Конибодом гӯшаи хушманзараи диёри Тоҷикистон буда, зодгоҳи шахсиятҳои барӯманд мебошад, ки яке аз онҳо аввалин балеринаи тоҷик Лутфия Зоҳидова (1925–1995) аст.
Соли 1934 волидайнаш ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) кӯчида омоданд. Дар ибтидо Лутфия орзу дошт, ки муаллима шавад. Пас аз хатми мактаби ҳафтсола ба Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи Душанбе дохил шуд. Дар баробари машғулияти асосӣ, дар маҳфили ҳаваскорони санъати омӯзишгоҳ иштирок мекард ва дере нагузашта миёни сарояндагону раққосони ҳаваскор шинохта шуд.
Соли 1936 дар шаҳри Сталинобод озмуни толибилмони омӯзишгоҳҳои мусиқӣ дар бахшҳои пианинанавозӣ, скрипка, рақс, сурудхонӣ баргузор гардид, ки Лутфия Зоҳидова рақси миллии “Липар”-ро бо маҳорати баланд иҷро карда, ғолиб омад. Дар ин чорабинӣ Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур (1899-1937) иштирок мекард. Ӯ Лутфияро табрик намуд ва аз пешониаш бӯсида ба вай гулдасти зебою соати дастӣ туҳфа намуд.
Соли 1939 комиссияи махсусе аз Москва омада, Лутфияро ба дастаи суруд ва рақси Иттифоқҳои мамлакат даъват мекунанд. Аз ҳамон лаҳза фаъолияти ҳунарии ин раққосаи боистеъдод оғоз ёфт. Дар Москва ӯ аз устодони рақс Радунский, Голейзовский, Вайнонен, таълим гирифта, маҳорати хешро сайкал медиҳад.
Лутфия Зоҳидова соли 1941 ба Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни омада, аввалин бор соли 1943 дар балети классикии «Тщетная предосторожность» нақши Лизаро офарида буд. Солҳои 50-уми асри ХХ дар балети «Лайлӣ ва Маҷнун», ки дар ҳамин театр ба саҳна гузошта шуд, нақши Лайлиро иҷро кард. Балети мазкур, ки дар асоси достони безаволи адабиёти Шарқ эҷод шудааст, зуд машҳур гардида, берун аз Тоҷикистон ҳам мухлисони сершумор ёфт. Санъати Лутфия дорои лирикаи нозук ва драматизми амиқ буд. Вай дар давоми фаъолияти эҷодӣ даҳҳо рақси классикӣ ва халқии тоҷикро бо маҳорати ба худ хос иҷро намуд. Ӯ аввалин балеринаи тоҷик аст, ки дар асоси анъанаҳои пурғановати рақси миллӣ ва омӯхтану истифодаи таҷрибаи хореографияи рус ба комёбӣ ноил гашта буд. Ӯ дар балети тоҷик унсурҳои рақси классикӣ ва халқиро устокорона омезиш додааст. Нақши Шаҳризода аз балети “Шаҳризода”, Золушка аз “Золушка”, Мария “Фаввораи Боғчасарой” Лиза аз “Тщетная предосторожность” беҳтарин нақшҳои офаридаи ӯ ҳастанд.
Лутфия Зоҳидова ба кишварҳои Ҳиндустон, Германия, Муғулистон, Булғористон, Албания, Индонезия, Гвинея, Гана, Ҷумҳуриҳои Араб сафар карда, ба санъати рақси тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ овард.
Лутфия Зоҳидова солҳои 1961–1995 директори омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Душанбе буд. Ӯ тамоми қувваю ғайраташро ба тарбияи кадрҳои санъати балет ва рақс бахшид.
Раққосаи моҳири тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР (1949) Артисти халқии СССР, барандаи мукофоти Сталинӣ, Медали Дӯстии халқҳо (1985), бо орденҳои «Байрақи Сурхи меҳнат”, Нишони Фахрӣ ва бо Ифтихорномаҳои Президиуми Шурои Олӣ, Кумитаи занҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Лутфия Зоҳидова соли 1995 дар синни 70-солаги дар шаҳри Душанбе ин дунёро падруд гуфт. Оромгоҳи ӯ дар Лучоб ҷойгир аст.
Ҳар нафаре, ки барои халқу Ватани азизаш ҷонфидоӣ намудааст, новобаста ба гузашти айём, бо номи нек ёдоварӣ карда мешавад. Бешак, Лутфия Зоҳидова яке аз чунин шахсиятҳост.
Бахтовар Темирзода
корманди Осорхонаи фарҳангии
мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ
