Дар сафҳаҳои таърихи давлатдориву низомӣ, забону адаб ва фарҳанги таърихи миллати мо – тоҷикон дар баробари мардони номовари тоҷик, аз қабили Абумуслими Хуросонӣ, Рустами Дастон, Тоҳири Пӯшангӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Фаридун, Шоҳ Ҷамшед, Ораши Камонвар, Зардушт – паёмбари порсӣ, ҳамчунин, бонувони қаҳрамон кам нестанд.
Дар саҳифаҳои таърихамон занони шуҷоъ ва қаҳрамону маърифатпарвари тоҷик дар қатори Робиаи Балхӣ – модари адабиёти тоҷикӣ-порсӣ, Султон Разияи Ғурӣ – шоҳи Ҳинд, ки тахминан 25 сол дар шабакаҳои Қораи Ҳинд ҳукумат дошт, Фараҳнози Балхӣ, ки ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, 6 моҳ бар ҳифзи мардумаш ҷонфидоӣ кардаву зидди чингизиён ҷангида, қурбон шудааст, Зебуннисо – духтари шоҳ Аврангзеб, ки дар Ҳинд дар ҳавзаи тамаддунии мо бо дурри лафзи дарӣ ғазал сурудааст, бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.
Ҳамчунин, мо мардонавор ҷангидану ҷасорат ва матонати занони қаҳрамони миллатамонро дар симои зани ҷасуру паҳлавон – Гурдофарид ва дигар шаҳбонувони ориёинажод аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ огаҳ ва аз сарлашкари ҷасуру бебок ва шоҳзодаи ватанхоҳу ватандӯст бо номи Бӯрондухт ошно ҳастем, ки қиссаву таърихи ҷасорат ва матонати ин зан дар китоби «Доробнома»-и Абутоҳири Тарсусӣ (садаи ХII) дар «Достони Бӯрондухт ва Искандар» нишон дода шудааст, ки чӣ тавр ӯ бо Искандар ҷангидааст. Ҳамчунин, кору зиндагӣ ва давлатдории ин бону дар таърихномаҳои «Ал-Бақовӣ» (оид ба таърихи Бухоро) ва «Таърихи Бухоро» зикр гардидааст, ки Бону Бухорхудот ном дорад.
Худи вожаи бухорхудот унвони ҳокимони давлати феодалии Бухоро дар асрҳои 7-8 маҳсуб мешуд, ки бино ба маълумоти «Таърихи Наршахӣ»-и Муҳаммад Наршахӣ баъд аз Бухороро забт намудани арабҳо анъанаи унвони бухорхудотро гирифтани ҳокимон барҳам хӯрдааст.
Бонуи тоҷиктабор Бухорхудот баъди марги ҳамсараш – Бинду Бухорхудот Бухороро ба даст гирифтаву идора мекунад. Бо сабаби он ки писари ӯ Туғшода ном доштаву хеле хурдсол будааст, Бону Бухорхудот ҳукуматро худаш ба даст мегирад. Абубакри Муҳаммади Наршахӣ дар бораи ин Бону менависад, ки «Малика, ки писараш хурдсол буд, ҳукуматро худаш ба даст гирифта, 30 сол бо душманон ҷангидаву ҳам мардумро ҳимоя намуда, давлати Бухороро идора кардааст».
Вафоти Хатун Бону Бухорхудот – охирин зан-ҳокими Бухорои тоисломӣ ба соли 695-и милодӣ рост меояд.
Дар соли 706-и милодӣ дар Бухоро як набарди хунине ба амал меояд. Варданхудот, – як марде буд аз Вардана, ки баъди набардҳои умавиён шаҳри Бухороро тасарруф мекунад. Чун Имом Қутайба ба Бухоро медарояд, бисёр кашмакашиҳо сурат гирифтаву шаҳрҳои атрофи Бухоро тасарруф мегарданд. Дар ин ҳангом, ҳукумати Хатун Бону Бухорхудот суқут карда буду Имом Қутайба баъди ҷангҳои шадиди Бухоро бо Туғшода (писари Бону Бухорхудот) ба он хотир дӯстӣ мекунад, то дигар шӯришҳои мардумӣ сар назанад… Баъди вафоти Варданхудот арабҳо пурра Бухороро фатҳ мекунанд.
Муҳаммади Наршахӣ бо зикри ном ва фидокориву давлатдории ин зани тоҷиктабор таърихи пурмуҳтавои симои зани тоҷикро дар китоби “Таърихи Бухоро” сабт кардааст, ки ӯ дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ бо корномаи чунин як бухорхудот – шаҳзодабонуи далеру матин арзи ҳастӣ намуда будааст, ки ин бори дигар моро аз диловариву мардонагӣ ва поктинативу ҷонфидоии зани тоҷик сабақ меомӯзад. Имрӯз вақти он расидааст, ки аз корнамоиву ҳаёти чунин занони ҷасури миллат филмҳо офарему ватанпарвариро аз онҳо биомӯзем.
Раҳим Зулфониён
