Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2024, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ намуда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии в...
Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

Дар Душанбе таҳти раёсати муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аҳлиддин Нуриддинзода ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ. Дар ҷаласа иҷрои супоришҳои протоколии қаблӣ ва ҳисобот вобаста ба татбиқи супоришҳои Протоколи ҷаласаи ҳабдаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо аз ҷониби Хадамоти гумрук ва Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати кам кардани номгӯи мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд, номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Тоҷикистон ва мушкилоти соҳаи нассоҷӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки дар ас...
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Хабарҳо

«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва маҷаллаи «Бонувони Тољикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамоянд. Мақсади асосии фестивал-озмун — тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд. Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши падар ё модар маҳрум мондаанд, дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушҳолӣ б...
Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории дуҷонибаро вусъат мебахшанд
АСОСӢ, Хабарҳо

Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории дуҷонибаро вусъат мебахшанд

Дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вилли Кемпел баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот ҷонибҳо  дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Австрия дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. ...
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Хабарҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад

 Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво  тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 12-13 апрел дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзо...
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон — Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик гуфтанд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ миллати тамаддунсози тоҷик дар масъалаҳои меъмориву ободкорӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дошта, дар таърихи ...
Дар Боку масъалаи баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
АСОСӢ, Хабарҳо

Дар Боку масъалаи баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуд

Дар шаҳри Боку вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири экология ва захираҳои табии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни  Тоҷикистон ва  Озарбойҷон Мухтар Бабаев баргузор гашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот ҷараёни амалисозии тавофуқҳои байни ҷонибҳо қаблан бадастомада дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, инчунин масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо инчунин масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва  Озарбойҷонро дар доираи Конфронси сеюми байн...
АСОСӢ, Озмунҳо, Хабарҳо

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Талаботи тахассусӣ барои довталабон: таҳсилоти олии касбӣ, гуманитарӣ; 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъотияти Вазорати фарҳанг;-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ;-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;-донистани на кам аз як забони хориҷӣ;-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии...
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷӯён созҳои миллӣ таълим дода мешаванд
Матбуот, Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷӯён созҳои миллӣ таълим дода мешаванд

Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 18 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов фаъолона иштирок намуда, 4 нафар сазовори ҷоиза ва туфаҳои хотиравии озмун шуданд. Аз ҷумла, омӯзгори сози най Фазлиддин Одинаев дар номинатсияи иҷрокунандагии созӣ соҳиби мақоми баландтарин- «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид. Дар ин хусус директори Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб Шариф Бедаков зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб студияи сабти овоз амал менамояд, ки дар он аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷўён созҳои санъати тоҷик таълим дода мешаванд.Ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб 106 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 63 нафар тариқи рӯзона ва 43 на...