Бемории қалб ва роҳҳои пешгирии он

Солҳои охир аксарият аз бемории қалб шиква мекунанд. Табибон бемориҳои марбут ба дилу рагҳоро бо вайрон шудани кори муққарарии дил пайванд медонанд. Барои пешгирии бемориҳои қалб ва солим нигоҳ доштани он суҳбате дорем бо табиби қалбшинос Тоҷинисо Хушмаҳмадова.

Даричаи ошноӣ

Хушмаҳмадова Тоҷинисо Олимхоновна соли 1988 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 2006 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм кардааст. Солҳои 2012-2013 интернатураро бо ихтисоси кардиолог дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои даруна ба итмом расондааст. Аз соли 2013 то ҳол ҳамчун табиби бемориҳои қалб кору фаъолият дорад.

–Ба хонандагони маҷаллаи “Фирӯза” дар бораи сабабҳои пайдоиши бемориҳои қалб каме маълумот диҳед?

– Бемориҳои рагҳои хунгарди дил аз қабили бемории ишемикии дил, сактаи дил, бемории фишорбаландӣ ва ғайра барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ дошта, ҳатто ба марг сабаб шуда метавонад. Бемории ишемикии дил (БИД), ки солҳои охир хеле зиёд шудааст, беморие мебошад, ки ҳангоми тангӣ ё ба пуррагӣ баста шудани яке аз ҷараёнҳои хунгарди дил ва дар натиҷаи ба мушаки дил нокифоя рафтани хуни бо оксиген ғанӣ ба амал меояд.

Нишонаҳои асосии килиникии бемории мазкур дарди сӯзишнок, фишороваранда ва хуруҷкунанда дар паси устуғони шуш, қафаси сина, мавзеи дил, ки метавонад ба китфи дасти чап байни шонаҳо интишор ёбад ва инчунин, эҳсоси норасоии ҳаво, дилбеҳазурӣ, арақкунии зиёд ба шумор меравад. Боз қайд карданием, ки нишонаҳои пайдоиши ин беморӣ дар баъзе беморон ба воситаи дард ё вазнинӣ метавонад дар даст гардан ё ҷоғ ба мушоҳида расад. Дар вақти саршавии ин беморӣ дардҳо, асосан, ҳангоми кори ҷисмонӣ, хастагӣ, асабоният, ҳаракат дар ҳавои сард, ҳаракат пас аз истеъмоли зиёди ғизо ба вуҷуд меояд. Баъзан, ҳангоми оромӣ ва вақти хоб низ пайдо мешавад. Сабаби асосии тангшавии рагҳои коркарди дил ҷаъмшавии чарбҳо дар девораҳои он мебошад, ки онро атросклероз меноманд. Ҳамин тавр, ба мурури замон рагҳои шарёнӣ он қадар танг мегардад, ки наметавонад хуни бо оксиген ғанибударо ба мушакҳи дил дастрас намояд. Ҳангоми зиёд шудани талабот ба оксиген ва дигар ғизоҳо эҳтимоли сар задани сактаи шадиди дил хело зиёд аст.

–Роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ кадом аст?

–Бемории дил мутаасифона, рӯз то рӯз дар тамоми рӯйи дунё зиёд шуда истодааст. Сабаби асоси ин беморӣ дар он аст, ки бемор то аз по афтиданаш ба духтур муроҷиат намекунад, инчунин, аз паст шудани фаъолияти ҷисмонӣ, пурхӯрӣ, тамокукашӣ, истеъмоли аз меъёр зиёди шароб ва ғайра вобаста аст. Хусусан, шароб ва заҳри тамоку ба системаи дилу рагҳо таъсири манфӣ мерасонад. Барои бартараф ва пешгирӣ кардани бемории дил машқҳои ҷисмонӣ, кори сабук, зиндаги ором ва парҳез аз истеъмоли хӯрокҳои равғанин, нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку мебояд.

–Ба шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

–Парҳез, варзиши сабук на танҳо барои беморони қалб, балки барои шахсони солим низ баҳри пешгирии ин беморӣ тавсия дода мешавад. Ҳар беморе, ки сари вақт ба духтур муроҷиат мекунад, бемориаш ба зудӣ пешгирӣ мегардад ва ӯ тезтар шифо меёбад. Чӣ тавре ки мегӯянд: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”.

–Ташаккур, ки даъвати моро пазируфтед.

–Сипос аз Шумо. Ба хонандагони маҷаллаи “Фирӯза” таъкид мекунам, ки аз пайи саломатии хеш бошанд.

Мусоҳиб

Дилороми Раҷаб

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *