Санаи 20.08.2025 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Конференсияи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якуми солҳои 2021-2030» бо иштироки васеи кормандони муассисаҳои театрию консертии зерсохтори Вазорати фарҳанг баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабизода Диловар ва нозири раёсат Ҳамдамзода Садриддин вобаста ба мавзӯъи амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия маърӯза намуданд.
Дар анҷом бо чанд барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.
