Сайри ширбадан

Эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Сад­риддин Айнӣ қомусе аст, ки дар он ҳамаи паҳлуҳои зиндагии миллати тоҷик инъикос гардидааст. Аз ҷумла дар асарҳои устод дар мавриди ҷашни Наврӯзи дилафрӯз, таърих ва моҳияти он, анъанаҳои таҷлили ин ҷашн дар охири асри XIX ва аввали асри XX маълумоти арзишманд дода шудааст. Аз асарҳои устод Айнӣ бармеояд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни баҳору Соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни миллии тоҷикон, марҳилаҳои гуногунро пушти сар карда, алорағми монеъаҳо, ба ҳастии хеш идома бахшидааст.

Устод Садриддин Айнӣ дар бораи ҷашни фархундаи Наврӯз дар асарҳои бадеӣ, мақолаҳои публитсистӣ, асари илмии «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ва дар шоҳасари «Ёддоштҳо» маълумот додааст. Ҳамчунин, васфи баҳору нав­рӯзи оламафрӯз дар ашъори устод низ тараннум гардидааст.

Дар «Ёддоштҳо» роҷеъ ба Ҷашни Наврӯз дар чанд маврид, ба таври мухтасар ва дар бобҳои «Сайри Файзобод», «Базмҳои Бухоро ва базмгар­дӣ» ва «Иди Наврӯзӣ ва сайри Ширбадан» дар бораи Наврӯз маълумоти муфассал оварда шудааст.

Дар боби «Сайри Файзобод» устод Садриддин Айнӣ оид ба ҷашни Наврӯз суҳбат ба миён оварда, онро «иди баҳории умумии форсизабонон арзёбӣ мекунад, ки мардум бисёр ҳурмат мекарданд», яъне ин ҷашнро пос медоштанд. Аз ин бахши «Ёддоштҳо» бармеояд, ки он замон низ бо як шукӯҳ ҳамчун ҷашни Соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар ин маврид устод менависад: «…халқ пеш аз Соли нав, ки дар солҳои одӣ 22 март ва дар солҳои кабиса (соле, ки феврал 29 мешавад) 21 март медарояд, сайрҳо ташкил намуда, барои пешвозгирии Наврӯз омодагӣ медиданд».

Аз ин иқтибос бармеояд, ки мардуми тоҷик дар Бухорои амирӣ низ омад-омади Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегирифтаанд, ки ин реша дар таърихи чандҳазорсола дорад. Аз сарчашмаҳои илмӣ ба мо маълум аст, ки гузаштагони мо дар замони Ҳахоманишиён ва Сосониён Наврӯзро аз 6 то 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва хушҳолӣ мекарданд.

Ҳамчунин, аз ин бахши асари устод Садриддин Айнӣ бармеояд, ки Наврӯз дар Аморати Бухоро на танҳо ҷашни мардумӣ, балки маросими расмии давлатӣ ҳам будааст ва дар дарбори Амир бошукӯҳ таҷлил мешудааст.

«Дар рӯзи Наврӯз дар арки амир як маросими динӣ ташкил намуда, зиёфат мехӯрданд, пул мегирифтанд ва хилъат мепӯшиданд ва пас аз Наврӯз ба шарафи Соли нав чандрӯза сайрҳои расмӣ ташкил мекарданд», – менависад устод Садриддин Айнӣ.

Таваҷҷуҳ мекунем ба як иқтибоси дигар аз бахши «Сайри Файзобод»-и «Ёддоштҳо»:

«Ҳатто, уламои динӣ ба ин ид, ки пеш аз исломият – пеш аз истилои арабҳо одатан миллӣ буда, баъд аз мусулмон шудан ҳам мардум ин идро тарк накарда буданд, ранги динӣ-исломӣ дода, аз вай фоида мебурданд, – аз оятҳои Қуръон ҳафтсалом навишта ба ғӯлингоб, ки хӯрдани вай дар Наврӯз аз одатҳои миллии пештара буд, тар карда мехӯронданд ва пул мегирифтанд».

Дар ин иқтибос, агар суйистифодаи рӯҳониёнро аз эътиқоду боварҳои мардум сарфи назар кунем, чанд масъалаи муҳимми дигаре ҳаст, ки устод Сад­риддин Айнӣ ба он ишора кардааст.

Аввал, устод Айнӣ махсус таъкид мекунанд, ки Наврӯз на ҷашни динӣ, балки «ҷашни миллӣ» аст;

Дуюм, пас аз густариши дини Ислом Наврӯзро тарк накардани мардум ва ба хотири аз нобудӣ эмин нигоҳ доштан ба он «расми исломӣ» додан ва ба ин васила онро ҳифз кардан;

Сеюм, ишора ба яке аз «одатҳои миллии пештараи мардум», яъне нӯшидани ғӯлингоб. То имрӯз нӯшидани шарбати мева яке аз рукнҳои наврӯзӣ аст ва дар миёни тоҷикони Афғонистон нӯшобаи «Ҳафтмева», ки аз ғӯлинги ҳафт навъи мева омода карда мешавад ва он нӯшокии нерубахш мебошад, яке аз муҳимтарин унсурҳои Наврӯз аст.

Наврӯз дар дарозои таърих борҳо дучори мубо­ризаҳои беамон шудааст. Агар дар асрҳои миёна диндорон онро ҳамчун ҷашни маҷусӣ инкор мекарданд, пас дар солҳои 20-уми асри ХХ, идеалогияи суннатситези Шуравӣ ба Наврӯз ҳамчун ба «ҷашни динӣ» ҳамла намуд. Равшанфикрони давр, маҷбур буданд, ки Наврӯзро чанд даҳсола бо номҳои «Иди баҳор», «Иди деҳқон», «Иди кишту­кор» ва ғайра ҷашн бигиранд. Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» ба ин масъала ҳам равшанӣ андохтааст.

«Иди Наврӯз, ки дар сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал cap мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбон барин идҳои диниро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод», – менависад устод Садриддин Айнӣ ва бори дигар хотирнишон месозад, ки Наврӯз ҷашни пешазисломӣ мебошад. Ӯ дар муқоиса ба таҷлили идҳои исломӣ – Рамазон ва Қурбон ба азамат ва шукӯҳи Наврӯз ишора мекунад, ки ҷашнгирии он ҳафтаҳо идома мекард.

«Иди Наврӯзӣ ва сайри Ширбадан» бахши дигаре аз «Ёддоштҳо» аст, ки дар он роҷеъ ба Наврӯз сухан меравад. Устод Садриддин Айнӣ ба таърихи қадимӣ доштани ҷашни Наврӯз ишора карда, аз як анъанаи ҷолиб, сайри Ширбадан ёдовар мешавад.

Ширбадан номи чорбоғи Амир Музаффар аст, ки маҳали сайру гашт ва тамошо мебошад. Дар рӯзҳои Наврӯз аҳолии Бухоро ва гирду атрофи он маҳсули дасти худро дар ин ҷо ба тамошо (фурӯш) мебароварданд, инчунин, базмҳо ва бозиҳои варзишӣ ташкил мегардид. Устод Айнӣ аз дидани ин манзара, илҳом гирифта, дар вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Достони сайри Ширбадан»-ро эҷод кардааст, ки он бо чунин мисраъҳо оғоз мешавад:

Зимистон гузашта, шуда навбаҳор.

Фалак беғубору замин сабзазор.

Ҳаво буд форам, на сарду на гарм,

Насимаш чу анфоси маҳбуба гарм.

Чи беди сиёҳу чи беди сафед,

Ҳама гашта хушбӯй чун мушкбед.

Дарахтони серсабзаи мевадор

Шукуфта зи мастӣ чу рӯйи нигор.

Зи бас ҷашни фирӯзи Наврӯз буд,

Ҳама чиз гӯё ки фирӯз буд.

Шуда ҷашн барпо ба Наврӯзгоҳ,

Ба як Ширбадан ном маъвои шоҳ…

Дар «Достони сайри Ширбадан» базму суруд, ҳунарҳои мардумӣ ва оинҳои наврӯзӣ ба таври муфассал тасвир гардидаанд. Фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ «Достони сайри Ширбадан»-ро «яке аз манбаъҳои нодири анъанаҳои мардумӣ, аз ҷумла, ҷашнҳои хонаводагию умумӣ» ва оинҳои наврӯзӣ арзёбӣ кардааст.

Дар боби дигари «Ёддоштҳо», ки «Базмҳои Бухоро ва базмгардӣ» ном дорад, устод Садриддин Айнӣ дар бораи ромишгарон (созандагон) ва рӯзгори онҳо суҳбат карда, ба ҳафтаҳо идома ёфтани базмҳои наврӯзӣ ишора кардааст. «Дар сайрҳои наврӯзӣ, ки ҳафтаҳо дароз мекашид, бепул хизмат мекарданд, хӯрок ва харҷҳои дигарашон ҳам дар ин гуна базмҳо аз худашон мешуд», – менависад устод доир ба созандагон. Аз ин ишораи устод Садриддин Айнӣ бармеояд, ки дар Аморати Бухоро чорабиниҳои наврӯзӣ бо шукӯҳи шаҳомати хос, бо доир кардани маҳфилҳои адабиву мусиқӣ ва зиёфатҳои хоса баргузор мешудааст.

Устод Садриддин Айнӣ дар бахшҳои дигари «Ёддоштҳо» аз Наврӯзу баҳор, ба сифати пайки эҳё ёдовар мешавад, ки бо омаданаш «ҳама ҷо сабзу хуррам ва дашту биёбон гулрез мешаванд». Ба таъбири устод Айнӣ ин ҳама зебоӣ «бар рӯйи саҳро ба пешвози Наврӯзи дилафрӯз густурда» мешаванд.

Устод Садриддин Айнӣ дар бахше аз «Ёддошт­ҳо» вожаи «Наврӯз»-ро ҳам шарҳ медиҳад. Устод лаҳзаи ба даст овардани китобчаи «Маҳмуд ва Аёз»-ро аз замони таҳсилаш дар мадрасаи Мири Араб чунин ёдовар мешавад:«Он рӯз дар мадрасаи Мири Араб барои ман наврӯз буд – он рӯз як рӯзи наве буд, ки аз ғайри чашмдошти ман, ба ман бахти нав оварда буд. Китобчаро ба даст гирифта давон-давон дубора ба ҳуҷра баромада, шитобкорона вайро варақ зада cap то пояшро аз назар гузаронидам: дар он вақт он китобча ба назари ман чунон муҳим намуд, ки ба дунёҳо меарзид». Дар ин иқтибос агар ба шарҳи вожаи «Наврӯз» таваҷҷуҳ кунем, дармеёбем, ки Наврӯз аз назари устод Айнӣ «рӯзи нав» ва «бахти нав» аст. Яъне рӯзи шодиву нишот ва рӯзи умедворӣ.

Хулоса, аз мутолиаи осори устод Садриддин Айнӣ метавон дарёфт, ки Наврӯзи дилафрӯз, ҷашни хуҷастаи қадимаи мардуми тоҷик буда, новобаста аз давру замон, дар қалби мардум истеҳком доштааст. Ҳамин аст, ки он аз газанд­ҳои таърих эмин монда, то ба рӯзгори устод Садриддин Айнӣ ва баъдан ба замони мо расидааст…

 

Одил Нозир

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *