Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Молик мулоқот доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои мутақобила дар самти фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳангӣ масъалагузорӣ намуда, густариши робитаҳоро соҳаҳои марбут ба фарҳанг иқдоми муҳим шумориданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
