Даврони тиллоии умр

Зиндагӣ мисли муъҷиза аст. Дар он вақт муъҷиза ба воқеият табдил мегардад, ки аз пайи амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ бошӣ!

Ин гуфтаҳо шиори зиндагиям ҳастанд. Воқеан, он чизеро, ки мо аз сидқи дил мехоҳем ва талош мекунем, соҳиби он мегардем.

Ман дар ноҳияи зебоманзари Хуросони вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Модари омӯзгорамро хурду бузурги деҳа эшонро эҳтиром мекунанд. Аз ҳамин пай бурдам, ки барои зан беҳтарин касб омӯзгорӣ мебошад.

Замони кӯдакиву наврасӣ бароям беҳтарин шароит муҳайё буд, то ки илм омӯзам, дар озмунҳо фаъолона иштирок намоям. Дар соли хониши 2020–2021 гирандаи стипендияи раиси Вилояти Хатлон ва дар солҳои 2021–2022 гирандаи стипендияи президентӣ будам.

Соли 2022 тариқи Маркази миллии тестӣ назди Президенти ҶТ ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ, факултети таърих ва ҳуқуқ, аз рӯйи ихтисоси таърих – забони англисӣ, гурӯҳи рӯзона – ройгон дохил шуда, ба номи пуршарафи донишҷӯй мушарраф гаштам. Имрӯз дар курси 3-юм таҳсил карда истодаам ва хеле хуб дарк кардам, ки беҳтарин даврон ин давраи донишҷӯӣ мебошад. Айёме, ки як умр бо хотираҳои ширин дар ёдҳо мемонад.

Дар давраи донишомӯзӣ дӯстони зиёде, аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азизамон, пайдо намудам. Аз хурдӣ орзу доштам, ки як либоси зебои бадахшонӣ дошта бошам. Ниҳоят ба воситаи ҳамсабақи ишкошимиам ба ин орзуи худ расидам.

Имрӯзҳо барои мо донишҷӯён беҳтарин шароитҳо муҳайё гардидааст, ки моро мебояд аз ин шароитҳо самаранок истифода барем. Барои мисол банда таълимгирандаи Маркази таълимии занон «Сарвар» ҳастам. Ин марказ дар татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат» мебошад, ки ин ғамхории бевоситаи Ҳукумати кишвар нисбати мо духтарон ба ҳисоб меравад. Омӯзгорони беҳтарин бароямон малакаҳои сарвариро меомӯзанд. Дар маркази зикршуда мо духтарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳастем ва дар баробари он, ки дарс меомӯзем, ҳамзамон зиндагӣ мекунем.

Дар давраи донишҷӯӣ имкон доштам, ки дар озмунҳо аз қабили, «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои Миллат» иштирок намуда, дониши хешро сайқал диҳам. Ҳамчунин, дар курси “Пайравони Пешвои миллат”, ки шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С. Айнӣ роҳандозӣ кардааст, шунаванда шудам. Дар ин курсҳо барои мо роҳбарони корхонаву вазоратҳо аз мактаби давлатдории Пешвои Миллат ва аз таҷрибаи роҳбарии хеш дарс гузаштанд, ки барои дониши сиёсии мо ҷавонон бисёр муфид аст.

Таҷриба инсонро ҳамаҷониба ташаккул медиҳад. Бинобар ин, дар радифи донишҷӯӣ, хостам кор кунам. Айни ҳол, дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе, ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кадр ва котибот фаъолият карда истодаам. Фазои коргоҳ низ бароям писанд аст. Инсонҳое, ки воқеан зиёӣ ва маорифпарвар ҳастанд, ман дар вуҷуди якоякашон хоксорӣ, меҳрубонӣ, дӯст доштани Ватанро мебинам, махсусан роҳбарии муаллима Мутриба Аҳмадӣ директори филиал сазовори пайравӣ аст.

Воқеан, ман худро ҷавони хушбахтарини замони Истиқлол меҳисобам. Маҳз, бо дастгирию ҳидоятҳои Президенти кишвар имрӯз дар фазои ободу озод мо ҷавонон дар пайи дастовардҳои нав ба нав ҳастем. Бинобар ин, миннатдории самимонаи хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам. Ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо ваъда медиҳам, ки донишгоҳро бо сари баланд хатм намуда, оянда мутахассис гашта, ба халқу Ватани азизи худ содиқона хизмат намоям.

Зайнаб Сафарализода

донишҷӯи курси сеюми ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *