Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва наздикон ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Гуландом Сафаралиева на танҳо ҳунарпешаи барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин санъаткори асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.
Бояд ёдрас шуд, ки ин бонуи ҳунар беш аз чил сол дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намуда, зиёда аз 70 образи хотирмон офаридааст. Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунармандони ангуштшуморест, ки ҳам дар намоишҳои фоҷиавӣ ва ҳам мазҳакавӣ бо маҳорати воло нақш бозидааст. Ҳунари волои ӯ бармало дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”, “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня-тағо”, “Эзоп”, “Ҳамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, Интизорӣ”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Эдип”, “Нодира”, “Зебунисо” дарк мегардад.
Барои хизматҳои арзанда дар рушди санъати театри тоҷик Гуландом Сафаралиева соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1998 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Ёди ин ҳунарманди асил ҳамеша дар қалби ҳаводорон ва шефтагони санъати воло гиромӣ аст.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
