Дохилӣ

Ялдо: Хуршеди тобон  дар бағал
Дохилӣ, ЖУРНАЛ, Матбуот, Хабарҳо

Ялдо: Хуршеди тобон дар бағал

Чилла рӯзи аввал аз моҳи даҳуми солшумории офтобӣ – Дай аст ва онро рӯзу шаби нахустини сармо ва фасли зимистон мешуморанд. Офтоб дар бурҷи Ҷаддӣ қарор мегирад. Даймоҳ дар гоҳшуморӣ ва назди бузургони куҳан баргузида ва аз моҳу сифатҳои муқаддас будааст.  Дар гоҳномаи хуршедӣ рӯзи аввали ҳамаи моҳҳо Ҳурмуз номида мешавад. Рӯзи нахустини Дай низ ҳамин номро дорад ва дорои хосиятҳои нек аст, вале ҳар моҳ вобаста ба гардиши сол тағйири ҷой мекунад. Ҳурмузи моҳи Дай бо шабе рост меояд, ки бинобар хосияту аломатҳояш шаби Ялдо унвон гирифта ва оғози Чилла мебошад. Чаро Чилла мегӯему Ялдо? Мешавад онҳоро ҳаммаъно ва муродифи якдигар хонем? Агар исрор намоем, ки Ялдо ҳамон Чилла будааст, оё ба иштибоҳ роҳ намедиҳем? Нахуст, ки аз даврони қадим ва унвони анъанавии рӯзу шаби аввал Чилла бу...
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
Дохилӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд

Дар шаҳри Тиранаи Ҷумҳурии Албания аз 7 то 9 апрел ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад. Дар ҷаласаи 70-уми комиссияи Аврупо якчанд масъалаи мубрами соҳаи сайёҳӣ, бахусус масъалаҳои рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ, алалхусус барои занон дар кишварҳои аъзо, ҷалби сармояи мустақим ва ғайримустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти давлатҳо ва мутобиқкунонии соҳаи сайёҳӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасии иштирокдорони ҳамоиш қарор ги...