Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода муовини нави Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибро, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардид, муаррифӣ намуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини навтаъин Бобозода Фаридун Толибро ҷиҳати таъин гардидан ба вазифаи муовини Вазири фарҳанг таҳният намуда, ба фаъолияти манбаъдаашон барору муваффақият таманно намуданд.
Масъулияти навбатӣ муборак, Бобозода Фаридун Толиб!
