Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки «ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳам яке аз вазифаҳои ҷавонони бонангу номуси кишвар аст.
Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони баору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан- Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки дӯст доштани Ватан дӯст доштани модар аст ва барои дарки чунин масъулият омода ҳастанд, ки қарзи ҷавонмардии худро иҷро намоянд.
Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби зиндагӣ мебошад. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон собиқаи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватани маҳбубамонро меомӯзонад.
Имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хидмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайёст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ҳамеша баҳри дифои Ватан-Модар омода бошанд.
Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки илму дониш пойдевори шаъну шуҳрат ва манзалати ҳар як миллат ба шумор меравад. Маҳз, дар заминаи илму дониш ҷавонон метавонанд мутахассисони лоиқи давр аз хизмат дар сафи Қувваҳуои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба камол расанду дар ҷомеаи пуртазоди кунунӣ ҷойгоҳи худро пайдо намоянд.
Миллати босавод дунёро бо чашми хирад менигарад ва ҷиҳати рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро пайваста мегузорад. Ин миллат таввасути кадрҳои дар заминаи маърифат парваришкарда ва ҷавонони бо нангу номусаш кишвари хешро нашъу нумуъ бахшида, оламиёнро низ аз файзи дастовардҳои худ баҳраманд мегардонанд. Ва мусаллам аст, ки ҷавонони соҳибмаърифату донишманд пешбарандаю ҳифзкунадаи давлату миллат аз ҳар гуна омилҳои пурхатари ҷаҳони муосиранд. Бунёди ҷомеаи солиму мутамаддин орзую омоли ҳар як миллату халқияти олам буда, барои эъмори он бояд ҷаҳду талош кард. Аз ин хотир, мутахассисони бахшҳои мухталифи ҷомеаро лозим аст, ки мавқеи солимро ихтиёр намуда, бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастию худогоҳӣ ба ҷавонон намунаи ибрат бошанд.
Хулоса кӯшиш намоем, ки дар раванди рушди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бомасъулият бошем ва баҳри амалӣ намудани гуфтаҳои боло ҷиддан талош варзем.
Зеро, маҳз, ҷавонон метавонанд бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фарроҳу андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаро ба пеш ба сӯйи ободиву пирӯзиҳои нав ҳидоят намоянд ва ҳифзи арзишҳои миллиро дар мадди аввал гузаронад.
Ҷамолиддин Абдулов
номзади илмҳои педагогӣ
