Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати раққоса ва балетмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1987) Гавҳар Мирҷумъаева сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъат, ҳамдардии амиқ баён менамояд.Гавҳар Мирҷумъаева на танҳо ҳунарманди барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин санъаткори асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.
Гавҳар Мирҷумъаева c. 1979 шуъбаи режиссёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. С. 1957 дар Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон иштирок намуда, аз ҳамон с. раққосаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳоз. Камоли Хуҷандии Хуҷанд). Солҳои 1965-72 М. раққоса, 1971-1972 сарбалетмейстер ва солҳои 1979-1980 саррежиссёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1982-1986 роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Фирӯза». Аз соли 1986 сарбалетмейстери ансамбли фолклорию этнографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар як вақт муаллимаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе. Рақсҳои М. ҷаззобу пурназокатанд. Репертуари Мирҷумъаева аз рақсҳои халқҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ («Муноҷот», «Гулъузорам», «Шодиёна», «Нағорабазм», «Бадахшон»); ӯзбекӣ, ҳиндӣ, арабӣ, сейлонӣ, ӯйғурӣ ва ғ. иборат буданд. Ӯ дар чанд филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» ширкат намудааст. Ба мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Афғонистон (1961), Канада, Покистон (1967), Австрия (1981), Сурия (1981) ва ғ. сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Бо Грамотаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва дигар медалу ифтихорномаҳои Ҷумҳурии тоҷикистон тақдир шудааст.
Ёди ин ҳунарманди асил ҳамеша дар қалби ҳаводорон ва шефтагони санъати асил гиромӣ аст.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии тоҷикистон
