Сайре ба таърихи Наврӯз

Наврӯз иди бостонӣ ва анъанаи халқҳои эронӣ (баъдтар, дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ ҷорӣ шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ якуми фарвардин (ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд.

Наврӯзи ориёӣ

Наврӯз тақрибан 3 ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд, такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз оид ба табиати миранда (дар зимистон) ва зиндашаванда (дар баҳор) вобаста будааст. Дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятҳои бостонӣ оғози Ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.

Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз милод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз, ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд.

Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз милод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шудааст.

Аз Наврӯзи хурд то Наврӯзи бузург

Равоёти дигаре низ, ки дар даст аст ва дар манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кӯчак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гӯянд. Худои таоло дар ин рӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт кавкаб дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар нуқтаи аввал Ҳамал буд. Дар ин рӯз ҳукм шуд, ки ба сайру давр дароянд ва Одам алайҳиссаломро низ дар ин рӯз халқ кард ва баъзе гуфтаанд, ки Ҷамшед, ки ӯ аввал Ҷам ном дошт ва арабон ӯро Манушалх мегӯянд, сайри олам мекард. Чун ба Озарбойҷон расид, фармуд тахти мурассае бар ҷои баланде рӯ ба ҷониби машриқ, гузоранд ва худ тоҷи мурассае бар cap ниҳода, бар он тахт биншаст.

Ҳамин ки офтоб тулуъ кард ва партаваш бар он тоҷу тахт уфтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад. Мардумон аз он шод шуданд ва гуфтанд «ин рӯзи нав аст» ва чун ба забони пахлавӣ шуоъро «шед» мегӯянд, ин лафзро бар ҳукм афзуданд ва ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он рӯз ин расм пайдо шуд»…

Наврӯз чанд рӯз аст?

Абурайҳони Берунӣ ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯйи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар бораи чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз ақидаҳои мухталиф мавҷуданд. Мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ шоҳони сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд:

Рӯзи аввал, онҳо Наврӯзро бо қабулу пазироии мардум мегузарониданд;

Рӯзи дуюм, мансабдорон ва давлатмандонро қабул намуда, суҳбат меоростанд;

Рӯзи сеюм мубадон (руҳониёни аҳли зардушт) ро пазироӣ мекарданд;

Рӯзи чаҳорум барои аҳли дарбор меҳмонӣ меоростанд;

Рӯзи панҷум бо фарзандон ва хешу таборон ҷашн меоростанд;

Рӯзи шашум, худи шоҳ Наврӯзро ид мекард.

Барои ҳамин ҳам ҷашни рӯзи шашумро Наврӯзӣ Бузург номидаанд.

Бояд қайд кард, ки дар Осиёи Миёна, Эрон, Озарбойҷон Наврӯзро 13-уми рӯз ҷашн мегирифтаанд ва рӯзи-13-ум аз манзили худ ба беруни шаҳр ба сайр мебаромадаанд, ки онро дар Эрон «Сездаҳбадар» меноманд.

Пас аз ҳуҷуми арабҳо

Арабҳо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кӯ­шиш карданд, ки ҷашнҳои қадимаю анъанавии халқ­ҳои маҳаллиро аз байн баранд. Вале, халқ ба фишор ва мамонияти аҷнабиён нигоҳ накарда, Наврӯзро ҷашн мегирифт. Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро «Суннати Ҷамшед» номида, ба ҷашнгириаш иҷозат доданд. Ба ивази ҳафт шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шинӣ, шир, шона) ҳафт син ҷорӣ шуд: дастархонро ба ҳафт навъи неъмат, ки бо ҳарфи син шуруъ мешуд, оро медоданд: сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷид, сир, себ ва сипанд. Дар баъзе хонадон ба ҷойи сумоқ ва сипанд сабза, суманак ё санбӯса ҳозир мекунанд. Дар аҳди Сомониён барои равнақи анъанаҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра, Наврӯз ва Садаю Меҳргон васеъ ҷашн гирифта мешуданд.

Наврӯзи кишоварзон

Мувофиқи маълумоти Абубакр Муҳаммади Нар­шахӣ Наврӯзро аввал кишоварзон дар рӯзи якуми фарвардин, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ид мекарданд, ки аз ин рӯ, «Наврӯзи кишоварзон» ва «Наврӯзи муғон» меномиданд. Аксари шоирони асрҳои X–XI дар васфи Наврӯз Меҳргон ва Сада шеърҳо офариданд. Наврӯз дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто, баъди истилои муғул аз тарафи халқҳои меҳ­наткаш ботантана ид карда мешуд. Мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас (наск) сабзонида, дар рӯйи дастархон мегузоштанд ва омад–омади кишти деҳқониро аз рӯйи ҳолату сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд. Ба истиқболи ин ҷашн таомҳо, ҳалвою шириниҳои гуногун мепӯхтанд. Хонҳои наврӯзиро бо ҳафт навъи мева, санбӯсаю нонҳои гуногун зиннат медоданд. Аз ҳафт дарахти мева ҳафт шохча бурида, рӯйи дастархон мениҳоданд. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Бадахшон, Кӯлоб ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд дошт. Ҳар гуна дилхушиҳо ва бозию сайрҳои халқӣ баргузор мегардад (дар баъзе ноҳияҳои ҳозираи Тоҷикистон, аз ҷумла, дар вилояти Суғд Наврӯзро 21 март не, балки 7 март ҷашн мегирифтанд).

Маросимҳои наврӯзӣ

Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар ин давраи таҷлили ҷашн ҳатмӣ шуморида мешавад. Пеш аз ҳама, то оғози Наврӯз дар лаълиҳо тухми гандум гузошта мешавад, ки то фаро расидани ид неш зада, мисли сабза медамад ва баъди ба қадри панҷ-шаш ангушт қад кашидани он ба атрофи он пораи матои сурх – алвон баста шуда, ба дастархон гузошта мешавад. Инчунин, аз ҳамин гандуми нешзада суманак тайёр карда мешавад. Ба ғайр аз ин, дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони «ҳафтсин» низ маъмулу ҳатмӣ мебошад, ки аз ҳафт адад анвое, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, иборат аст: себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак. Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки ҳар як ашёи рамзи махсусеро ифода менамояд: себ – аломати зебоӣ, сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум – рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко – дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид – меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка – сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир – тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак – рамзи фаровонию осудагӣ. Дар ин зимн, бояд ёдовар шуд, ки суманак як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона ғайри қобили қабул шуморида мешавад.

Ҷашни миллат

Ҳамин тариқ, Наврӯз иди ниёгон, иди гузаштагон ва яке аз ҷашнҳои қадимаи аҷдодонамон буда, то ба имрӯз мо тоҷикон онро бо як шукӯҳу шаҳомати баланд ҷашн мегирем. Гузаштагони мо дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор неруманд мешавад, Наврӯз ҷашни табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чӣ дар ӯст, нав мешавад.

Наврӯзи Аҷам, ту ҷашни миллат ҳастӣ,

Ту рамзи салоҳу сулҳу ваҳдат ҳастӣ.

Дар ин суханон як олами маъниҳост,

Бар мардуми мо бахту саодат ҳастӣ.

М. Саидова

муовини директор оид

ба корҳои тарбияви МДТ

Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *