
Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, тундбодҳои решабарандози замонаро пушти сар намуда, то бар рӯзгори мо омада расидааст.
Аллома Димишқӣ дар китоби «Наҳбат-уд-даҳр» фармудааст: «Наврӯз, ки иди бостонист ва ҳавзаи фарогирии он борҳо тағйир хӯрда, хеле фарох аст, аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадааст ва ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст, таҷлил мешавад.»
Ба қавле пайдоиши ин ҷашн ба замони ҳазрати Одам ва Каюмарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба далели дигаре, ба замони Зардушт рост меояд.
Ҷашни Наврӯз дар даврони бостон, бавижа дар давраи Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ба унвони як ҷашни миллӣ мавриди таваҷҷуҳ будааст ва реша дар боварҳо ва эътиқодоти деринаи ориёиён дорад.
Баъд аз ислом низ давлатҳои Тоҳириён ва Сомониён ба эҳёи ин ҷашн ва дигар одобу русуми он пардохтанд ва дар давраи Дайламиён ва Ғазнавиён низ ин ид ба таври бошукӯҳ баргузор мешуд ва ҳатто, дар давраи тасаллути муғул низ тоҷикон дар муқобили чирагарони ғосиб ин ҷашнро паноҳгоҳ ва дастовези худ сохтанд ва изҳори истиқлол қарор доданд.
Шуарое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ дар васфи Наврӯз шеърҳо гуфтаанд ва ин анъанаи наврӯзсароӣ то асри ҳозир идома дорад.
Хушо Наврӯз, иди бостонӣ,
Нишон аз меҳру аз фарри Каёнӣ,
Бимонда ёдгор аз тахти Ҷамшед,
Ҳамонанди дирафши Коваёнӣ.
Ҷашни Наврӯз, дарвоқеъ, санади пурифтихори ҳуввияти маънавии нажоди ориён аст, ки дар тули таърих сарбаланду сарфароз аз фарҳангу тамаддун ва расму анъанаҳои халқ дифоъ кардааст.
Ин ҷашни мардумӣ ифодаи ҳуввияти миллию фарҳангӣ, инъикосгари тамаддуни саршор аз ғановату муқаддасоти миллист.
Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро таҳким мебахшад ва дарвоқеъ, он дар тули таърих ваҳдатсарои халқу миллатҳои гуногун, пайвандгари андешаву пиндори онҳост.
Усулан, Наврӯз ба маънои рӯзи нав, тағйири диалектикии ҷаҳон, андешаи бикр, таҳкими неруи зеҳнии инсон мебошад. Ҷашни Наврӯз ин паёмро ба мо медиҳад, ки мо бояд ба навгароӣ бирасем.
Ҳамчунон, ки табиат нав ва зебо мешавад, мо низ аз назари фаҳм, дарк, шуур, адолат, каромат, меҳру муҳаббат, ишқу инсоният нав бишавем, ҷанбаҳои манфӣ ва аҳриманиро аз худ дур кунем.
Паёми меҳр бошад, ҷашни Наврӯз,
Ба олам дода ҷашни меҳрубонӣ,
Гулу гулзор хуррам мулки тоҷик,
Сафеду сабзрангу арғувонӣ.
Ҷашни Наврӯз раҳнамо, раҳкушои фарҳанги мост. Наврӯз ҳикматомӯз аст ва мо набояд танҳо ба қолаби зоҳирии он таваҷҷуҳ кунем, балки бояд паёми навгароии Наврӯзро даруни ҷону қалб ва андешаҳои хеш ҷой диҳем. Пиндору рафтор ва кирдори хешро чун ойинаи пок сайқал диҳем.
Ояд баҳору пироҳани беша нав шавад,
Навтар бароварад гул, агар реша нав шавад.
Зебост рӯйи кокули сабзат кулоҳи нав,
Зеботар он ки дар сарат андеша нав шавад.
Қадами мубораки Наврӯзи гулрезро барои ҳар яки шумо хуҷаста мегӯем. Бигзор, андешаҳо нек, қалбҳо мусаффо, сафҳаи зиндагии шумо наву пур аз рӯйдодҳои пурнишоту хотирмон гардад ва дар он ҷойе барои изтироб, ғаму андӯҳ ва беморию нокомӣ набошад!
Мавҷуда Саидзода
