Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Тоҷинисо Саидова сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъат, ҳамдардии амиқ баён менамояд. 

Саидова на танҳо ҳунарпешаи барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин ҳунарпешаи асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.

Тоҷинисо Саидова ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006), 11-уми октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст.

Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Лоҳутӣ (1975-1991) фаъолият доштааст. Аз соли 1991 актрисаи театр-студияи «Оина» мебошад.

Малакааш дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ ҳувайдост, вале симоҳои драмавӣ ва фоҷиавиро низ хуб меофарад. «Интихоби домод», «Хостгорӣ», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Кафшҳои Абулқосим», «Охирин арӯси амиралмуъминин», «Бахтатро бедор кун», «Эдип», «Ҷияни хира», «Имтиҳон», «Лаку Пак» барин намоишномаҳо бо иштирокаш рӯи саҳна омадаанд. Дар даҳҳо теленовеллаи «Оина», бисёр спектаклҳои телевизионӣ («Дугонаҳо ба театр мераванд», «Зани оҳанин») нақшофарӣ кардааст.

Нақши Тоҷинисо Саидова дар кинои тоҷик низ назаррас аст. Филмҳои бадеии «Хатти парвоз», «Дар ҷарӣ» (2 қисм), «Қӯшатир», «Бозавқтар нигоҳ кун» (3 қисм), «Марди мутааллиқи ду зан», «Муҷассамаи ишқ», «Чашмаи хостаҳо», бо иштироки ин ҳунарпешаи мумтоз таҳия гардидаанд.

Ёди ин ҳунарпешаи асил ҳамеша дар қалби ҳаводорон ва шефтагони санъати асил гиромӣ аст.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *