(Эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Эй саодатбахши мулки Ориё,
Қалби ту ганҷинаи меҳру сафо.
Номи ту чун шаҳчанори зиндагӣ
Реша дорад дар дили дардошно.
Эй шифобахшои дилҳои ҳазин!
Эй рухат чун шамси ховар озарин!
Дар миёни ин ҳама насли башар
Беҳтаринӣ, беҳтаринӣ, беҳтарин!
Ҷанг буду халқи мо афсурда буд,
Ҷони мо заҳри ҳалоҳил хӯрда буд,
Ҳар куҷо номардумӣ буду фиреб,
Миллат аз озорҳо озурда буд.
Ҷисми беҷон он қадар бисёр шуд,
Мурдашӯй аз мурдагон безор шуд.
Гашт ноором руҳи рафтагон,
Рӯз пеши чашм шоми тор шуд.
Ях зад аз сардии дил ҷӯйи умед,
Бӯйи хун меомад аз кӯйи умед,
Мори кина кард афсун халқро,
Нури шафқат рафт аз рӯйи умед.
Чорагар бар мо туро чун чора кард,
Раҳм бар ин мардуми бечора кард.
Офтобе омадӣ бо пайки нур,
Абри ғамро нури ту садпора кард.
Сулҳу ваҳдат аз ту шуд ороста,
Зиндагӣ шуд хурраму пироста.
Номи ту дар кохи иқболи Ватан
Чун шиор аз ҷони мо бархоста.
Довари Ҳақ кард зебо доварӣ,
Додат ин фарру шукӯҳи сарварӣ.
Боғи умрат то абад обод бод,
Мушкбезу мушкхезу анбарӣ!
Эй шаҳи сарманзили озодагон,
Аз ту меҳан бори дигар ёфт ҷон!
Ин дуо арзи дили Рудоба аст:
Эй хуҷаста, зиндаву ҷовид мон!
Рудоба
