Мардуми мо бо шеър нафас мекашад

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Фарзонаи Хуҷандӣ – яке аз маъруфтарин шоири муосири тоҷик 60-сола шуд. Ба ин муносибат рӯзноманигор Одил Нозир бо эшон суҳбате анҷом дод, ки ҷавҳари онро пешниҳоди шумо – хонандаи маҷаллаи “Фирӯза” менамоем.

– Аз кадом вақт дарк кардед, ки шеър роҳи баён кардани ормонҳоятон аст? Яъне, чӣ тавр ба гуфтани шеър оғоз кардед?

– Аз рӯзгори кӯдакӣ ба сухани мавзун муҳаббат доштам ва худам ҳам ҳуруфе чанд пайи ҳам мечидам. Оҳиста-оҳиста ин навиштаҳо инсонҳои пазиранда ёфтанд.

– Вақте ашъори Шуморо аз даврони ҷавонӣ то имрӯз мехонем, гардишҳоеро дар эҷодиётатон мушоҳида мекунем. Чӣ омилҳо ба эҷодиёти шумо таъсиргузор буданд?

– Як муддати том, зери таъсири ҳуруфи офтобии устод Лоиқ будам ва ҳанӯз ҳам аз он таъсир ва таассуроти рӯшану мунавваркунанда берун наомадаам. Як муддати дигар зери таъсири ҳамнаслони устод Лоиқ, ки хеле шуарои қавии неруманде ҳастанду ҳамаашон қитъаҳои ҷудогонаро дар шеъри имрӯз боз кардаанд. Ҳамчунин, муддате ҳам буд, ки бо таъсири шеъри Фурӯғ сухан мавзун мекардам. Баъдан, хостам, ки ба сӯйи нуру сурур нақб канам ва ба ман салом гуфт Мавлоно. Мавлоно, ки дигар аз таъсири ӯ, аз иҳотаи ӯ, муҳосираи зебои ҷаҳонгиру ҷаҳонпаймои ӯ роҳи раҳоӣ надорам. Устод Лоиқ ҳам вақте ба ман “Девони Кабир” -и Мавлоноро дар таҳияи Бадеъуззамони Фурӯзонфар ҳадя карданд бо ишора суол намуданд: “Хеле вазнин аст, бардошта метавонӣ? Ту бисёр нозук ҳастӣ”. Он вақт 21 сол доштам. Суоли устод на ба он маънӣ буд, ки ман 5 кг китобро мебардорам ё не. Ба ин маънӣ, ки бори нуҳ осмонро ва бори кулли коинотро ту бо ин наҳифӣ чӣ гуна мебардорӣ?

–Дар оғози эҷодиётатон мунаққидон шуморо барои аз воқеияти замон дур будан ва рӯҳи классикӣ доштани шеъратон интиқод карданд. Вале аксари шеърҳои шумо иҷтимоӣ ҳастанд ва фарогири масъалаҳои ҷомеа.

– Ҳуруфи ман бозгӯйи воқеият аст, фақат як кам ба таври дигар. Яъне бо он, ки масалан, маҷрои тахайюлот маро ба ҳарсӯ мекашад, ман ҳаргиз намехоҳам, ки аз воқеият барканда бошам ва ҳуруфе гӯям, ки бархурди инсони имрӯз ҳам бошад. Напиндорад, ки ман аз замони асотир омадам ва чун ёдгори асри куҳан ҳастам ва ҳарфҳое бигӯям, ки кайҳо дар бойгонӣ ҳастанд. Бояд сухани имрӯзро ҳам гӯем. Дарди дили ҷомеаи имрӯзи миллати худро ва бани башарро эҳсос кунем ва набзи бисёр пурташаннуҷи ҷаҳони имрӯзаро дар вуҷуди худи худамон ва дар шеъри худамон эҳсос намоем.

– Шумо оз оғоз дар эҷодиётатон инсони комил шуданро талқин мекунед. Вале чаро ба назари шумо на ҳар инсон тариқи дурусти зистанро меомӯзад?  

– Инсон шудан, як кори нисбатан одӣ аст. Аммо афсӯс, ки ҳамин кор аз дасти иддае аз инсонҳо намеояд. Агар меомад, магар имрӯз дарҳо қулф медоштанд? Магар ҷанг мешуд? Магар дар дунё ҳанӯз ҳам садои гулӯлаву тир садо медод? Кӯдакҳои ширини нав ба дунёомада магар фавт мекарданд? Албатта, зӯри мо барои тағйири олам намерасад. Мо наметавонем, сайёраро ба самти дигар кӯч диҳем. Вале зӯрамон мерасад, ки ба ҳадди инсонӣ бирасем ва ҳидоятгари дигарон бошем.

 

Ту медонӣ, ки ислоҳи башар чист?

Ҷуз ислоҳи худӣ чизе дигар нест.

Мадеҳ тағйир авзои ҷаҳонро,

Ки гар худро диҳӣ тағйир, кофист.

 

– Мо дар асри рушди технология, иттиллоот ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиндагӣ мекунем. Дар ин шабу рӯз ба андешаи шумо шоир то куҷо рисолаташро иҷро мекунад?

–  Аҷиб аст, ки ҳанӯз ҷомеаи мо, миллати мо боз ҳам мисли пешин чун ҳавову об ниёзманд аст ба сухани мавзун ва хаёл мекунам, ки ҳанӯз шеърро як мафҳуме, ки пиршуда бошаду фарсуда бошад ба бойгонӣ наниҳодааст. Ҳанӯз бо шеър зиндагӣ мекунад, ҳанӯз ниёзи бисёр шадид дорад.

Миллати мо аз оғоз миллати шеър буд, миллати сухан буд, миллати нур буд ва бо паёмҳои руҳонӣ ва бо қути маънавӣ ҳамеша зиндагиро идома мебахшид. Бо он ки ҳоло мову шумо дар замони шитобҳои бузург, дар замони тарвиҷи техникаю технологияи муосир, дар замони ибтикор ва ихтирооти бузурги атомӣ қарор дорем, боз ҳам руҳи инсонҳо ва хосса руҳи ҳаммиллатони мову шумо ниёзи шадид дорад ба ғизои маънавӣ, ба қути ҷон. Ва қути ҷон чист? Он башоратест, ки аз бузургон ба аҳли миллат меояд ва шеър ҳам ба он дохил мешад. Дар ҳоле, ки ҳуруфи мутавассит набошад, дар дохилаш муждаҳову пайкҳое дошта бошад, дар дохилаш дастури худшиносиву камол бошад.

– Шумо дар муҳити адабу фарҳанги форсизабон зуд шуҳрат ёфтед. Ҳанӯз дар ҷавонӣ соҳиби ҷоизаву унвонҳо шудед. Вале шумо ҳамоно як инсони хоксору заминӣ боқӣ мондед. Ин ба Шумо чӣ гуна даст медиҳад?

– Ман аз даврони кӯдакӣ орзу доштам, ки бо ҳама баробар ва ҳаммақом бошам. Аз касе фаротар наравам ва аз касе фурӯтар ҳам набошам. Дар мавриди аз худ рафтану ғарра шудан ва ба кибр дода шудан, ҳаминро мегӯям, ки одамоне, ки фирефтаи ҷоҳу шукӯҳу таҷаммул мешаванд, мутаассифона, шикастҳои бузург мебинанд. Аз давраи ҳою ҳӯй ба давраи ҳой-ҳой мерасанд. Бинобар ин, дар як мисрае мазмунан чунин гуфтаам. “Эй Худоҷон, ба ман бахти оддии як инсони заминӣ деҳ”, яъне ки барои ман ҳеҷ моҳият надорад, ки шумо дар ҷадвали мартаба маро аз ҳама охир мегузоред ё аз ҳама боло. Ман хеле мехостам, ки зиндагонии маъмулие дошта бошам, бо ҳузури инсонҳои шариф, бо ҳузури инсонҳои азизе, ки буданашон зиндагонии маро ранг медиҳад ва фурӯғ мебахашад.

– Дар рӯзҳои мавлудатон бисёр гуфтанду навиштанд. Ин марҳилаи умратонро худ чӣ гуна пазируфтед?

– Ман дигаргуна мехостам, ки ба ин фасли зиндагӣ биёям ва ин марҳилаи ҳаётамро дуруд гӯям. Вале, мутаассифона, бо шикасту рехт ба ҳамин марҳила расидам. Ва ҳоло наметавонам сухан аз нусратҳои зиндагиям гӯям. Дар ҳар сурат, бо шукргузорӣ аз ҳузури азизоне, ки ҳанӯз фурсати будан доранд ва ба будани ман ниёз доранд, хаёл мекунам, ки бо шукр ва сабр идомаи зиндагиро бояд паймоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *