Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзуҳо буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо омад-омади худ дар фасли баҳор кулбаву кошонаи моро нури зиё мебахшаду дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор менамояд.
Наврӯз бо қадами неку нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозаду, меҳру бародарӣ, шавқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад.
Наврӯзи хуҷастапай иди некиву покизагӣ буда, аз рӯйи эътиқоди ниёгон ба дастурхони ҳар хонадон файзу баракат оварда, ризқу рӯзии пиру барноро меафзояд ва ба кишоварзон кӯшоиши кору ҳосили фаровон мебахшад.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Яке аз рамзҳои дигари наврӯзӣ – тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.
Субҳи содиқ занону бонувони тоҷик сарҷамъ шуда, чизҳои хона: гилем, кӯрпа, кӯрпача ва болиштҳои хонаашонро берун бароварда, кӯрпатаконӣ мекунанд. Аз хона асбоб ва анҷомҳои шикастаро бароварда мепартоянд. Онҳо даруни хонаҳо ва атрофашро сап-сафед намуда, тозаю озода мекунанд. Сипас, кадбонуҳои деҳа ҷамъ омада ба пӯхтани хӯрокҳои миллӣ ва нону кулчаҳои бомаза машғул мешаванд. Гулдухтарони тоҷик дар тан либосҳои чакану атлас бо руҳи болида ба модаронашон ёрӣ медиҳанд. Дар баробари занон мардони деҳа ба киштукори баҳорӣ омодагӣ мебинанд. Сараввал, дар заминҳои наздиҳавлигӣ ниҳолу дарахтони мевадиҳанда шинонида, баъд, ба саҳро баромада , аз паи коштани зироатҳои ғалладонагӣ мешаванд.
Яке аз анъанаҳои дигари наврӯзӣ суманакпазӣ мебошад. Гурӯҳи занони рӯзгордида деги калонро пур аз шираи гандум намуда ба дохили дег чормағз, ё ин ки сангча меандозанд. Деги суманакро бо навбат кофта, орзуҳои ниҳонии дилашонро бо умед ифшо мекунанд. Кӯдакон аз кӯҳу доманакӯҳҳо гӯлҳои наврӯзӣ чида, хона ба хона гулгардонӣ мекунанд, соҳибхоназанҳо ба кӯдакон шириниҳо тақдим мекунанд.
Наврӯз бо ҳамаи анъанаҳояш зебову гуворо ва дилнишин буда, ба кас шодию нишот мебахшад. Мо шукргузор аз он ҳастем, ки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки «мо мардуми шарафманди тоҷик бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст.»
Умедворем, ки Наврӯзи имсола низ бо қадами мубораки худ ба мардуми куҳанбунёд, бофарҳанг ва заҳматкаши тоҷик дар роҳи талошҳои созандаву бунёдкорӣ ва марҳилаи ободонии кишвари соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозамон муждаҳои тоза меорад. Бигузор, Ҷашни Наврӯз барои ҳар яке рӯзгори тинҷу осуда, иқболи нек, бахти баланд ва умри бобаракат ато созад!
Сарвар Урозова


