ таманниёт доред?

– Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон пирӯз бод!

О. Соҳиб

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *