Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки бо ташаббуси Раиси муҳтарами Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 24 декабри соли 2022 рӯйи кор омадааст, хеле мубрам ва саривақтӣ маҳсуб меёбад, хоса дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон мураккаб ва ҳассосу манофеи абарқудратҳо жарфтар гаштааст ва раванди ҷаҳонишавӣ ва чолишҳои иттилоотӣ муқаддасоти миллатҳоро дар ҳоли мунтазам ба коми хеш кашидан дорад, маҳз, қабули ин қонуни миллӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ мебошад.
Сармоягузориҳои бамаврид дар роҳи пиёдасозии таъсиргузориҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон аз тарафи абарқудратҳо имрӯз наметавонад кафолати мавҷудияти низому амният ва якпорчагии билкул давлат бошад, чун дар ин мисол таҳриб ёфтани баъзе давлатҳои ободу пешрафта мушоҳида мегардад.
Аз пайваста дар ҳоли таҳаввул қарор ёфтани авзои сиёсии ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии абарқудратҳо ба истиқлоли кишвари моро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид ба он мекунанд, ки “ватан, миллат ва давлатамонро дӯст дорем, зеро эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарини рушди давлат ва ҷомеа шуда метавонад”. Намунаи олии ватандӯстӣ дар кирдорҳои Сарвари давлат аз рӯзи нахусти давлатдорӣ мушоҳида мешавад. Маҳз муҳаббати бузурги Пешвои миллат ба Тоҷикистон буд, ки дар ҳассостарин айём, ҷони хешро ба хатар гузоштанд, давлати ба фанорафтаю миллати парокандашударо наҷот доданд ва дар муддати кӯтоҳ халқро мутаҳҳид ва Тоҷикистонро ба ваҳдату рифоҳ расонида, як давлати нави миллӣ бунёд намуданд.
Ягона меҳру садоқат муҳаббати ватандорист, ки дар ин гиру дори пуртаззоди вазъи минтақа аз пойдории Ватан кафолат медиҳад ва ҳамин қонун ин меҳру садоқат чун санад ба дасти шаҳрвандони кишвар ирсол кардааст. Ҳамон муҳаббати бузурге, ки гузаштагони мо тавассуташ муқобили аҷнабиён истодагарӣ кардаанд, аз газанди рӯзгор фарҳангу таъриху тамаддуни миллии хешро ҳифз намудаанд, дар зери тозиёнаи душман- арабу турку муғул нашудаанд, баръакс, фарҳанги хешро ба онҳо омӯхтанд, забони ниёгони моро онҳо забони расмии давлатдории хеш қабул карданд. Адабиёти моро омӯхтанд ва шогирдону пайравони бузургони миллати мо шуданд.
Ибни Халдун мегӯяд: “Ҳар гоҳ миллате мағлуб гардад ва зери султаи фарҳанги қавми ғолиб қарор гирад, он миллат рӯ ба нестӣ ва инқироз хоҳад рафт”. Дар ҳақиқат, ин афкори Ибни Халдун аз иттифоқи қисмати қавму миллатҳои аз байнрафта ба вуҷуд омадааст, ба мисоли қавму халқиятҳои Мисри Қадим ва Африқои Шимолӣ, Миёнрӯду Осиёи Сағир, ки бо қабули дини Ислом, ҳарчанд ки халқиятҳои соҳибтамаддун ва давлатмеҳвар буданд, ҳувияти миллии хешро бохта, ҳамчун халқияти мустақил аз байн рафтанд, ки онҳоро имрӯз ҷаҳон бо умумияти арабӣ мешиносад. Ягона миллати тоҷик дар султаи Араб ҳувияти хешро фарҳангу тамаддуни бостонии худро ҳифз намудааст ва гуфтори Ибни Халдун ба миллати мо иртиботе надорад. Албатта, ки фарҳангу таърих ва адабиёти ғании ниёгони мо, чеҳраҳои мондагори миллат, ки дар ҳар давру замони таърихӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шикастнопазирӣ чун Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Восеъ, Исмоили Сомонӣ, Яъқуби Лайси Саффор дар истиқлол ва якпорчагии давлати тоҷикон, дар пойдории тамаддун ва фарҳанги миллӣ нақши бузург бозидаанд. Мавзуи ватанпарастӣ дар осори кулли адибони тоҷик, оғоз аз Рӯдакӣ то Саъдиву Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Носири Қубодиёниву Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон инъикос ёфтааст, ки дар ташаккулу такмили ҳисси ҳуб ба ватан мавқеъияти вижа дорад.
Инҷо мо аз хидмати бузурги шоири ҳамосанависи миллат ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ бояд ёд кунем, ки воқеан, дар шинохт ва такомули ҳуввияти миллии мардуми мо ӯ асос гузоштааст. Асари безаволи Шоҳномавиаш шиносномаи миллати тамаддунофари ниёгони мо шуда, аслу насаб, таъриху тамаддуни миллати тоҷикро зинда карда, ватанпарастии моро дар масири инсоният, ҳамҷавориву ҳусни тафоҳум раҳнамун сохтааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси Миллӣ дар ин айём ба ҳайси барқе пеш аз тундар аст, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ин бора фармудааст:
Фикри равшанбин амалро раҳбар аст,
Чун дурахши барқ пеш аз тундар аст.
Ва ин ибтикороти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ башорат ба шаҳрвандон аз ҳифозати ватан, аз ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз далериву шуҷоати ҷавонмардӣ, аз рушди тарбияи маънавию ахлоқӣ, аз таҳкими ҳуввияти миллӣ медиҳад. Муҳаббат ба ватан аз ҷузъҳои таркибии фарзиёти муҳаббат ба имонро ба мо паём меоварад. Эҳтиром ба худ, эҳтиром ба Ватан, эҳтиром ба миллат, эҳтиром ба Роҳбари давлат аз уҳдадориҳои фардии ҳар як ҷавони фаъоли кишвари мо мебошад. Дар зимн, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” василаест барои муқовимат дар тамоюли ифротишавӣ ва зери таассуб қарор ёфтани ҷомеа.
Дар маҷмуъ, тарбияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, тамомияти арзии давлат ва эҳтиром гузоштан ба Сарвари давлат намунаи беҳтарини рафтори ҳуқуқӣ ва ватандорӣ мебошад.
Субъектҳое, ки қонун дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муқаррар намудааст, дар як вақт муваззафанд, ки дар сатҳу сифати баланд тавассути барномаву консепсияҳо, модулҳо ва унсурҳои нав муҳтавои ватандӯстии шаҳрвандонро ғанӣ гардонанд. Хоса дар замони рушди босуръати технологияҳои иртиботӣ, ки таъсири рӯзафзун ба зеҳнияти насли ҷавон дорад, модулҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ муассиртар тарҳрезӣ карда шавад. Ниҳодҳои оила, мактаб ва ҷомеаро лозим аст, ки дар дарки муқаддасот қабл аз ҳама Ватанро фарзандон, шогирдон ва аҳли ҷомеа пеши назар оранд. Ҳар як шаҳрванди кишвар зери вожаи Ватан ҷону имони хешро дида тавонад.
Чӣ хеле қайд кардем, танҳо муҳаббат ба ватан дар пойдории ватан, дар амнияту субботи кишвар, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ сипар аз таҳрибу сипар аз инқироз хоҳад шуд.
Муҷибахон Ҷавҳарӣ
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба
масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ
