Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз маъмурияти мактаб ба Сафармоҳ супориш доданд, ки сенария омода намуда, баъди дарсҳо бо хонандагони синфҳои болоӣ барномаи идонаро машқ кунад. Сафармоҳ зуд аз пайи кор шуд, зеро ӯ ҳамчун омӯзгори фаъолу ташкилотчӣ дар ҳамаи ҷашнҳои мактабӣ саҳмгузор аст…
Сафармоҳ Буракова соли 1999 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Ӯ соли 2017 баъди хатми мактаби миёнаи №3 тибқи квотаи Президентӣ ба факултети педагогикаи ДДОК ба номи А. Рӯдакӣ дохил шуд. Азбаски орзуҳои ҷавонияш амалӣ шуданд, зуд бо ҳамсабақон унс гирифта, аз пайи омӯзиш шуд. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ худро ҳамчун донишҷӯи фаъол нишон дода тавонист. Мудом дар чорабиниҳо ва озмунҳо иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мешуд ва аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ мегардид.
Сафармоҳ дар баробари донишандӯзӣ боз ба навиштани шеъру мақолаҳо машғул аст. Ҳанӯз дар давраи таҳсил дар мактаб мақолаю шеърҳои бачагонаашро ба устодону ҳамсабақонаш мехонд. Шеъру мақолаҳояш тез-тез дар нашрияи донишгоҳ чоп мешуд. Устодонаш аз истедоди ӯ бохабар шуда, маслиҳатҳои судманд медоданд.
Сафармоҳ соли 2021 донишгоҳро хатм намуда, ба зодгоҳ баргашт ва фаъолияти кориашро дар мактаби таҳсилоти миёнаи №3-и ҷамоати Танобчӣ ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз намуд. Ӯ хушҳол аз он буд, ки бо устодоне, ки худ аз онҳо сабақ омӯхтааст, якҷоя ба таълиму тарбияи шогирдон машғул мешавад.
Ӯ аз рӯзҳои аввал дар вақти холӣ дар дарсҳои муаллимони собиқадор нишаста, методу услуби дарсдиҳии онҳоро мушоҳида мекард. Ба ӯ устодонаш Азимова Ҳ, Бобоёрова Г., Ҷалилова Р., Иноятов ва Бегов З. ҳамеша масълиҳатҳои муфид медиҳанд. Ӯ бештар аз усулҳои нави таълим кор гирифта, бо кӯдакон бозиҳои гурӯҳӣ мегузаронад ва пайваста бо волидайни шогирдон дар иртибот аст.
Сафармоҳ ба ғайр аз омӯзгори синфи ибтидоӣ буданаш, боз роҳбарии созмонҳои талабагиро ба уҳда гирифта, фаъолияти ҳамаҷонибаи онро хуб ба роҳ монд. Маъмурияти мактаб кӯшишу ғайрати ин омӯзгори ҷавону умедбахшро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ таъин намуданд. Сафармоҳ аз кори душвору заҳматталаб наҳаросида, бо маслиҳати устодонаш ин масъулиятро бар дӯш гирифт. Чун ҳамешагӣ ба кор ва тарбияи насли наврас, саводнокии хонандагон ва интизомнокияшон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Ӯ ҳар лаҳзаи умри хешро қимат дониста, барои сайқал додани донишаш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳсил намуд.
Шуғли дустдоштаи Сафармоҳ мутолеаи китобҳои бадеӣ мебошад. Ӯ дар вақтҳои холии худ ба хониши китобҳои бадеию илмӣ машғул шуда, дар озмунҳо иштирок менамояд. Сафармоҳ дар озмуни ноҳиявии «Китобхони беҳтарин дар байни ҷонишинҳои директорон» иштирок намуда сазовори ҷойи аввал гардид.
Сафармоҳ имрӯзҳо бо духтарони синфҳои болоӣ саргарми таҷлили Ҷашни Наврӯз аст. Ӯ бо шогирдонаш барои тарғиб намудани либосҳои миллӣ низ саҳм мегузоранд. Онҳо дар баҳори оламоро чакану атлас ва адрас пӯшида, дигаронро ҳам даъват мекунанд, ки арзишҳои миллиро пос доранд…
Саодат Урозова
омӯзгори МТМУ-и №3-и ҷамоати Танобчии ноҳияи Темурмалик
