Пайвандгари инсон бо обу офтоб

«Дарвоқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд… Ин ойини бостонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардид ва мақоми умумимиллӣ гирифт».

 Эмомалӣ Раҳмон

Бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир эҳёи суннату ойинҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги мардумӣ ва пос доштани маънавиёти аҷдодӣ ба як унсури муҳимми сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Яке аз чунин анъанаҳои дерина ва дорои паёми муҳимми иҷтимоӣ, ки ҳамасола расман таҷлил мегардад, ҷашни Тиргон мебошад.

Бар асоси банди 20-и «Ҷадвали баргузории Ҷашну солгард, фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 ба тасвиб расидааст, таҷлили Ҷашни Тиргон дар якшанбеи охири моҳи июн ба роҳ монда мешавад.

Тиргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардумони ориё­на­жод, аз ҷумла тоҷикон аст, ки бо обу офтоб, покию тавоноии табиат ва эҳтиром ба унсурҳои ҳаёт­бахши олам — об, шамол, нур ва киштукор пайванди амиқ дорад. Ба ақидаи муҳаққиқон, решаҳои Ҷашни Тиргон ба замони пеш аз ислом, замони аҷами қадим ва асотири зардуштӣ бармегардад. Он ҳамчун ҷашни обу борон ва шодию шукргузорӣ ба хидматҳои неруҳои табиӣ ҷорӣ шудааст.

Ойинҳои Тиргон маъмулан бо оббозӣ, пошидани об ба якдигар, навозиш, суруду рақси мардуми деҳот, оростани дастархонҳои мардумӣ ва баргузории мусобиқаҳою бозиҳои миллӣ ҳамроҳ буданд. Мардум бовар доштанд, ки пошидани оби соф бар ҳамдигар некию бурдборӣ меорад ва оғози фасли борварро мужда медиҳад.

Таҷлили Ҷашни Тиргон, пеш аз ҳама, ба эҳёи фар­ҳанги ғайримоддии миллӣ ва гузаронидани маърифати муҳити зист ва захираҳои об равона шудааст. Об — ин ҳаёт аст ва фарҳанги қадимаи тоҷикон борҳо собит кардааст, ки қадршиносии об як бахши ҷудонашавандаи ҷаҳонбинии ниёгонамон буд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим ва камшавии манбаҳои об, ташвиқу таблиғи эҳтиром ба табиат ва тарғиби муносибати оқилона бо об аҳаммияти дучанд касб мекунад. Ҷашни Тиргон, ки дар муҳити шоду нишоти ҷамъиятӣ баргузор мешавад, метавонад ба як платформаи нави маърифатӣ, тарбиявӣ ва ҳифзи муҳити зист мубаддал гардад.

Бо дастгирии сохторҳои дахлдори давлатӣ — Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ, таҷлили Тиргон метавонад дар шакли барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, маҳфилҳои шеър, мусиқӣ, конфронсҳои илмӣ ва чорабиниҳои варзишӣ доир гардад.

Муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, хусусан осор­хонаҳо метавонанд бо баргузории намоишу маҳфилҳо оид ба таърихи ҷашнҳои суннатии мардуми тоҷик, аз ҷумла, Тиргон, саҳми худро дар ин раванд гузоранд.

Бо эҳёи чунин ҷашнҳои мардумӣ, мисли Тиргон Тоҷикистон на танҳо фарҳанги миллии хешро зинда медорад, балки ба ҷаҳониён паём медиҳад, ки ин миллати бостонӣ ҳамеша бо табиат ва суннатҳои башардӯстонаи худ ҳамоҳанг буд ва имрӯз низ ба сулҳ, дӯстӣ ва зиндагии солиму обод пойбанд аст.

Тиргон — ин рӯ ба об аст, рӯ ба нур, рӯ ба ҳаёт!

Мақсуд Мизробзода

директори “Осорхонаи ҷумҳуриявии

таърихию кишваршиносии ба номи

Абуабдуллоҳ Рӯдакии ш. Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *