Аз табори хуршед

Исфара – шаҳри дилангезест бо симои ҷавон, таърихи кӯҳан ва мардумони заҳмат­писанду фарҳангдӯст. Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек сокинони ин гӯшаи ватани биҳишосоямонро ҳамсафари ҳамешагӣ аст. Хидмат ба халқу Ватан мароми зиндагиашон мебошад.

Исроил Файзиддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ҳофизи хушадои диёр, шаст соли умри пурбаракати худро ба хидмат ба халқу ватан бахшида таронаҳояш ба дилу дидаи дӯстдорони ҳунар роҳ ёфтааанд. Ин ҳунарманди соҳибдил на танҳо дар олами ҳунар шахсияти маҳбуб аст, балки дар зиндагӣ низ инсони хушбахт мебошад, зеро фарзандони накуахлоқу донишманд дорад.

Нахли дӯстии моро бо Фараҳноз Исроилзода  маҳз ҳунари нотакрори падари бузургвораш пайванд дод.

Вақте огоҳ шудам, ки ӯ духтари ин ҳофизи хушхону некном аст, эътимоду бовариам ба фарҳангу фаросаташ бештар гардид, зеро аз инсони нек фарзанди бофазилату бофаросат ба дунё меояд.

Фараҳноз бо донишу малакаи худ миёни ҷавон­д­ух­тарон ва бонувони Исфара иззату обрӯи хосаро соҳиб аст. Ин бонуи соҳибфазилат дар деҳаи Навгилеми Исфара ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 30-и зодгоҳашро хатм намудааст. Соли 2013 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (филиали Исфара)-ро аз рӯйи ихтисоси иқтисод ва идора хатм кард.

Ба хотири такмили дониши хеш, соли 2022 До­ниш­гоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикис­тонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расонида, фаъолияти меҳнатии худро аз вазифаи мутахассиси шуъбаи иҷтимоии хизматрасонӣ ба ниёзмандон дар Раёсати ҳифзи иҷтимоии шаҳри Исфара оғоз кард. Аз соли 2013 то 2019 дар ин самт фаъолият намуда, сипас аз соли 2019 то 2022 директори Маркази иҷтимоии шаҳри Исфара буд. Аз соли 2022 то имрӯз ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара фаъолият дорад.

Бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии роҳбарияти шаҳри Исфара, бонувон ва модарони ин гӯшаи диёр ба комёбиҳои шоиста ноил гардида, дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Нақши модарону бонувони соҳибмаърифат ва рӯзгордида дар таълиму тарбияи ҷавондухтарон муассир ба назар мерасад. Аз ин рӯ, исми зумрае аз модарони шарафманди Исфараро рӯйи авроқи сафед меоварем, то дар шебу фарози зиндагӣ барои насли ҷавон намунаи ибрат гардад. Воқеан, кору зиндагии шоистаи Ашӯрбибӣ Азимова, Гулафзо Савриддинова, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Башорат Раҳимова ва Кубро Собитова барои имрӯзиён мактаби бузурги рӯзгордорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар муваффақияту комёбиҳои занону бонувони Исфара, солҳои охир саҳми Фараҳноз Исроилзода ҳамчун бонуи ташаббускор назаррас аст.

Ӯ, ҳамчун пайрави Пешвои миллат бо кору амали созандаи хеш дар беҳбудии рӯзгори занону бонувони шаҳр саҳмгузор мебошад. Фараҳноз новобаста аз масъулияти баланди давлатӣ, мақоми волои инсониро соҳиб аст. Муносибати самимиву хоксоронааш бо атрофиён далели он аст, ки таълиму тарбияи шоистаи падару модар дар шахсияти ӯ таҷассум ёфтааст.

Фараҳноз чун бонуи покизасиришт рӯзгори ободу осуда ва фарзандони наку тарбият намудааст. Аз зиндагии хеш меболад ва бо ифтихор ба оянда менигарад.

Фарзона Алимова

рӯзноманигор

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *