Наврӯз – ҷашни қадимаи тоҷикон буда, аҷдодони мо онро қариб 5000 сол пеш аз ин низ ҷашн мегирифтанд. Рукнҳои асосии наврӯзӣ – ин хонабуророн ё хонаҳалолкунӣ, сайругашт, оростани дастурхони «ҳафт син» ва «ҳафт шин», тайёр намудани хӯрокҳои махсуси наврӯзӣ, расму русумҳои обшапак, аловпарак, сохтани чанбаргулҳо ё ин ки шогунбанд, ҷуфтбаророн, «мулҷардароён», бозиҳои наврузӣ, «Ашаглон ё ин ки «Сусхотун», «гулгардонӣ» ё ин ки «бойчечакбарӣ» ва ғайра мебошанд.
Ҳамаи ин расму русумҳо оид ба пешвозгирии Ҷашни Наврӯз дар байни тоҷикони зироаткор бо мақсади муваффақ гузаронидани корҳои саҳроӣ ва мусоидати боду ҳаво, барор гирифтани корҳои кишоварзӣ дар Соли нав равона карда шуда буданд. Ҳамин рӯз оғози кишту кор ба ҳисоб мерафт ва «Бобои деҳқон» якумин маротиба ба саҳро баромада, тухми гандумро ба замин мечошид.
Мо дар зер ба таври мухтасар чанде аз аркони наврӯзиро ёдовар мешавем.
Расми «Ашаглон». Дар саросари Тоҷикистон, хусусан, дар деҳоти ноҳияҳои кӯҳистон бо мақсади «даъват намудани борон», ки ба кори деҳқонон мусоидат менамуд, русуми «Ашаглон»-ро мегузарониданд. Бо ин мақсад, одатан, аз чӯб лухтак сохта, ба ӯ куртаи духтарона пӯшонда, дар сараш рӯймол баста, якчанд нафар зан ва мардҳои деҳа онро бо худ гирифта, хона ба хона гашта, суруди «Ашаглонро» месароиданд. Ё ин ки яке аз занҳо дар болои сараш ғалбер монда, аз болои он рӯймол партофта (бе лӯхтак) бо ҳамроҳии як қатор зану мардони деҳа хона ба хона гашта, инчунин, суруди зерини «Ашаглон»-ро месароиданд:
Ашаглони ростина
Як бор буҷунбон остина
Ғаллаи сабзам қоқ шудай,
Як бор брезон борона.
Акаи деҳқон доштам,
Ҳавои борон доштам,
Дар дилам ормон доштам…
Расми «гулгардонӣ» ё «бойчечак». Дар замонҳои пеш дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистони имрӯза як ҷашни ҷолибе, ки аз омад-омади баҳор ва саршавии кори деҳқонон хабар медод — ҷашни «гулгардонӣ» ё «бойчечаксароӣ» қайд карда мешуд. Онро, одатан, як ё ду ҳафта пеш аз иди Наврӯз мегузарониданд: дар нӯги чӯби 1,5 метр дарозидошта як даста гули сияҳгӯши зинда баста, онро ба дасти як гурӯҳи бачаҳои наврас медоданд, ки онҳо онро бо худ гирифта, хона ба хона гашта, сурудхонӣ мекарданд. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ин расм «гулгардонӣ» ва дар шимоли Тоҷикистон «бойчечак» номида мешуд. Матни суруд чунин буд:
Баҳор омад, баҳор омад,
Гули ҳафтранг қатор омад.
Ба деҳқон вақти кор амад,
Баҳори нав муборак бод!…
Бойчечак, бойчечак,
Даста-даста гулчечак.
Бойчечаку, бойчечак,
Шукуфта гули инчак;
Миён борик –химчак,
Тамошо кун- келинчак…
Мардум гули сияҳгӯш ва бойчечакро аз дасти бачаҳо гирифта, ба дидаҳояшон мемолиданд ва ба Худованд шукрона карда, ба бачаҳо ҳар гуна шириниҳо, аз ҷумла, хушкмева ва гандумбирён медоданд ва дар ин маврид чунин мегуфтанд:
Шукр ки аз нав рӯйи туро мебинам;
Сад бор ки боз ба Соли нав расидам.
Эй, пеши ҳамаи гулҳо,
Вазнинии мана гиру,
Сабукиҳои худатро те…
Хонабуророн (хонаҳалоЛкунӣ). Аз давраҳои пеш то ҳол дар иди Наврӯз расми хонаҳалолкунӣ ё ин ки хонабуророн вуҷуд дорад. Маънои он – «ғаму андӯҳ» ва «нобарориҳои»-ро соли сипаришударо аз хона дур кардан буд. Якчанд рӯз пеш аз иди Наврӯз кӯрпаю кӯрпача, болишт, гилем ва дигар лавозимоти хонаро берун бароварда, дар офтоб мемонданд. Хонаҳоро сафед карда, дар деворҳояшон бо орд гул, ба монанди панҷаи даст, шохаи гул, шохи бузи кӯҳӣ ва дигар намунаҳоро мепартофтанд; ашёҳои куҳна ва шикастаро берун бароварда мепартофтанд, либосҳои нав медухтанд, хулоса- «хонаро аз нобарориҳо тоза» мекарданд.
Хӯрокҳои Наврузӣ. Ҳамарӯза хони Наврӯзиро суманак, гандумкӯча ё ин ки гандумбоҷ, ки аз 7 намуд донагӣ тайёр карда мешуданд, инчунин, угро, ширбиринҷ, ғӯлингоб, санбӯса ва бичакҳои алафин оро медоданд. Санбӯсаи алафин ва бичакҳоро одатан, аз алафҳои пудина, ҷағ-ҷағ, пиёз ва амсоли онҳо тайёр мекарданд. Ғӯлингобро аз шарбати оби зардолу тайёр мекарданд. Дар таги зарфе, ки ғулингобро ба он мерехтанд, як порча варақи 7 мисра ниятҳои неки бо оби заъфарон ва ҳурофоти арабӣ навишта шударо, ки «Ҳафтсалом» ном дошт, мегузоштанд. Ба нияти танисиҳатӣ ва нек омадани сол аз ин ғулингоб 3 маротиба тановул кардан лозим буд.
Мӯлҷардароён. Унсури дигари муҳимми иди Наврӯз, ки дар гузашта барои тоҷикони ноҳияҳои гуногун хос буд — ин дар рӯзи ид қайд намудани «мӯлҷардароён» буд. Маънои «мӯлҷар» (яъне мӯчал) — соли таваллуди инсон аз рӯйи силсилаи солшумории дувоздаҳсолаи ҳайвонот буд. Одатан, барои фарзанди якум «мулҷар»-ро дар синни 12-солагӣ дар рӯзи Наврӯз қайд мекарданд. Мардумшиносон ба хулосае омаданд, ки чунин ҷашнгирӣ бисёртар барои тоҷикони Бухоро, Конибодом ва Ҳисор хос буд. Ин ҷашнро «сафедпӯшон» низ меномиданд, зеро ки либосҳои шахси мавлуддошта, новобаста аз писар ё духтар буданаш, аз матои сафед дӯхта мешуданд. Дар ин рӯз зани саводи динидошта, дар пеши шахси мавлуддошта сурфа кушода, дар сар ва китфаш каме орд мепошид. Инчунин, дар ин рӯз соҳибхоназан оши угро тайёр карда, онро ба ҳамаи ҳозирин ва ҳамсояҳо тақсим мекард, ба он нияте, ки умри шахси мавлуддошта дароз шавад.
Бояд гуфт, ки тамоми расму русум, анъана ва унсурҳои Наврӯзӣ рамзнок ва муқаддас ҳисобида мешуданд. Ақидае роиҷ буд, ки ҳар хонадон, ҳар касе рӯзи аввалини сол – Наврӯзро ба шодмониву фаровонии ғизо ва сарҷамъ ба аҳли хонавода истиқбол менамуд, тамоми сол рӯзгораш осуда, хонааш обод монда, нохушиву дасткӯтоҳӣ ба хонадонаш роҳ намеёфт, тамоми сол хайру баракат ва фаровонӣ манзили ӯро тарк намегуфт. Инчунин, одамон кӯшиш мекарданд, ки маҳз, дар Наврӯз босаховат бошанд, дилозору бешавқат набошанд. Чунки тибқи ақидаи ниёгон Наврӯз – рамзи некӣ, покӣ, эҳёи олами хуфта, фано ёфтани зимистони сарду бераҳм ҳисобида мешуд. Яъне Наврӯз маънии пирӯзии ҳаётро дошт. Беҳуда нест, ки ниёгони мо дар масири таърихи тулонии фарҳанги худ Наврӯзро чун мардумаки дидагонашон эҳтиёт намуда, маҳфуз дошта, то ба рӯзгори мо расониданд.
Зинатмо Юсуфбекова,
Мумина Шовалиева
н.и.т., мардумшиносон

