Истилоҳоти ҳуснороӣ дар забони тоҷикӣ

Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Чунки истиқлоли забонӣ дар ҷаҳони имрӯза бидуни ҳалли мушкилоти истилоҳшиносӣ хаёли хом аст.

Баҳри иҷрои чунин мақсадҳо, Шурои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври муназзам дар ҳамкорӣ бо мутахассисони  соҳавӣ фаъолият менамояд.

Масъалаи истилоҳофаринӣ танҳо сохтану ёфтани  ягон мафҳум ба забони тоҷикӣ набуда, балки он  масъалаи рушду густариш ва инкишофи ҳар як забон аст, ки ҳастии маънавии онро ифода мекунад.

Истилоҳи як соҳа метавонад дар соҳаи дигаре маънои истилоҳии худро гум кунад ва ба сифати калимаи одӣ ва маъмуле корбурд шавад.

Ҳамчунин, истилоҳ бештар аз як калимаи одӣ, сохта ё мураккаб сохта шуда, ибораҳои истилоҳӣ хусусияти томи як истилоҳ буданро надоранд.

Аксар донишмандони мо имрӯзҳо як роҳи осони истилоҳкорфармоиро ба худ пеша кардаанд, ки гӯё калимаҳои иқтибосиянду гунаи тоҷикии он гӯшхарош аст ё ба маънӣ пурра ҷавобгӯ нест. Албатта, баъзе ҳолатҳо мешаванд, ки ин ногузир аст, вале кас дурусттар ва амиқтар андеша ронда, сари ин масъала кор кунад, шакли соф тоҷикии онро дарёфта метавонад, ки ин худ ба рушди забон ва эҳёи калимоти пурмаънии забони мо ёрӣ мерасонад.

Мутаассифона, имрӯз хатари ин раванд, яъне дар забони модарӣ нуфуз пайдо кардани қолибҳои бегона ва ғайритабиии истилоҳнигорӣ дар забони мо бештар эҳсос мешавад. Зеро, илова ба таъсири забони русӣ, таъсири забони инглисӣ ба забони модарӣ рӯз ба рӯз афзун мегардад.

Муҳим он аст, ки ғолибан истилоҳ ифодагари яке аз нишонаҳои асосии мафҳум бошад, ё ба таври мушаххас бори маънии мафҳуми вежа бар дӯши истилоҳ вогузор карда шавад.

Аслан, чунонки дар боло гуфтем, аксари мафҳумҳои нав, ки ба забони модарии мо ворид мешаванд, бо навсозию дигаргуниҳои ҷаҳони муосир хос буда, офаридаи зеҳни мардуми мо нестанд ва дар забони модарии мо василаи дақиқи ифодаи забонии худро надоранд. Аз ин хотир, мо бояд бо мақсади ифодаи ин мафҳумҳо чор шеваи маъмули истилоҳнигорӣ, яъне: 1) муодилҷӯйӣ; 2) истилоҳсозӣ; 3) тарҷумаи истилоҳ ва 4) иқтибосгирӣ истифода бурда, метавонем  забони соҳавиамонро ташаккул  ва ба забони илми муосири тоҷикӣ табдил диҳем.

Дар замони пешрафти техникаву технология воситаҳои ороишӣ аз ҷониби аҳолӣ хеле васеъ истифода мегардад. Имрӯз косметология (ҳуснороӣ) рӯ ба рушд оварда, намудҳои гуногун ва нав ба нави он мавриди истифодаи умум қарор дорад.

Саволе ба миён меояд, ки оё косметология аз давраҳои қадим вуҷуд дошт? Оё мардум дар замонҳои пеш аз нозукиҳои ин пеша бохабар буданд ва онро дуруст истифода мебурданд?  Таърихи он аз куҷо ва кай оғоз гардидааст? 

Маълумоти зиёде дар бораи истифодаи воситаҳои косметикӣ ҳанӯз аз давраҳои якуми пеш аз милод мавҷуд буда, истифодабарандагони он, асосан, аҳолии Миср, Юнони Қадим ва мардуми Шарқ буданд. Дар ин кишварҳо ҳуснороӣ (косметология) ривоҷу равнақ дошт. Дар Мисри Қадим аз воситаҳои ҳуснороӣ (косметикӣ) хеле фаровон истифода мебурданд, ки  бархе аз корҳои пардозгарии он замон то ба имрӯз расида омадааст. Аз ҷумла, пардозгарони имрӯза кӯшиш доранд, ки тавассути кашидани татуаж ба қисматҳои гуногуни пӯсти бадан атрофиёнро ба ҳайрат гузоранд. Инҷо метавон истилоҳи «татуаж»-ро баррасӣ намуд. Татуаж-ро дар фарҳангҳои муътабари  тоҷикӣ-форсӣ бо вожа ё истилоҳи «холкӯбӣ; холкӯбӣ кардан; вашм» истифода мебаранд. Ва аз ҳамин  истилоҳи «татуаж» ҳуснороён вожа ё истилоҳи «татуировка»-ро низ  корбурд менамоянд, ки мафҳуми ин вожа бо истилоҳи «холкӯбӣ; хол кӯбидан ё худ «вашмкунӣ» фаҳмида мешавад.

Ҳамин тариқ, дар забони тоҷикии мо, пеш аз ҳама, муодили истилоҳоти хориҷиро, аз қабили «косметичка», «туш», «шётка», «крахмал», «спонж», «пинсет», «угри» ва «акне» барин истилоҳоти дар ин соҳа корбурдшавандаро мушоҳида мекунем. Аз ҷумла, дар гузашта, дар осори олимону шоирони  бузурги  илму адаби тоҷик косметичкаро «ойнадон», «туш»-ро «гарда», «шётка»-ро «лифак», «крахмал»-ро «оҳар» ё «нишоста», «спонж»-ро «исфанҷ», «пинсет»-ро «абручинак» ё «мӯйчинак» истифода бурдаанд. Ин вожаву истилоҳот дар осори адабиёти классикии тоҷик маҳфуз боқӣ мондаасту чунин истилоҳот имрӯз низ метавонад пурсамар забони тахассусии чунин соҳаро бойу ғанӣ гардонад ва ҷиҳати корбурд манзури соҳибзабонон гардад.

Ҳамчунин, имрӯз мутахассисон ва  кормандони ин соҳа аз истилоҳоти хориҷии марбут ба ин соҳа истилоҳҳои зиёдеро аз қабили «макияж», «демакияж», «маникюр», «педикюр», «депилятсия», «депилятор», «фотоэпилятсия», «депилятсионӣ», «лифтинг», «пилинг», «пиодермия», «угри», «акне», «чистка», «шлифовка», «электрокоагулятсия», «эпидермис» ва даҳҳо истилоҳу вожаи дигарро корбурд менамоянд, ки чунин вожаву истилоҳот низ ё гунаи тоҷиконаи хешро доранд, ё аз ин гуна  истилоҳот бо қудрати истилоҳсозии забони тоҷикӣ вожаву истилоҳоти зеринро  метавон пешниҳод намуд, бо роҳи ҳамгунсозӣ метавонад дар коргузориву забони илмии ин соҳа хидмат намояд.

Мисол:

Косметология – аз Фарҳанги Расулӣ: «Косметология- илми машшотагӣ (зебоӣ), ороишомӯзӣ, пардозомӯзӣ, илми таҷмил».

Худи мафҳуми решаи ин вожа аз юнонии косметика санъати ороиш ва логия илм бармеояд ва як фасли тиб маҳсуб мешавад, ки он воситаҳою усулҳои беҳтар кардани рӯй ва бадани одамро бо роҳи бартарафкунии нуқсони пӯст ва бо усулҳои ҷарроҳӣ беҳтар намудани шакли бинӣ, гӯш ва ғайраро кор карда мебарояд. Дар фарҳангномаҳои тоҷикию форсии муосир мафҳуми болозикрро дар гунаву истилоҳоти «илм дар бораи 1. Ороишӣ; 2. Марбут ба лавозими ороишӣ, 3. Марбут ба зебоӣ, 4. Сатҳӣ; суварӣ, зоҳирӣ» дучор мешавем.

Макияж дар бахши ҳуснороӣ ин мафҳум (ороиш додан), яъне ороишдиҳиро ифода мекунад;

Маникюр — нохуноро; локзан; нохунороягар;

Педикюр – пойоростагар;

Депилятсия – мӯзудойӣ;

Депилятор  — мӯзудо;

Депилятсионӣ – мӯзудойишгарӣ;

Лифтинг – барчидан;

Эпилятсия  — мӯканӣ;

Фотоэпилятсия – мӯзудоӣ ё мӯканӣ бо нур (шуоъ);

Пилинг – лоябардорӣ; пӯст кандан;

Пиодермия — рихинаксорӣ; римнокии пӯст.

Угри — гармича; уд; ҷӯш;

Акне — газаки ғадуди равғани пӯст ва бофтаҳои атрофи он;

Чистка — тарошидан; зудудан; харошидан, хат андохтан (барои рӯй);

Шлифовка — молиш, сойиш;

Электрокоагулятсия — лахташавии барқӣ; мунъақил шудан, бастагӣ, баста шудан;

Эпидермис  — Пӯстпарда, рӯпӯст, башара, рӯкаши пӯст, пӯсти қабати нозуки рӯйи пӯст ва ғ…

Хуллас, бо овардани чунин мафҳуму муодилҳо ва гунаҳои тоҷикию истилоҳоти сохташудаи дар боло овардашуда, ки аз нигоҳи забоншиносӣ пешниҳод гардидаанд, метавон иброз дошт, ки таҳияву танзим ва корбурди истилоҳоти тахассусӣ танҳо бо пешниҳоди мушаххас ва таҳқиқгардидаву коркардшуда аз ҷониби мутахассиси соҳа дар ҳамкориҳо ва ниҳоят пас аз мувофиқа бо аъзоёни Шурои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Чунки, маҳз, дар сурати ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ мо метавонем забони илмии ҳар як соҳаи тахассусиро рушд додаву дар пешрафти ҷомеа ва инкишофи пайвастаи забони давлатиамон саҳмгузорӣ намоем.

 

Раҳим Зулфониён

номзади илмҳои филологӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *