Панҷ панҷааш ҳунар

Гулҷаҳон Давлатова яке аз занҳои ҳунарманди ноҳияи Темурмалик бо ҳисоб меравад. Ӯ ҳанӯз аз давраи ҷавонӣ ба касби дӯзандагӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Ҳамин аст, ки ин пешаро аз худ намуда, ба ин васила ҳам нон ёфту ҳам ном. Дар баробари ин, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки имрӯзҳо дар хизмати мардум ҳастанд. Гулҷаҳон мегӯяд, ки ҳунарманд дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хор намешавад.

Касби модар

Гулҷаҳон дар оилаи серфарзанд таваллуд шуда ба воя расидааст. Азбаски духтари калонии хона буд, ба модар барои нигоҳубини додару хо­ҳарак­о­наш ёрӣ мерасонид.

Модараш баъди анҷоми корҳои хона ба назди мошинаи дастӣ нишаста ба духтани курта, курпача ва дигар чизҳои лозима машғул мешуд. Гулҷаҳон ба дарзу дӯзи модар зеҳн монда, ҳар дафъа мехост асроре аз ин олами ҳунар кашф намояд ва ӯ бо ин кунҷкобии худ нозукиҳои ҳунари модарро оҳиста-оҳиста аз худ мекард. Гоҳ-гоҳ аз модараш иҷозат гирифта ба мошинаи дастӣ кор карданро меомӯхт ва аз боқимондаи матоъҳо курта­­чаҳои кӯдакона барои хоҳаронаш пора карда медӯхт. Модар куртачаҳои духтаи ӯро аз назар гузаронида, камбудию хатогиҳояшро ислоҳ мекард. Гулҷаҳон ҳамеша аз модараш миннатдор аст, зеро ки ӯ аз модар натанҳо дӯзандагӣ, балки ҳамаи ҳунарҳои мардумӣ, кадбонугӣ, яъне омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва дар танӯр пӯхтани нону кӯлчаҳои бомаззаро омӯхтааст.

Гирудори зиндагӣ

Вақте, ки Гулҷаҳон мактабро хатм намуд, ӯро ба шавҳар доданд. Ӯ рӯзи дароз мисли дигар наварӯсон ба корҳои хона машғул буд. Дар маҳаллае, ки ӯ арус шуда омад, бошандагонаш аз ҳунару ҳунармандии ӯ воқиф гаштанд. Духтарони ҳамсоя бо баҳонаи арӯсбинӣ ба наздаш омада дарҳол ба духти куртааш аҳаммият медоданд. Гулҷаҳон дид, ки занону бонувони маҳаллаашон ба духти куртаҳояш таваҷҷуҳ намуда, хоҳиши фармоиш ва омухтани ҳунари дӯзандагиро доранд. Ӯ ҳунарашро пинҳон накард, касе ки курта овард қабул намуд. Занону духтарон аз духти куртаҳои ӯ розӣ шуда, хурсанд аз наздаш мерафтанд.

Солҳои пеш аксарияти мардуми деҳқон аз техника танқисӣ мекашиданд, аз ин лиҳоз корҳои заминро бештар дастӣ анҷом медоданд. Гул­ҷаҳон низ дар миёни дигар занҳои маҳаллаи Ҳам­ровиё ба саҳро баромада, ба кори хоҷагӣ маш­ғул мешуд. Дар баробари ин, пайваста замини наз­диҳавлигиашонро самаранок истифода бурда, аз ҳисоби ҳосили он барои зимистон захира мекард. Мураббо ва хӯришҳои зимистона омода мекард. Дар баробари ин гирудорҳои рӯзгор кори дӯзандагиро аз худ дур накард.

Коргоҳи дӯзандагӣ

Рӯзе Гулҷаҳон дар сари дастархон ба хонавода гуфт, ки мехоҳад ҳуҷраеро барои таъсиси дӯкони дӯзандагӣ ҷудо намояд. Аҳли хонадон ҳар яке розигӣ дода иброз намуданд, ки лозим шавад, дастгирӣ ҳам мекунанд.

Гулҷаҳонро ин хабар хушҳол намуд, ва зуд аз пайи иҷроаш шуд. «Барои дӯкони дӯзандагӣ кушодан шароити хуб ҳам набошад, ҳуҷраеро холӣ карда рангубор намудем» -мегӯяд Гулҷаҳон.

Гулҷаҳон духтароне, ки хоҳиши омӯхтани дӯ­зандагиро доштанд ба наздаш ҷеғ зад. Ӯ сараввал духтаронро бо тарзи истифодаи дурусти ба кор бурдани мошинаи дастӣ шинос намуд ва матоъҳоро пора карда фармуд, ки хати рост дӯхтанро омӯзанд. Ва оҳиста-оҳиста аз матоъҳо пора кардан ва тарзи бо сифату зебо дӯхтани куртаҳои гуногунро омӯхт. Ӯ ба завқу ҳаваси шогирдонаш нигоҳ карда, кӯшиш менамуд, ки ҳар яки онҳо ҳама нозукиҳои касби дӯзандагиро омӯхта, ин ҳунари волоро ба зудӣ аз худ кунанд.

Гулҷаҳон бо заҳмату кушишҳои зиёд тавонист, ки соли 2024 соҳиби гранти “Занони соҳибкор” гардад. Ӯ, дарҳол, аз ин маблағ мошинаи дӯзандагии замонавӣ харидорӣ намуд ва бо ин васила шароити корияшро хубтар ва сафи шогирдонашро зиёд намуд.

“Шодам, ки шогирдонам ҳунар омӯхта соҳибкасб гаштаанд ва бо ин ҳунари худ ба буҷети оила саҳми арзандаи худро мегузоранд,” – бо ифтихор мегӯяд Гулҷаҳон.

Оилаи солим

Гулҷаҳон шукргузор аз он аст, ки оилаи солим дорад, шавҳари меҳрубон, фарзандон ва келини хуб насибаш гаштааст. Соҳиби набераҳои дӯстрӯяк мебошад. Ӯ занест, ки бо меҳру муҳаббати зиёд фарзандонро тарбия намуда, ҳамеша ба одоб ва донишандӯзияшон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Фарзанди дуюмаш Шералӣ Давлатов хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ ҷавон ҳам бошад, бо дуои неки падару модар ва ғайрату қобилияташ аллакай журналист ва блогери муваффақ гаштааст. Шералӣ Давлатов сармуҳаррири рӯзномаи” Истиқлол”-и ноҳияи Темурмалик мебошад ва иловатан, дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъол буда, зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ дорад. Дигар фарзандонаш ҳам аз пайи таҳсил ҳастанд.

“Ёд дорам, ки дар хурдӣ модарам ҳатто барои мо шиму костюму курта медӯхтанд. Он солҳо воқеан шароити иқтисодӣ хуб набуд, лекин модараҷонам бо ҳунари волои худ кӯшиш мекард, ки дар баробари падарам барои таъмини либосҳои фарзандон кӯмак кунад ва мо аз чизе танқисӣ накашида ба воя расидем” — мегӯяд Шералӣ Давлатов.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Гулҷаҳон натанҳо ба дӯхтани куртаҳои миллӣ машғул аст, балки ба дигар ҳунарҳои мардумӣ ба монандӣ чакандузӣ, попурӣ ва зардӯзӣ ҳам ҳамто надорад. Воқеан, панҷ панҷааш ҳунар мебошад. Ҳунарҳои дастии ин зани чирадаст дар ҷашну идҳои миллӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бонувон бо куртаҳои дӯхтаи Гулҷаҳон боз ҳам зеботар мешаванд. Ҳунари ӯ дар ноҳия ва берун аз он муаррифӣ гардида, бо чандин тӯҳфаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

“Шодам, ки Пешвои муаззами миллат солҳои зиёд аст, ки ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ доранд. Аз ин лиҳоз мо мехоҳем, ки ҳунарҳои мардумии аҷдодонамонро тарғиб намуда, онро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем. Беҳуда нагуфтаанд, ки Зан-Модар хазинадори тамаддуни миллат аст,” – мегӯяд Гулҷаҳон Давлатова.

Мо ба Гулҷаҳон дар ин ҷодаи ҳунар барору комёбӣ мехоҳем.

Сарвар Урозова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *