Сар ба оинаи тайёра ниҳода, лаҳзаҳои бо ту буданамро варақ мезанам. Дар назарам бо канда шудани чархҳои тайёра аз замин ба осмон парвоз мекунам ва бо рӯҳи малакутии ту, Модар дар фазои беолоиш аз гуноҳу фасод, ҳамбол мегардам. Кошки, ин парвоз охир намедошту бо ёди ту дар ҳаво муаллақ мемондам.
Ҳамеша дар зиндагӣ аз ҳамин лаҳзаи ҷудоӣ тарс доштам ва ба худ тасаввур карда наметавонистам, ки рӯзе ту ҳам мисли дигар Модарон моро тарк хоҳӣ кард.
Медонистам, ки инсон миранда аст, вале бо рафтани ту аз ин дунё бо ин бузургӣ кам бовар доштам…
Аз синни хурдсолӣ байни ҳамсолони худ ҳамеша аз ту ифтихор доштам, чунки ту аз занони дигари деҳ тафовути зиёде доштӣ. Фарқияти туро дар сухандониву босаводият, кордониву поктинатиат эҳсос мекардам, ба назарам тамоми китобҳои чопшудаи дастрас кардаатро мутолеа намуда будӣ. Дар он солҳои «рукуд», ки имрӯзиён меноманд, ту зани пешрафтаву соҳибмаълумот будӣ, ҳамагӣ маълумоти чор синфро доштӣ, вале тамоми мисолу масъалаҳои илми ҳисобро балад будӣ, Модар. Агарчи ин сифат дар занони деҳотӣ хеле кам мушоҳида мешуд, сари гаҳвора вақти шир додани тифлат рӯйи даст китоб мехондӣ ва аз тақдири қаҳрамонҳои асар бароямон гирди сандалӣ қисса мегуфтӣ.
Буд, вақте падар ба масҷиди қишлоқ намозгузорӣ мерафт, мо чӯҷаякони навболи доманат дар гирдат ҷамъ меомадем. Ту инони сухан ба даст мегирифтӣ ва бо тамоми вуҷуди ғамолуди хеш бо садои дилошно суруди «алла» месурудӣ. Ин оҳанг ва матни суруди аллае, ки то имрӯз дар гӯшам боқӣ монда, аз ягон оҳангсозу сарояндае нашнидаам. Афсус, ки синну соли хурд доштам ва натавонистам аз ту дар бораи ин сурудҳои ғамолуд чизеро бипурсам. Фақат ҳамин қадар бароям маълум буд, ки матни суруд аз ҷудоиву фироқи дидори пайвандон ҳикоят мекард.
Дар ҳаёт туро ҳамеша серкору серташвиш ва андармони давуғеҷи зиндагӣ ёд дорам. Ту зане будӣ, ки тамоми умр дар кори саҳро зери шуои офтоби сӯзон ва сармои зимистон аз субҳ то шом заҳмат мекашидӣ. Дар кӯчаву хона бо эҳтиром «келини раис, Шерматов» меномиданд, аммо ба келини раисиат ифтихор намекардӣ.
Чунки вақти таваллуди додарам туро бо чордард аз сари замини пахта рост ба таваллудхона бурда буданд. Ту монанди занҳои дигар ҳаваси куртаи шоҳиву атлас, зару зевар надоштӣ ва ба карру фарри келини ягонаи раиси хоҷагии номдори давраи сталинӣ ҳам монанд набудӣ.
Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ту зани зеботарини деҳаамон будӣ, Модар!
Ёд дорам, боре сӯям бо меҳр нигаристӣ ва бо дили пур аз умед гуфтӣ: «мехоҳам дар оянда ту хонда соҳибмаълумот гардӣ» аз ин пешниҳоди ногаҳонӣ дилам лабрези шодӣ гашт, зеро ин орзуи ягонаи ман буд. Маҳз ҷаҳду талош ва муборизаи шадиди ту, Модар бо хонавода ва аҳли муҳити он давра барои ба хондан фиристодани духтарат худ як қаҳрамонӣ буд.
Солҳои донишҷӯйи зуд сипарӣ шуданд ва ҳар гоҳ ки ба деҳа мерафтам, туро дар байни хешу ҳамсояҳо шоду масрур медидам, ки чӣ қадар барои ояндаи неки духтарат бо умед менигаристӣ. Шояд он замонҳо дар кунҷи дилат шуълаяке нурпошӣ мекард, ки духтарат шахси номдоре хоҳад шуд: шоира, нависанда ё олима.
Бале, Модар, ман духтари бо сад орзуву ният парваридаи ту, ҳам шоира ҳастам, ҳам нависанда ва ҳам олима. Дар шеърҳоям, ки аз илми арӯз фарсахҳо дуранд, танҳо васфи туро гӯям, қиссаву ҳикояҳоям, ки то имрӯз касе нахондааст, қаҳрамонаш танҳо туӣ – Модар ва дар асарҳои илмиям, ки ҳанӯз рӯйи чопро надидаанд, аз донишу малакаи зиндагии ту баҳра бардоштаам, Модар.
Дар ин бора ба ту чизе нагуфта будам ва лаҳзаҳои вопасин хостам ба ту сирри худ бикушоям, вале ту чизе нахостӣ ва ман ҳам чизе нагуфтам, чунки хеле дер шуда буд.
…Ҳангоми шоми ғарибон тобуте рӯ-рӯйи даст, давдавон аз роҳи деҳа ба сӯи қабристон мешитофт ва чанде дар даст чароғ доштанд. Ин васияти падари бузургворат, Мулло Носир (руҳашон шод бод) буд, ки ҳамеша такрор менамудӣ: «Мурдаро маҳтал кардан хуб нест, агар шаб ҳам бимирам, бо чароғ бурда ба хок супоред» гуфта буданд.
Зиндагии ту ҳама панд буд, Модар ва лаҳзаи ба хок рафтанат ҳам ҳикмате дошт дар шоми ғарибон.
Қабристони деҳа аз маҳалли зист он қадар дур набуд, он шом қабристони деҳа чароғон метофт. Гӯё ин водии хамӯшон бо шуоҳои шабафрӯзи чароғи дастони видоъкунандагон пурситораву пурзиё шуда, аҳли турбатгоҳ аз ташрифи меҳмони нав шод буданду барояш нури имон мехостанд… Руҳат шод бод, Модар!
Ҳафиза Бобоҷонова
