Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи сипаришаванда воситаҳои ахбори оммаи чопии мамлакат рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзиширо инъикос намуданд. Зимнан, дар ин рӯзҳо таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид. Сафари давлатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои давлатии Қатар, ба имзо расидани якчанд созишномаи ҳамкорӣ, ҳамчунин ғалабаи таърихии дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футбол дар мусобиқоти Осиё аз муҳимтарин рӯйдодҳо буданд, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ инъикос шуданд.Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 22 январи соли 2024 дар баробар...

