
Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Раҳи фархундагиву сарбаландӣ аст роҳи мо,
Раҳи уммеди мушкилнописандӣ аст роҳи мо,
Мақому манзалат андар баландӣ аст роҳи мо,
Заволу сарнагуни мустамандӣ аст роҳи мо.
Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан пайванд,
Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан дилбанд.
Зиҳӣ, эй Сарвари воло,
Ки ин миллат туӣ, Меҳан туӣ, эй қалъаи номуси побарҷо,
Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо!
Давлат Сафар
