Суманакпазӣ – тараннумгари ваҳдат ва хайрхоҳӣ

Яке аз анъанаҳои Ҷашни Наврӯз ин омода намудани таомҳои наврӯзӣ мебошад. Одатан ин таомҳо пурра аз маҳсулоти гандумӣ, ки дастранҷи кишоварзон аст, омода карда мешуданд ва то имрӯз ин анъана идома дорад. Таомҳои маъмултарини ҷашни Наврӯз суманак, гандумкӯча ва оши бурида мебошанд.

Суманак — таоми махсуси баҳорӣ буда, ба гу­рӯҳи таомҳои бо ҳарфи «син» оғоз шавандаи хони наврӯзии «7-син» дохил мешавад. Суманак асосан аз шираи сабзаи гандум омода мешавад. Ин таомро дар хона бо як нозукӣ омода менамоянд. Суманакпазӣ дастури хосе дорад ва нафаре, ки онро омода мекунад, бояд маҳорати баланди кадбонугӣ ва эҳтиёткорӣ дошта бошад. Зеро дар ҳолати риоя накардани талабот суманак бо таъму ранги махсус омода намегардад.

Дар байни мардум мегӯянд, ки шахсе, ки суманакро пухтанӣ аст, бояд ғам надошта бошад, яъне суманак аз оғоз то пухта шуданаш фазои озода ва муҳити хурсандиро талаб мекунад. Занҳо бар он боваранд, ки таъм ва ранги суманак ба руҳияи шахси сабзагузору суманакпаз вобастагӣ дорад. Шахси суманакпаз як моҳ пеш аз Наврӯз бо нияти нек омадани сол, кушода шудани бахти фарзандонаш ва барор гирифтани корҳои аъзои оилааш сабза мегузорад.

Омода шудани суманак якчанд давраро дарбар мегирад.

Давраи аввал, ин омода намудани сабзаи суманак аст. Тақрибан аз якуми март кадбону гандумро тоза карда шуста дар зарфи калон мегирад ва аз болояш об рехта рӯйи зарфро бо докаи сафед мепӯшонад, то ба дохили он ягон чизи нопок наафтад. Гандум бояд дар дохили об се шабонарӯз истад ва дар ин давра обро ҳар рӯз иваз мекунанд. Зеро дар акси ҳол оби куҳна гандумро бӯйнок намуда пӯсонданаш мумкин аст. Вақте, ки гандуми дар дохили об монда неш баровард, онро гирифта дар табақҳои чӯбин ё лаълиҳои сафолин тунук мекунанд. Баландии гандум дар лаълӣ бояд 5 ё 10 см бошад ва ин лаълиҳоро дар хонаи махсуси ҳавояш тоза мегузоранд. Ба болои лаълиҳои пурри гандум ҳар рӯз об мепошанд, дар рӯзҳои боронӣ бошад аз хона ба берун мебароранд, то аз борон оби тоза хӯраду зудтар сабзад.

Давраи дуюм, баъди сабзидани гандум, се ё чор зан ҷамъ шуда, сабзаро аз лаълиҳо гирифта, реза карда, дар гузашта бо уғурак, ҳоло бо гӯштқимакунак майда карда, баъдан, ҷаббида шираашро ҷудо мекунанд, ки ба мисли шир сафед мебошад.

Давраи сеюм, шираи аз сабза ҷудокардаро бо орд ҳамроҳ намуда ба дег рехта, барои ба таги дег начаспидани он 7 санги майдаи дарёӣ ё дар баъзе ҷойҳо чормағзро ба дег мепартоянд.

Давраи чорум, пухтани суманак аст. Суманакро дар оташи начандон баланд мепазанд. Бонувон бояд банавбат дегро кобанд, то зери он начаспад. Агар оила хурд бошаду дар он занҳои кадбону кам бошанд, дар ин ҳолат дар баъзе минтақаҳо хешовандон, дар бисёри минтақаҳо занҳои ҳамсоя ҷамъ омада банавбат дегро мекобанд, то ки таги дег нагирад, яъне таги дег насӯзад. Дар ин давра, ки як рӯзи дароз то шабро дарбар мегирад, занҳои ҷамъ омада шеъру сурудхонӣ мекунанд, то руҳияашон шод шавад. Чунки суманак дар руҳияи шодмонӣ бо таъму лаззати хосаи худ омода мешавад. Бештар суруд дар васфи худи суманак, яъне «Суманак дар ҷӯш», ки дар миёни мардуми тоҷик машҳур аст, хонда мешавад.

Аз ҳама хусусияти нозуки суманакпазӣ он аст, ки ҳангоми шираи суманакро аз сабза ҷудо намудан бояд ягон шахси бегона ё ғамдор дар он муҳит набошад. Дар ҳолати риоя накардани он суманак бо рангу таъми худаш омода намешавад. Дар миё­ни мардуми тоҷик ин ҳолатро «ба пайшуд» меноманд. Барои он, ки суманак бо рангу таъми махсус омода шавад, қоидаҳои дар боло зикршударо риоя намудан лозим аст.

Суманак чун таоми баҳорӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаро расидани фасли баҳор ба тарзҳои гуногун омода карда мешавад. Одатан ду навъи суманак маъмул аст, яке дегӣ, дигаре танӯрӣ. Суманаки танӯриро вобаста ба тарзи пухта шуданаш, «Суманаки дегдонӣ», «Суманаки таги аловӣ» ва «Суманаки чаҳлакӣ» низ мегӯянд. Ин навъи суманак ҳангоми шираи сабзаро гирифтан бо орду каме равған мисли хамир шӯрида шуда, онро дар хурма ё дег гирифта дар дохили дегдон (чаҳлак) мегузоранд, ки то саҳар меистад. Субҳ онро аз даруни танӯр мегиранд. Он аз суманаки дегӣ фарқ дорад ва онро на бо қошуқи чӯбин, балки бо корд мебуранд ва дар лаълиҳо гирифта мехӯранду ба дигарон равона мекунанд.

Хулоса суманакпазӣ яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз мебошад, ки дар он одамон бо як руҳияи хушҳолӣ, дӯстонаву якдилона ва идона ба ҳам омада ин таоми соли нави аҷдодии хешро омода мекунанд ва бо нияти нек омадани сол аз он мехӯранду ба хешону ҳамсоягон низ тақсим мекунанд. Суманакро одатан, мардуми мо бо орзуву ниятҳои нек, истеъмол мекунанд. Мардуми мо бовар доранд, ки суманак аз нек омадани сол паём медиҳад, бинобар ин, дар он лаҳза нияти нек мекунанд, ки ба соли оянда бо тани сиҳат ва хотири ҷамъ бирасанд.

Бибиаслия Сафоева

корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *