Иҷлосияи тақдирсоз

Таърихи ҳар қавму миллат бо гузашти солу моҳ рӯйдодҳои муҳимму тақдирсозеро сабт менамояд, ки метавонанд барои халқу миллат фоҷиабор ва ё бахшандаи саодату иқбол бошанд. Натиҷаи оғозу анҷоми чунин рӯйдодҳою пайомадҳо муайянкунандаи сарнавишту тақдири минбаъдаи халқу миллатанд.

Дар сарнавишти миллати тоҷик яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъват намудани қувваҳои солими ҷомеа ба мубориза баҳри ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои ягонаи давлату миллат, пойдор намудани адолату қонуният ба хотири таҳкими давлат ва истиқлолият нақши барҷаста дорад.

Ҳодисаҳои дар кишвар рухдодаи аввали солҳои 90-ум як қатор омилҳои номатлуберо ба бор овард, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва парокандашавии миллати тоҷиконро дошт. Ин саҳифаҳои мудҳиши таърихӣ барои насли солҳои 90-ум, махсусан, барои занону духтарон таассуроти фаромушнашаванда гузошт. Зеро он солҳо аз ҳар гӯшаву канори мамлакат овози тиру туфанг, фарёди кӯдакон, оҳу фиғони модарон ба гӯш мерасид. Ҷомеа на шаб ором буду на рӯз. Мардум пароканда, мақсадҳо гуногун. Дар чунин айёми мудҳиш аз ҳама бештар занону модарон азият диданд. Зеро дар аксарияти хонавода мардон ба майдони корзор баромаданд ва бори асосии зиндагӣ бар дӯши занон вогузор гардиду ягон ҳуқуқи онҳо ҳимоя намешуд. Вазъи сиёсии он давра буҳрони сахти ҳокимияти давлатиро ба бор овард ва танҳо Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторе буд, ки салоҳияти худро иҷро карда метавонист.

Ҳануз моҳи октябри соли 1992 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз вохӯрӣ бо неруҳои халқӣ барои дар шаҳри Хуҷанд даъват кардани Иҷлосияи XVI қарор қабул намуд, ки кулли сокинони ҷумҳурӣ онро бо хушнудӣ пазируфтанд.

Ҳадафи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ оғози устуворӣ ба барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, инчунин фароҳам овардани заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд.

Дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаеви шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд ва заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 кори худро бо иштироки 193 нафар вакил оғоз намуд. Дар таърихи навини халқи тоҷик саҳифаи нав бо унвони «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон» боз гардида, ба шарофати дар амал татбиқ шудани қарорҳои Иҷлосия сарнавишти наву тақдири минбаъдаи зани тоҷик муайян гардид.

Дар кори Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар байни 197 нафар вакил, аз шумораи умумии 230 нафар намояндагони халқ, ҳафт нафар зан чун вакили Шурои Олӣ ширкат варзиданд ва дар муҳокима ва қабули қарорҳои сарнавиштсози миллат саҳми худро гузоштанд. Дар байни 230 нафар вакили Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум, солҳои 1990-1995) 8 нафар занон, аз ҷумла Валентина Абдусамадова, Азиза Анварова, Зуракан Давлаталиева, Мамлакат Қаҳҳорова, Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, Бозгул Додихудоева, Гулафзо Савриддинова ба мақоми баланди намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат – Шурои Олӣ интихоб гардиданд.

Ин аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии вакилзанон аз ин сиёсат бо ба тасвиб расидани даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мурури замон мақому манзалат ва мартабаи занону бонувон дар ҷомеа ва саҳми онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ арзанда гардид.

Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири бунёду эҳёи давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ва ё қавме ба таври доимӣ дорои манзалати хоса мегардад, ки таҳдоби номаи тақдирашро танҳо бо дастони хеш иншо карда бошад.

Сареҳияти фаротари комил, шарафу номус, боварию садоқат, ибтикору ташаббус ва авлавияти манфиатҳои муҳимми миллату давлат моро дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ ва бархӯрди тамаддунҳо бо азхуднамоии арзишҳои деринаи худ ба ҳайси як кишвари воҳиди мустақилу бостон соҳиби мақому мартабаи хос гардонида, Ваҳдату Истиқлоли давлатии худро миллати шарафманди тоҷик ба даст овард. Ин санаҳои муҳимму арзишманд дар таърихи давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, баробари ба даст оварданашон Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила бо рушду инкишофи соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устуворро доро гардид.

Дар ин муддат, вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намуд, ки маҳз, шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд.

Андеша ва садоқати азалии фарзанди модари миллати тоҷик дар симои шахсияти абармарди олами сиёсии ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳассостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату ин давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.

Вале, набояд фаромӯш кард, ки ин дастовардҳои бузурги миллати тоҷик бар ивази қурбониҳои зиёди занону модарон, падарону бародарон ва фарзандони мо дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст омаданд. Солҳои аввали ба даст овардани Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занону модаронро ба гирдоби худ кашида буд.

Дар ин масир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ 26 апрели соли 1997 ба нақш ва мавқеи басо муҳимми занон дар ба даст овардани сулҳу оромии ҷомеа баҳои баланд дода, иброз дош­танд, ки «Дар лаҳзаҳои сӯзони муқовимат занони тоҷик бе тарсу ҳарос байни тарафҳои даргир даромада, бо панду насиҳат ва суханони пурмеҳру самимӣ оташи ҷаҳлу ғазабро хомӯш мекарданд.

Воқеан ҳам, таҳкиму густариши ваҳдату сулҳу субот ва оромии ҷомеа ба иродаи мустаҳкам, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳматҳои пайвастаи занону модарон вобаста буда, барои дар руҳияи ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу бум, инчунин, дар руҳияи эҳтиром ба таъриху фарҳанги ғании ниёгон тарбия кардани фарзандон вазифаи ҷонӣ ва муқаддаси мо, занону модарон аст.

Поянда бод, сулҳу субот ва Ваҳдату Истиқлоли беназири Тоҷикистон!

Бунафша Файзиддинзода

Раиси Кумитаи кор бо занон ва

оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *