Дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони зерсохтори Вазорати фарҳанг мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни нишаст Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф оид ба ин зуҳуроти номатлуби давр ва сабабу шароити барои содир намудани он мусоидаткунанда, ҳарф заданд. Зикр гардид, ки дар ҷаҳони имрӯз коррупсия дар рушди иҷтимоии кишварҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабизода Диловар оид ба оқибати ба коррупсия даст задани инсоният, роҳҳои пешгирии коррупсия ва муборизаи дастаҷамъона бо ин амали нангин ибрози андеша намуданд.Ҷиҳати таъмини иҷрои ,,Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030,, яке аз масъалаҳои муҳими ҳамоиш ба ҳисоб рафт, ки баромадкунандагон барои иҷрои ҳатмии талаботҳои ин Стратегия ёдрас шуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
