«Хотира аз Ҳофиз» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Рассоми маъруфи олмонӣ Гюнтер Уэкер аввалин рассоми аврупоист, ки дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор мекунад. Беш аз 40 асари нодири санъати тасвирие, ки ба эҷодиёти шоири бузурги тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудаанд, 5 май дар намоиши байналмилалии асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер, ки таҳти унвони «Хотира аз Ҳофиз» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар намоиши «Хотира аз Ҳофиз» ду осори санъати ороишӣ-амалӣ: ҳайкалчаҳои биринҷӣ бо номҳои «Китоби болишт» ва «Нон», ки аз ҷониби муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер дар солҳои гуногун офарида шудаанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер шефтаи ашъори Ҳофизи Шерозӣ буда, муаллифи силсилаасарҳоест, ки ба фаъолияти ин шоири бузурги тоҷику форс бахшида шудаанд. Ҳунарманди маъруф онҳоро таҳти унвони умумии «Хотира аз Ҳофиз» гирд оварда, қаблан дар оромгоҳи Ҳофиз, Китобхона ва Бойгонии миллӣ дар Шероз, Осорхонаи Имом Алӣ дар Теҳрон ва ҳамчунин дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ба намоиш гузоштааст.
Намоиш то 5 июни соли 2025 идома меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *