ЗОДРӮЗ МУБОРАК САРВАР УРОЗОВА

Имрӯз ҳамкори азизи мо Сарвар Урозова зодрӯз дорад. Номбурда аз зумраи рӯзноманигорони содиқ ба касби худ аст, ки беш аз 20 сол аст, дар маҷаллаи «Фирӯза» кору фаъолият мекунад ва аз рӯзгори бонувони фаъоли кишвар ва дастовардҳои зани замони Истиқлол менависад.
Ӯ ҳамчунин, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар инъикоси чорабиниҳои давлатӣ, тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби либос ва таомҳои миллӣ пешсаф мебошад. Хизматҳои Сарвар Урозова аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст.
Сарвар Урозова миёни ҳамкорон низ маҳбубияти хоса дорад, ӯро ҳамаи ҳайати эҷодӣ эҳтиром мекунанд ва аз таҷрибаи кориву маслиҳатҳояш дар равнақи кори маҷалла истифода мебаранд.
Ҷашни фархундаи зодрузро ба Сарвар Урозова табрик гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз ва саодати рӯзгорро орзу мекунем.
Эзид, ки қазо ба қабзаи қисмати ӯст,
Додаст ба ту ду чиз, к-он ҳарду накӯст.
Ҳам сирати он ки дӯст дорӣ касро,
Ҳам сурати он ки кас туро дорад дӯст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *