Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик дар баробари мардон садҳо нафар бонувон низ табъи хешро дар суханварӣ санҷида, асарҳои мондагор таълиф кардаанд. Имрӯз мо бо ифтихор номи Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисо ва дигар шоиронро ба ёд меорем. Вале дар миёни бонувон афроде ҳам будаанд, ки рисолаҳои илмӣ ва таърихӣ навиштаанду афсус дар бораашон мо хеле кам маълуот дорем. Яке аз онҳо Гулбаданбегим аст, ки аз байни бонувон бо забони тоҷикӣ нахустин рисолаи таърихиро таълиф кардааст.
Гулбаданбегим ё Гулбаданбону духтари Заҳируддин Муҳаммади Бобур буд, ки тақрибан соли 1523 дар Кобул таваллуд шудааст. Тибқи иттилои сарчашмаҳо ӯ то 6-солагиаш дар Кобул зиндагӣ карда, соли 1528 ҳамроҳи падараш ба шаҳри Аграи Ҳиндустон меравад. Баъди вафоти Муҳаммади Бобур (1530) Гулбаданбегим дар тарбияи модараш ба воя мерасад. Гулбаданбегим дар дарбори бародараш Акбар (ҳукмронӣ 1556-1606) зиндагиву эҷод карда соҳиби обруву нуфузи зиёде мешавад. Ӯ бо вуҷуди он ки аз оилаи бонуфуз буд, илму эҷодро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, асарҳои назмиву насри таълиф кардааст.
Ягона асари ба мо расидаи илмию адабии ба забони форсӣ-тоҷикӣ навиштаи Гулбаданбегим «Аҳволи Ҳумоюн» (1585–87) аст, ки бо номи «Ҳумоюннома» низ машҳур аст.
Гулбаданбегим ин асарро бо хоҳиши вазир Шайх Абулфазл ибни Шайх Муборак Алломӣ, ки ҳам олим буду ҳам шоир навиштааст. Ӯ дар ин бора менависад: «Ҳукм шуда буд, ки он чӣ аз воқеаи фирдавс, макон ва ҳазрати ҷаннатошён медониста бошад, бинависанд. Вақте ки ҳазрати фирдавсмакон аз долурфано ба дорулбақо хиромиданд, ин фақир ҳаштсола буд. Бинобар ҳукми подшоҳ он чӣ шунида ва ба хотир буд, навишта мешавад».
Гулбаданбегим асарашро ҳамчун хотирот дар пайравии «Бобурнома» навиштааст. Ӯ бинобар хурдсолӣ, давраи ҳукмронии падарашро хуб дар хотир надошт ва воқеаҳои давраи охири ҳаёти Бобурро бо истифода аз «Бобурнома» навишт. Қисми зиёди хотироти Гулбаданбегим ба шарҳи ҳодисаҳои замони ҳукмронии Ҳумоюн бахшида шуда, бо зикри воқеаи милкашӣ ба чашми Комрон Мирзо хотима меёбад. Асари мазкур барои омӯхтани таърихи сиёсӣ иқтисодӣ ва мадании Ҳиндустон аҳаммияти калони илмӣ дорад.
«Ҳумоюннома» гарчанде асари нотамом аст, вале арзиши баланди илмӣ дорад. Забони асар содаву равони тоҷикӣ аст.
Нусхаи дастнависи «Ҳумоюннома», ки дар Осорхонаи Британия маҳфуз аст, бо гузашти замон зарар дидааст. Аз он ҳамагӣ 96 саҳифа боқӣ мондаву дигар қисматҳои он нобуд шудаанд. Вале бо вуҷуди ин, асари мазкур арзиши баланди илмӣ дорад ва барои шинохти як давраи муҳимми таърихӣ маводди фаровон медиҳад. Ҳамчунин, ин асар баёнгари нуфузи забони тоҷикӣ дар Ҳинд ва давлатдории Темуриёни Ҳинд аст, ки боиси ифтихори мо мебошад.
“Ҳумоюннома” ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, ҳиндӣ ва узбекӣ тарҷума шудааст. Баргардони узбекии он бо матни асл, яъне тоҷикӣ дар дар замони шуравӣ дар Тошканд ба табъ расидааст. Месазад, ки ин таърихномаи форсиву тоҷикӣ аз нав ба забони асл дар Тоҷикистон чоп ва мавриди истифодаи муҳаққиқон ва дӯстдорони таърих қарор бигирад.
Шоиста Исматзода
ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
