Аввалин рӯзноманигорзани тоҷик

Музаффара Қосимова яке аз аввалин бонувони қаламкаши тоҷик мебошад, ки дар матбуот фаъолият кардааст. Ӯ дар саргаҳи таъсиси маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза») қарор дорад. Роҳи тайкардаи ӯ барои имрӯзиён намунаи ибрат буда, кору пайкораш аз дифои ҳуқуқу озодии занон ҳикоят мекунад.

Мавсуф 5 майи соли 1907 дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абдуллоҷон Абдухолиқов, шоир ва хаттоти машҳури Самарқанд таваллуд шудааст. Музаффара ҳамроҳи бародаронаш Рашид ва Ғанӣ Абдулло дар мактаби усули нави форсии тоҷикии Абдуқодири Шакурӣ таҳсил намудааст.

Дар 18-солагӣ ҳамроҳи ҳамсараш Абдуҳаким Қосимов, дастпарвари Дорулфунуни коммунистии халқи Шарқ, барои таҳсил ба омӯзишгоҳи меҳнаткашони шаҳри Москва рафт. Бо ғалабаи ҳокимияти шуроӣ муҳити зиндагии одамон тағйир ёфта, аллакай, тобистони соли 1926 дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Самарқанд ҷавонзани гуландоми кокулбуридае бо нишони комсомолӣ мегашт. Номбурда вақти таҳсил дар шаҳри Москва узви комсомол гардид. Мардум ӯро дар чунин қиёфа дида моту мабҳут мешуданд Аз байн ҳафтае гузашту дар рӯзномаи «Зарафшон» дар бораи ӯ, яке аз аввалин занҳое, ки фаранҷиро партофт, мақола нашр шуд. Ин шумора аз даст ба даст мегузашт. Шуҷоати комсомолдухтар на ба ҳама мақбул афтод.

Дар вазифаҳои мудири китобхонаи Клуби занонаи тоҷикии шаҳри Самарқанд (1927-1928), мудири хона — интернати №3-и шаҳри Самарқанд (1928-1929), корманди комиҷроияи Узбекистон фаъолият дошт. Иштирокдорони маҷлиси умумии занон, роҳбари вакилони занони Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар Москва буд.

Моҳи октябри соли 1929 дар маҷлисгоҳи Кремли Москва ҷамъомади фаъолзанони умумииттифоқ баргузор гашт. Музаффараи сиёҳабру аз минбари баланд оид ба душвориҳои бунёди сотсиализм, мубориза ба муқобили аксулинқилобиён, вазъи тоқатнопазири занони шуравӣ ҳарф зад. Нутқи пурҳаяҷону оташбори бонуи озодгаштаи Шарқ диққати Надежда Константиновна Крупская, инқилобчии машҳур, ҳамсари доҳии пролетариат Ленинро ба худ ҷалб кард. Дар поёни ҷамъомад Надежда Конс­тантиновна бо ӯ ҳамсуҳбат мегардад.

Баъди иштирок дар маҷлиси машварати умумииттифоқии занон (1930) ҳамроҳи шавҳараш ба Сталинобод (имрӯза Душанбе) кӯчиданд. Ин бонуи кордон роҳбари хобгоҳи Ҳукумати Тоҷикистон, мудири қисми илмӣ ва омӯзгори курсҳои занони фаъоли Сталинобод (1930–1931) таъйин гардид.

14 марти соли 1932 Шурои Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон дар хусуси таъсиси маҷаллаи ҳармоҳа барои занон бо номи «Бо роҳи Ленинӣ» (ҳоло «Фирӯза») қарор қабул кард. Бо супориши Ҳукумат занони маҳаллии бомаърифат ба ҳайати таҳририяи ин маҷалла ҷалб шуданд. Музаффара Қосимова котиби масъули ин маҷалла (1932 — 1938) таъйин гардид. Рӯзноманигори шинохта Қосим Дайламӣ дар хотираҳояш менависад: «Дар кори равнақи журналистикаи тоҷик дар байни занон саҳми Музаффара Қосимова назаррас аст».

Раҳим Ҳошим қайд мекунад: «Музаффара дар оилаи равшанфикроне ба камол расид, ки мисли бародаронаш соҳибқаламони боистеъдодро ба олами адаб додааст. Ӯ ҳамроҳи ман дар мактаби усули ҷадидияи Абдуқодири Шакурӣ таълим гирифтааст. Ӯ як духтари серғайрату оташмизоҷ, ростгӯю ҳақиқатпараст буд».

Бо гузашти солҳо Музаффара Қосимова дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ҳоло «Ҷумҳурият» (1933 — 1939) ба ҳайси мухбир ва аз аввалин занони рӯзноманигор дар ин ҷарида маъруф шуд.

Соли 1982 дар бинои Госплани Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии маҷаллаи «Фирӯза» маросими тантанавии супоридани мукофот доир шуд. Маҷалла бо ордени «Нишони фахрӣ» қадр гардид. Дар раёсати маҷлис, дар қатори шахсиятҳои номвар пиразани нуронӣ — Музаффара Қосимова низ нишаста буд. Ӯ ба ҳозирон пурмаъно ва бо лабони моили табассум менигарист. Эҳсос менамуд, ки ранҷу машаққатҳояш барабас нарафтаанд.

25 майи соли 1992 Музаффара Қосимова дар шаҳри Душанбе аз дунё гузашт. Метавон гуфт, ки ҳаёт ва фаъолияти ин бонуи заҳматкаш таърихи зиндаи озодӣ ва ташаккули ҳувияту ҳайсияти бонувони тоҷик аст.

Бахтовар ТЕМИРЗОДА

ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии

МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *