Мамониятҳо барои ишғоли мансабҳои давлатӣ тибқи қонунгузории муқовимат ба коррупсия
Имрӯзҳо зуҳури падидаи коррупсия дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба хатари ҷиддие табдил ёфта, он ба рушди мутаносиби давлату ҷамъият таҳриму монеаҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Дар замони муосир хавфу омилҳои коррупсионӣ дар шаклҳои нав ба нав зоҳир гашта, ба фаъолияти мӯътадили институтҳои давлатӣ, баргузории чораҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиёт халали ҷиддӣ ворид месозад. Табиист, ки пешгирӣ накардани сарчашмаҳои пайдоиши ин падидаи манфур ҳамаҷониба таъсири манфии худро расонида, дар ниҳоят ба поймол шудани ҳуқуқ ва коста гардидани боварии шаҳрвандон нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ оварда мерасонад.
Зимнан муҳиммияти масъалаи мазкурро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо ва ди...

