Нигини саҳнаи тоҷик

Яке аз падидаҳои баёдмонданӣ ва муҳимми фарҳангӣ дар соли 2024 таҷлили 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ва ҳунарнамоии сарояндаи номвари тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нигина Амонқулова дар консерти бошукӯҳе буд, ки имрӯзҳо вирди забони форсигӯёни олам аст.

Нигоҳе ба “Гули сурх”

Тобистони соли 2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО – шаҳри Пориси Фаронса, 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо иштироки олимону донишмандон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нигина Амон­қулова дар консерти бошукӯҳе, ки бо Оркес­три симфо­нӣ таҳти роҳбарии Ораши Фӯлодванд дар ҳамовозӣ бо овозхонҳо Ваҳиди Тоҷ ва Соро Ноилӣ аз эҷодиёти Мавлоно сурудҳоро дар сатҳи баланд иҷро намуданд. Зикри ин нукта муҳим аст, ки Нигина дар ин барнома сурудҳоро бо сабки ба худ хос иҷро кард. Ӯ вақти иҷро талош накардааст, ки лаҳни сурудани худро ба лаҳни ҳамхонҳояш наздик кунад, балки тоҷикона, бо шеваву садое месарояд, ки дар таронаҳои қаблиаш мешунидему мешунавем.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон нафаре нест, ки ин таронаҳои «Найнома», «Нишони ту», «Ошиқонаҳо» ва “Гули сурх”-ро надонад ва дӯст надорад. Ин сурудҳо дар ҷаҳони форсизабон ҳам маъруфият пайдо намуданд. Ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳид ҳастем, ки ҳазорон нафар аз эрониён ва дар умум, форсигӯёни саросари ҷаҳон пораҳои иҷрои Нигина Амонқуловаро бознашр карда нисбат ба ҳунари ӯ меҳру алоқаи худро баён мекунанд.

Сароянда Нигина Амонқулова дар ин барномаи консертӣ на танҳо ҳунари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, балки зебоиву шаҳомати либоси миллии тоҷикро низ бори дигар дар ин саҳнаи бузург ҷилвагар намуд. Либоси, ки Нигина Амонқулова дар ин барнома дар тан дошт,  тарроҳи тоҷик Умед Кӯчкалиев, маҳз, барои ин чорабинии бошукӯҳ  дӯхтааст.

Андалебе аз “Андалеб”

Ба майдони ҳунар омадани сарояндаи шинохта Нигина Амонқулова ба ёди ҳамаи мардуми Тоҷикистон ҳаст. Соли 2006 духтараки 20-солаи резапайкар бо тоқии тоҷикӣ ва куртаи атлас дар саҳнаи Фестивал-озумуни эҷодиёти халқ — “Андалеб” пайдо шуд ва суруди “Муҳаббат”-ро бо маҳорати баланд иҷро кард. Ин суруди сарояндаи нотакрор Шоиста Муллоҷоноваро бозхонӣ кардан аз овозхони ҷавон маҳорат ва ҷуръат талаб мекард, вале Нигина собит намуд, ки овозаш барои иҷрои ин сурудҳо мерасад.

Истеъдоди Нигина аз назари Президенти кишвар дур намонд ва бо супориши бевоситаи сарвари давлат ӯ ба пойтахт омад ва донишҷӯйи Консерваторияи миллии Тоҷикистон гардид. Ҳамчунин, ӯ дар яке аз ансамблҳои ҳунарӣ ба кор ҷалб шуд ва Ҳукумати кишвар сарояндаи ҷавонро бо манзили зист дар пойтахти кишвар таъмин намуд.

То он лаҳза Нигина донишҷӯйи Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент буд. Вале чунин гардиши куллии ҳаёташро ӯ бо масъулият қабул карда, ҷиддӣ аз пайи такмили овозу истеъдодаш шуд. Солҳо дар ансамбли “Дарё” фаъолият намуд. Бо оҳангсозону адибон ҳамкорӣ намуда даҳҳо суруд иҷро кард, ки ҳама вирди забони мардум ҳастанд.

Ёде аз даврони шубоб

–Дар суҳбатҳоятон мегӯед, ки аз кӯдакӣ ба овозхонӣ завқ доштед, вале чаро донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ шудед?

–Додарам Хусрав намегузошт, ки саҳнаро тарк кунам. Ӯ доим маро талқин мекард, ки бояд овозхони эстрада шавам ва ба саҳна бароям. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷи тиббӣ дар барномаҳои фар­ҳангии зиёде баромад мекардам, сурудҳои халқӣ мехондам. Таронаҳоям ба тамошобинон писанд омада, маро намегузоштанд, ки аз саҳна равам. Хоҳиш мекарданд, ки ақалан як суруди дигар иҷро кунам.

Он вақт фаҳмидам, ки табибӣ касби ман нест. Вақте ба Душанбе омадам, ҷиддӣ ба олами мусиқӣ ворид гаштам. Донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва овозхони ансамбли «Дарё» шудам ва нозукиҳои санъати овозхониро аз устодон омӯхтам.

Ҳамон Нигинаи пешинам…

Гарчанде Нигина Амонқулова имрӯз яке аз саро­яндаҳои номвари кишвар, Ҳунарпешаи шоис­таи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Узбекис­тон, яъне ситораи дурахшони саҳна аст, бо гузашти солҳо хислати ӯ тағйир наёфта, ҳамоно як бонуи хеле хоксору заминист. «Ман ҳоло ҳам ҳамон Нигинаи пешинам, то ҳанӯз бо ҳамсинфону дугонаҳои кӯдакиам суҳбат мекунам, хонаашон меравам, дар маъракаҳояшон хидмат мекунам. Мумкин диду назарам, андешаҳоям тағйир ёфта бошад, вале хислатам не!” – таъкид мекунад ӯ.

Нигина мегӯяд: “Ҳунар бароям як туҳфаи илоҳӣ аст. Ман кӣ ҳастам, ки худамро баланд гирам? Ҷое даъват мекунанд, кӯшиш мекунам, ки ҳатман равам. Мардум шояд фикр кунанд, ки ман ба ҳама туйҳо пулакӣ меравам. На, ба тӯйҳое ҳам меравам, ки мухлиси асил ҳастанд, вале шароит надоранд”.

Тарғибгари либоси миллӣ

Нигина Амонқулова яке аз он ҳунармандонест, ки бо либосҳои миллӣ, бештар бо атласу чакан ба рӯйи саҳна мебарояд.

Дар мавриди либоси ҳунармандон Нигина Амон­қулова мегӯяд, ки: «Чеҳраҳои шинохта бояд бо либоси мувофиқ дар ҳузури ҷомеа пайдо шаванд, чунки ҳунарманд оинаи чеҳранамои миллат аст. Аз ин рӯ, ҳу­нармандон дар интихоби либос бояд бисёр эҳ­тиёт­кор бошанд. Чунки бештар духтарчаҳои ҷавон, мактабхонҳо ба сарояндагон пайравӣ мекунанд”  – мегӯяд Нигина Амонқулова.

…Имрӯзҳо Нигина Амонқулова барои истиқболи ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинад. Мегӯяд, ки дар арафаи Наврӯзи оламфрӯз сурудҳои нави худро пешкаши мухлисонаш хоҳад кард.

Мо ба Нигина Амонқулова барору комёбӣ мехоҳем.

 Шоиста Исматзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *