ДАР УЗБЕКИСТОН «РӮЗҲОИ КИНОИ ТОҶИКИСТОН» ИФТИТОҲ ГАРДИД

Аз 23 то 25 март дар Қасри миллии санъати кинои Узбекистон чорабинии фарҳангии «Рӯзҳои кинои Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ин барнома бо ҳадафи муаррифии синамои тоҷик ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар доир мешавад.

Дар доираи ин рӯзҳо чанд филми тоҷик, ки ҳаёти воқеӣ, сарнавиштҳои инсонӣ ва мавзӯъҳои иҷтимоиро инъикос мекунанд, ба намоиш гузошта шуданд.

24 март маросими ифтитоҳи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони соҳаи кинои ду кишвар, аз ҷумла директори Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ризоев ва директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иштирок карданд.

Шӯҳрат Ризоев, директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон зимни суханронии худ гуфт, синамои узбеку тоҷикро дугоник номидан мумкин аст, зеро Комил Ёрматов ва Борис Кимёгаров барин кинематографистони машҳур дар санъати синамои ҳар ду мамлакат ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Ҳунармандони узбек, ба мисли Ёдгор Саъдиев, Исамат Эргашев ва Тогон Реҷаметов дар бисёр филмҳои тоҷикӣ нақш бозида, Сайрам Исаева, Ато Мухаммадҷонов ва Тоҳир Собиров барин санъаткорони тоҷик дар филмҳои офаридаи кинорежиссёрҳои узбек нақшҳои фаромӯшнашаванда бозиданд. Ин анъана имрӯз хам давом дорад.

Дар ин рӯз филмҳои «Моҳӣ дар шаст» ва «Дар талоши ҳақиқат» пешкаши тамошобинон гардиданд. Рӯзи 25 март бошад, филмҳои «Ҷӯра Саркор» ва «Зиндагӣ зебост» намоиш дода мешаванд.

Ин чорабинӣ барои дӯстдорони кинои Узбекистон имконият фароҳам меовард, то бо дастовардҳои синамои тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *