Мактаби радиои Тоҷикистон як мактаби бузурги тарбияи кадрҳои шоиста аст. Дар давоми зиёда аз 95 сол дар ин боргоҳи сухан ва илму адаб садҳо ровӣ, рӯзноманигор, шоир, олим ва нависанда сабақ омӯхта ба камолоти маънавӣ расида, шуҳратёр шудаанд.
Имрӯз мо аз номи неки Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Аминҷон Шукӯҳӣ, Маҳмуди Воҳид, Убайд Раҷаб, Сорбон, Баҳром Фирӯз, Иноят Насриддин ва дигарон, ки шогирдони ин мактабанд, ифтихор мекунем. Қаҳрамони мақолаи мо Аълочии телевизион ва радио, муҳаррири варзида, наттоқи дараҷаи олӣ Мағфират Зарифӣ ҳам дар ин мактаби овозадор касби камол кардааст.
Ба олами рӯзноманигорӣ омадани Мағфират Зарифӣ бесабаб нест. Падару модари фазилатманду фарҳангдӯсташ, ки яке омӯзгору дигаре китобдор буданд, саъй карданд, ки фарзандони худро аз хурдӣ ба дунёи илму ҳунар ҳидоят кунанд. Натиҷаи ин роҳнамоӣ соҳибмаълумот ва номвар шудани фарзандонашон аст. Мағфират Зарифӣ соли 1995 ба радиои Тоҷикистон ба кор омад. Ҳамон сол ҳамчун наттоқ дар идораи “Ахбор” кор кард. Асрори суханвариро аз устодонаш Маҳбуба Икромова, Севарой Қосимова, Бурҳон Раҳмон, Ҳалима Насибулина. Марҳабо Юсуфова, Маҳбуба Икромова омӯхт.
Ӯро соли 2016 барои кор ба радиои “Фарҳанг” гузаронданд. Дар баробари масъули барномаи иттилоотии, “Навид” будан, ӯ барномаҳои “Оламафрӯз” ва “Хони алвон”-ро омода мекард. Барномаи “Оламафрӯз” аз ҳаёти занону бонувони номвари ҷумҳурӣ ҳикоят мекунад. Дар барномаи “Хони алвон” сухан аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ меравад. Дар давоми ҳашт сол ин ду барнома дӯстдорону ихлосмандони зиёде пайдо карданд. Мағфират Зарифӣ дар барномаи “Хони алвон” доир ба ҳафтод навъи хӯроки миллии тоҷикӣ, ки баъзеи онҳоро на ҳама медонанд, маълумот фароҳам овардааст. Ӯ ба маънои пурраи сухан ровии эҷодкор аст. Ашъори оташину баландмазмуни шоирони бузургро дӯст медорад. Аз он шоҳбайтҳо дар мавридаш огоҳона истифода мебарад. Мавсуф модари мушфиқи ду духтар аст. Духтари калониаш Азиза пас аз хатм кардани Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол дар зинаи магистратура, дар донишгоҳи Олбани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил дорад. Духтари хурдияш Мавлуда бошад, дар донишгоҳи шаҳри Чонг Синги Ҷумҳурии Халқии Хитой дар факултаи адабиёт ва фарҳанги халқи чин мехонад. Соли 2024 ин бонуи хушзавқро барои кор ба радиои “Овози тоҷик” гузаронданд. Алҳол дар ин радио ҳамчун наттоқи дараҷаи олӣ кор карда истодааст.
Мағфират Зарифӣ аз соҳибватан будани худ ифтихор мекунад ва Тоҷикистонро ҳамчун модараш дӯст медорад. Хулқи хуш, меҳрубонӣ, ғамгусорӣ ва хайрхоҳӣ ин бонуи зебоипарастро маҳбуби ҳамагон кардааст. Дар ҳар ҷойе, ки ӯ бошад, дар он ҷо сухан аз зебоӣ, шеъри ноб ва ҳунару хирад аст. Зеро сиришташ баҳоргуна ва дилаш ишқоин аст. Ӯ ба ҳама чиз бо чашми дил менигарад ва аз ҳама мавҷуди зиндагонӣ дар зоти худ нотакрор аст, ҳикмате дармеёбад. Маҳз чунин бонувони хушзавқу ватанпарвар баҳорро баҳортар, зиндагиро зеботар ва Тоҷикистонро нерумандтару ободтар мекунанд. Ва ин шеъри Маликушшуаро Баҳор:
Ҷавонбахту ҷаҳонороӣ, эй зан!,
Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан!
Садаф хон асту соҳибхона ғаввос,
Ту дар вай гавҳари яктоӣ, эй зан!
дар ҳаққи чунин модарони зиндагисозу хонумони хушзавқ эҷод шудааст.
Убайдулло Акрамзода.
