Бешак, сароғози ҳар коре аз шавқ ва завқи беандозаи шахс нисбати амали нек ва анҷоми хайр маншаъ мегирад. Интихоби касбу ҳунар ҳанӯз аз дидгоҳи кӯчаки олами тахаюллоти бачагӣ то ба синни камол рушд мекунад. Инсон давоми умри бобаракати хеш аз самараи донишу таҷриба ва маҳорату истеъдоди худ дар ҳаёт баҳравар мегардад ва барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ амал мекунад.
РОҲҲО — ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО
Гуландом Қаландарова — дастпарвари факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳсилкардаи солҳои 1980-1985 мебошад. Гуландом ҳамчун ҳодии роҳ байни кӯчабоғҳои деҳаи хушманзараи Ганҷбор ва Шаҳдбор барои таълим додан, илм омӯхтани шогирдони муассисаи таълимии рақами 139-и шаҳри Ваҳдат тайи 40 сол масофаи ду километр роҳро субҳу шом тай менамояд. Ишораи Лоиқи зиндаёд дар ин бора хеле бамаврид аст:
Гар яккасавори ҳунарӣ, гар шоҳӣ,
Гар аз ҳама асрори ниҳон огоҳӣ.
Дар танграҳи муносибат бар мардум,
То раҳ надиҳӣ, ба худ наёбӣ роҳе.
Оре, ӯ аз роҳи интихоб кардааш дар касби омӯзгорӣ розӣ аст ва ҳамеша мекӯшад, то шогирдонашро дар интихоби касб ва роҳи зиндагӣ дуруст ҳидоят намояд. Дар рафти суҳбат мепурсам, ки оё хонандагон ба дарсҳои забон ва адабиёт муносибати якранг доранд?
– Не, албатта, ин ду фан мазмун ва мундариҷаи хос доранд ва таъсиру дарки мавзуҳо низ дар як сатҳ нест. Хонандагоне ҳастанд, ки ба фанни забон шавқи зиёд доранд, онҳо супоришҳоро тибқи талабот иҷро карда дар озмунҳо ширкат менамоянд ва дараҷаи забондонии худро сайқал медиҳанд. Дар баробари ин, дарси адабиёт аз ҷиҳати ахлоқӣ, худшиносӣ ва шинохти дӯсту парҳезкорӣ аз амалҳои ношоям ба хонандагони дарси зиндагӣ меомӯзад.
– Бахшиш, барои суоли ошкоро, мегуфтед, ки аз шогирдони Шумо то ба дараҷаи шахсиятҳои мансабдор, олирутба ва олимони соҳа мушарраф гардидаанд?
– Фикр мекунам, хеле суоли ба маврид дар ин бора бисёр мепурсанд, дар ҳақиқат, ҳар як устод аз самараи заҳмати худ подош мебинад. Тайи солиёни дарози фаъолияти омӯзгорӣ шогирдони зиёдеро дорои маълумоти оливу касбӣ намудаам, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварамон фаъолият мекунанд. Хурсанд аз онам, ки шогирдон аз дарси одамият бархӯрдоранд, дар кӯчаву маҳалла қадри устод ва дарси муаллимро пос медоранд. Ба фармудаи Ҷалолиддини Румӣ:
Аз Худо ҷӯйем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум шуд аз лутфи Раб.
ЗАН ВА ОИЛА
Гуландом Қаландарова, зани оиладӯст ва меҳнатқарин аст. Пояи оиладорӣ дар баробари касбияти муаллимӣ барояш хеле муҳим мебошад. Чунки фаъолияти муътадили ҳар як зани соҳибкасб аз ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва устувории муҳаббат ва самимияти аҳли хонавода вобаста аст. Дар ин ҷода, дастгирӣ ва кумаки ҳамсари ҳаётиаш Ҳодӣ Раҳматов хеле босазост, зеро меҳри дарси адабиёт аз маънавиёти бойи шарикумраш маншаъ мегирад. Ин бонуи омӯзгор, соҳиби чаҳор фарзанди соҳибмаълумот ва набераҳо буда, духтараш Манижабону давомдиҳандаи касби модар мебошад.
Оре, оилаи солим маскани тавлид ва нашъунамои насли оянда ва ҳаёти ҷовидонист ва мо ба Гуландом таманно мекунем, ки пойдевор ва шоҳсутуни мустаҳкаму побарҷои хонадон бошад.
Ҳафизаи Бобоҷон
