Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз саҳифаҳои хунини таърихи башарият мебошад. Мардуми тоҷик, гарчанде садҳо километр дур аз хатти ҷанг қарор доштанд, вале аз даҳшати он эмин намонданд. Наздик ба 300 ҳазор (аз 5 як ҳиссаи аҳолӣ) фарзандони далери тоҷик дар ин ҷанг ширкат варзиданд ва 92 ҳазор нафарашон дар майдони ҳарб ҷон бохтанд. Занону модарони диловари тоҷик ҳам дар он даврони душвор бетарафиро ихтиёр накарданд, балки ҳам дар майдони набард ва ҳам дар ақибгоҳ корномаҳои беназир нишон доданд.
Дар бораи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми Тоҷикистон дар он китобу рисола ва мақолаҳои зиёде таълиф гардидаанд. Асарҳои адабӣ эҷод шуда, филмҳову намоишҳо офарида шуданд. Вале мавзуи нақши занони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз мавзуъҳое аст, ки то имрӯз ҳамаи паҳлуҳои он пурра омӯхта нашудааст. Вақте ба ин мавзуъ рӯй меорем, ҳатман ба таҳқиқоти доктори илми таърих, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, профессор Роҳат Набиева Абдулваҳҳобовна (06.10.1936 — 04.03.2017) рӯй меорем.
Профессор Роҳат Набиева соли 1963 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Нақши занони Тоҷикистон дар сохтмони сотсиализм (солҳои 1933-1937)” ва соли 1975 рисолаи докториро дар мавзуи “Таҷрибаи таърихии озодшавии занони Тоҷикистон ва афзудани нақши онҳо дар сохтмони сотсиализм (солҳои 1917-1937)” таҳти роҳбарии академик З.Ш. Раҷабов ҳимоя намуд.
Ӯ ба омӯзиши масъалаҳои нақши занон дар давраи шуравӣ машғул шуда, дар ин замина, асарҳои гаронбаҳои худ, аз қабили “Занони Тоҷикистони советӣ” (1967), “Женщины Таджикистана в борьбе за социализм”(1969), “Вазъи занон то ва баъди аз Инқилоби Октябр” (1982), “Занони Тоҷикистон” (1991), “Женщины Таджикистана ва годы Великой отечественной войны” (2010, ҳаммуаллиф М. Зикриёева)-ро таълиф кард, ки ин рисолаҳо дар фазои илмӣ таҳқиқотии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи махсус доранд.
Профессор Роҳат Набиева аввалин донишманди тоҷик аст, ки корномаҳои ҷангии бонувони тоҷикистониро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳқиқ кардааст. Муҳаққиқ баъди омӯзиши амиқи маводи бойгонӣ, мутолиаи китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ва суҳбат бо шоҳидон дақиқ кардааст, ки дар он солҳои мудҳиш зани тоҷик танҳо дар ақибгоҳ заҳмат намекашид, балки баробар бо мардон дар сафи пеши ҷабҳа буд ва бори сангини ҷангро ҳам мекашид.
Роҳат Набиева ҳисоб кардааст, ки дар солҳои 1941-1945 32 ҳазор бонувони тоҷик зидди фашизм ҷангидаанд. Дар миёни онҳо 350 нафар снайпер, 1420 автоматчӣ, 435 нафар телеграфист, 3750 нафар телефонист ва 4195 нафар тирандоз буданд.
Муаррихи маъруф дар китобаш дар бораи қаҳрамониҳо ва диловариҳои снайперисти тоҷикистонӣ Нина Любовская нақл кардааст, ки аз тири ӯ 89 ишғолгари фашист дар муҳорибаи назди Маскав кушта шудааст ва ҳамшираи тиб Сафия Ниёзова ҷони ҳазорон захмиён дар ҷангҳои Украинаро наҷот додааст. Ё корномаҳои халабон Ойгул Муҳаммадҷоноваро Роҳат Набиева аз сарчашмаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор додааст.
Бино ба таҳқиқоти Роҳат Набиева, дар ҷанг садҳо занони Тоҷикистон бо орденҳои Иттиҳоди Шуравӣ мукофотонида шуда, зиёда аз 20 ҳазори онҳо бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)” сарфароз гардонда шуданд.
Дар умум, таҳқиқоти профессор Роҳат Набиева дар омӯзиши масъалаҳои нақши занони тоҷик дар замони шуравӣ, бахусус иштироки бонувон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корномаҳои онҳо дар ақибгоҳ арзиши баланди илмӣ доранд ва моро таккон медиҳанд, ки диловариҳои бонувони тоҷикро дар он солҳои душвор амиқтару дақиқтар омӯзем.
Шоиста Исматзода
